Дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон бо иштироки муовинони раисони навоҳии минтақаи Қурғонтеппа, намояндагони филиали ҶСК «Телерадиоком» дар вилоят ва васоити ахбори умуми минтақавию ҷумҳуриявӣ мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар ин бора ба Faraj.tj Зинатулло Исмоилов, раиси Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии ҷумҳурӣ хабар дод.
Ин чорабинӣ бо ташаббуси Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Хатлон сурат гирифт. Мавзӯи мизи мудаввар «Ҳамкории мақомоти давлативу ҷамъиятӣ дар марҳалаи гузариш ба пахши рақамӣ ва иттилоотонии аҳолӣ оид ба мавзӯи гузариш ба пахши рақамӣ» буда, ҳадаф аз гузаронидани он боло бурдани маърифати итилоотии мақомоти давлативу ҷамъиятӣ оид ба мавзӯи гузариш ба пахши рақамӣ мебошад.
Дар назар аст, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Хоруғ низ чунин мизҳои мудаввар доир гарданд.
Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ соли 2011 таъсис ёфта, 18 ташкилоти мустақили радиотелевизионӣ ва продакшн студияҳоро муттаҳид месозад.