Нотинҷ кардани Тоҷикистон: оё рисолат иҷрошаванда аст?

Дар ҷаҳони муосири технологияҳои навин Интернет ва шабакаҳои телевизионии моҳвораӣ ба воситаҳои асосии набарди иттилоотӣ табдил ёфтанд. Баҳори имсол Тоҷикистон ногаҳон объекти ҳамлаи нав дар ин набард акнун аз ҷониби исломиёни тундрав шуд.

Имрӯз аллакай якчанд шабакаҳои телевизионии исломӣ аз хориҷа дар Тоҷикистон барномаҳои худро пахш мекунанд. Инҳо «Аҳли байт», «Тавҳид», «Фадак» ва «Нур» мебошанд. Ҳамаи онҳо сирф ба таблиғот машғуланд. Баҳори имсол ба сафи онҳо шабакаи нав – «Висоли ҳақ» пайваст. Дар барномаҳои ин шабакаҳо ҳеҷ гуна журналистикаи ҳақиқӣ вуҷуд надорад. Аён аст, ки ин барои муассисони онҳо чизи асосӣ ҳам нест. Коршиносон муътақиданд, ки ин шабакаҳои телевизионӣ танҳо дар самти мағзшӯии ҷавонон дар ҷаҳони ислом, бахусус дар кишварҳои форсизабон фаъолият мекунанд. Ин кишварҳо Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон мебошанд.

Дар матбуоти тоҷик ва хориҷӣ зикр мегардад, ки ин шабакаҳои телевизионӣ аз ҷониби муассисони онҳо барои тафриқаандозӣ миёни мусалмонони чор мазҳаби асосӣ дар ислом истифода мешавад.

Кӣ пушти онҳо меистад?

Ба тасдиқи бархе аз коршиносон, пушти ин шабакаҳои телевизионӣ ИМА ва Британияи Кабир қарор доранд. Ба ҳар ҳол, онҳо муътақиданд, ки ин ширкатҳо маҳз дар ҳамин кишварҳо сабти ном шудаанд.

Дар ҳамин ҳол,нашрияи афғонии «8-и субҳ» бар ин назар аст, ки ин шабакаҳои телевизионии исломӣ, ки ба Афғонистону Тоҷикистон барнома пахш мекунанд, аз ҷониби шайхони Халиҷи Форс таъсис дода шудаанд. Нашрия менависад, шайхони араб даргириҳоро аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯчониданианд. Ба ин хотир, шабакаҳои телевизиони исломӣ мушкилоти ҷойдошта дар муносибатҳои ҳукуматдорони маҳаллӣ бо ҷамоатҳои мусалмонӣ, аз ҷумла масоили мавриди баррасии густарда қароргирифтаи ҳиҷобпӯшӣ ва ришмонӣ дар ҷомеаи Тоҷикистонро моҳирона истифода мекунанд.

Нашрия хотиррасон мекунад, ки айни замон 4 шабакаи телевизионӣ аз кишварҳои гуногуни арабӣ бо забони форсӣ барномаҳо намоиш медиҳанд ва ҳадафи ягонаи назди худ гузоштаи онҳо – ноил гардидан ба тақвияти тундгароӣ дар Осиёи Марказӣ аст.

Натиҷаҳои аввал

Давоми як моҳи фаъолият шабакаи телевизиони «Висоли ҳақ» аллакай дар Тоҷикистон ҷонибдорони зиёде пайдо кардааст. Барои эътимод ҳосил кардан ба ин, кофӣ аст, ки ба торнамои шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шуда, дар бораи барандаи «Висоли ҳақ» Муҳаммад Ансорӣ чӣ навиштани ҳаводоронашро бихонед. Ҳадди тундгароӣ ва таҳаммулнопазирӣ дар мубоҳисаҳо перомуни муносибатҳо миёни равияҳои гуногуни ислом дар Тоҷикистон ба андозаест, ки баъзан ба даҳшат меоӣ – агар худо накарда фардо тамоми ин кинаву адоват ба кӯчаҳои Душанбе резад, пас чӣ мешавад?

