Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилои хабаргузории “ТАСС”-ро дар мавриди ҳамроҳони Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи фирории дастаи таъиноти махсуси ВКД, ё худ “ОМОН”-и Тоҷикистон рад кардааст.
Тибқи иттилои маркази равобити ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, иттилои “ТАСС”, ки аз қавли манобеяш дар Кумитаи амният хабар додааст, гӯиё Ҳалимов бо худ ду нафари дигарро ба Сурия бурдааст, асос надорад. Кумитаи амният мегӯяд, чунин иттилоъро надорад ва аз масъулини ин ниҳод касе дар ин бора ба расонаҳо хабар надодааст.
Қаблан хабаргузории «ТАСС» аз қавли манобеяш дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иттилоъ дод, ки Ҳалимов бо ду ҷонибдораш ҳанӯз охири моҳи апрел ба Сурия рафта, ба созмони террористии «Давлати исломӣ» пайвастаанд. Манбаъ изҳор доштааст, ки феълан Додситонии кул алайҳи Ҳалимов парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, амалиёт барои муайян кардани шахсияти ду нафар ҳамроҳаш идома дорад.