Дар Тоҷикистон масдудияти дастрасӣ ба бархе сомонаҳои расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро лағв кардаанд.
Истифодабарандагони интернет мегӯянд, ик аз шоми 5-уми июн озодона ба сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шуда метавонанд. Аммо сомонаи видеопортали ютуб ҳамоно масдуд мебошад, ки ворид шудан ба онро аз оғози моҳи май маҳдуд кардаанд.
Шоми 28-уми май дар пайи паҳн шудани навори Гулмурод Ҳалимов, фардондеҳи пешини ОМОН-и ВКД дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе расонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон масдуд шуд. Аз ҷумла истифодабарандагони интернет ба шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Одноклассники ва Вконтакте ворид шуда наметавонистанд. Инчунин, дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории “Азия-Плюс” ва радиои “Озодӣ” аз ҷониби ширкатҳои интернетрасон маҳдуд шуда буд.
4-уми июн Сафорати ИМА дар Душанбе бо пахши як изҳорот аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки масдудияти сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро бардорад. Аз масдудияти дастрасӣ ба сомонаҳои хабариву шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ карда буд.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мисли ҳамеша сабаби масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳоро шарҳ надод. Ширкатҳои интернетрасон низ хомӯш буданд.
http://tojnews.tj/tj/news/dar-tochikiston-musdudiyati-dastrasi-ba-somonakho-lagv-shud