Дар ҳамин ҳол, «Висоли ҳақ» ҳамарӯза ба таблиғу ташвиқи ақидаву афкори салафиҳо идома бахшида, миёни шиаву сунниҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон тухми адоват мепошад.

«Висоли ҳақ» vs ТВТ: кӣ пирӯз мешавад?

Усулан ВАО-и давлатӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ низ мисли «Висоли ҳақ» ба таблиғу ташвиқ машғуланд. Лекин сатҳи барномаҳои телевизионии мо ба меъёрҳои замони «Леонид Иличи муҳтарам» мутобиқанд. Ман огаҳӣ надорам, ки чанд дарсади аҳолии Тоҷикистон шабакаҳои дохилиро тамошо мекунанд. Тибқи маълумоти расмии оморӣ, шумори онҳо хеле зиёд аст. Вале бо назар андохтан ба мавҷқабулкунҳо (антеннаҳо)-и моҳвораӣ дар боми манзили душанбегиҳо, метавон ҳадс зад, ки ҳамватанони мо шабакаҳои телевизионҳои хориҷиро афзал мешуморанд.

Мо ҳатто бо шабакаҳои телевизиони Афғонистоне, ки муддати қариб 40 сол он ҷо ҷанг ҷараён дорад, рақобат карда наметавонем. Дар бораи имкони рақобат бо шабакаҳои телевизиони исломӣ, ки ровиёнаш варзидаву зираканд, ҳоҷати гап ҳам нест.

Чӣ бояд кард?

Дар ин ҳолат воситаҳои маъмулии муборизаи ҳукуматдорон бо ВАО-и номатлуб ба кор намеоянд, зеро барандагон ё моликони шабакаҳои телевизони моҳвораиро наметавон ҷарима басту дар Тоҷикистон зиндонӣ кард ё барои онҳо санҷиши пардохти андозро роҳандозӣ намуд. Онҳо барои ҳукуматдорони мо дастнорасанд.

Пас чӣ гуна метавон бо чунин тундгӯӣ дар эфир муқовимат кард?

Барои муқовимати пурсамар дар ин набарди иттилоотӣ, ҳукуматдорони тоҷикро қабл аз ҳама зарур аст, ки «силоҳи иттилоотӣ» дошта бошанд, яъне васоити ахбори умуме, ки аҳолӣ ба он эътимод дорад. Маҳз сари ин масъала мо мушкилот дорем.

Дар вазъи ҳозираи иқтисодӣ нашрияҳо ва шабакаҳои радоиву телевизиони хусусӣ оромона аз байн мераванд, шабакаҳои телевизиони давлатӣ бошанд, ба эҳтимоли зиёд эътимоди аҳолиро аз даст додаанд. Дар чунин шароит роҳандозии тадбирҳои таъҷилӣ оид ба таҳкими ВАО-и миллии Тоҷикистон – ҳам давлативу ҳам ғайридавлатӣ зарур аст.

Ҳамчунин истифодаи имконоти зеҳнии пешвоёни рӯҳонӣ ва гурӯҳҳои муътадили исломӣ зарурат дорад. Қатъи фаъолияти ҳизби муътадили парлумонӣ, ки муддати чандин сол бо сабру таҳаммул фишору таҳқирро мебардорад, барои Тоҷикистон ҳеҷ суде намеорад ва ин ҳам дар замони кунунӣ, ки дар сафҳои ДИИШ аллакай беш аз садҳо нафар ҳамватанони мо меҷанганд ва дар он сӯи соҳили Панҷ таҷаммӯъи толибон ба мушоҳида мерасад. Охир маълум аст, ки агар фаъолияти ҲНИТ қатъ гардад, қисмате аз ҷонибдорони он ба толибон пайваста ё ба сафҳои ҳаммаслакони «Висоли ҳақ» ҳамроҳ мешаванд.

Ва албатта, ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии зиёдшуда дар ҷомеаи мо бояд вазифаҳои аввал дар ин ҷанг бошад.

Дар ин бора мо на фардо, балки имрӯз бояд сари андеша равем, зеро фардо шояд аллакай дер шавад.

http://news.tj/tj/news/notin-kardani-ikiston-oe-risolat-i-roshavanda-ast

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *