Нигаронии сафорати ИМА аз сайтбандиҳо дар Тоҷикистон

Сафорати ИМА аз баста шудани дастрасӣ ба шабакаи Фейсбук, сомонаи Радиои Озодӣ, Азия Плюс ва дигар сомонаҳои ахборотӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ изҳор намуд.

Дар изҳороти имрӯз интишоршудаи намояндагии дипломатии ИМА дар ин робита зикр мегардад, ки Иёлоти Муттаҳида боварӣ дорад, ки ҳуқуқи ҳар шахс дар озодона иброз намудани фикри худ, хоҳ дар майдони оммавӣ ва хоҳ дар шабакаи интернетӣ, умумибашарист.

«Иёлоти Муттаҳида мунтазам озодии сухан, васоити ахбори омма ва ҳуқуқи хабарнигоронро барои фаъолият кардан бидуни тарс, сензура ва таъқиботи сиёсӣ дастгирӣ менамоянд», — омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, сафорати ИМА баҳри мусоидат ба рушди воситаҳои ахбори оммаи озоду мустақил бо ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва аъзои воситаҳои ахбори омма ҳамкорӣ дошта, аз ҳукумати Тоҷикистонро даъват мекунад, ки маҳдудиятро аз шабакаи Фейсбук, сомонаи Радиои Озодӣ, Азия Плюс ва дигар сомонаҳои ахборотӣ ва иҷтимоӣ бардорад.

 

http://news.tj/tj/news/nigaronii-saforati-ima-az-saitbandi-o-dar-ikiston

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *