Ровии маъруфи телевизион 5 сол дар зиндони Норак адои ҷазо мекунад

Собиқ диктори маъруфи телевизион, номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон дар интихоботи парлумонии соли 2005 Муаттара Ҷӯраева баъди 2 моҳи содир шудани ҳукм, аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Вазорати адлия ба муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак гузаронида шуд.

Олиябону Ҷӯраева, модари Муаттара Ҷӯраева ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки се рӯз қабл духтараш ба маҳбаси Норак мунтақил шуда, панҷ соли адои ҷазоро дар ин муассиса паси сар мекунад.

«Пас аз содир шудани ҳукм мо дигар духтарамро дида натавонистем, вале ба мо ваъда доданд, ки баъди 10 рӯз, ки карантин ба охир мерасад, ба боздиди мо бо Муаттара иҷозат медиҳанд. Рӯзи 4 июн ӯ зодрӯз дорад ва мехоҳем, ки маҳз дар ҳамин рӯз ба дидораш расем», — иброз дошт ӯ.

Модари ровии телевизион дар шарҳи қазияи духтараш гуфт, барои беҳбуди рӯзгор Муаттара маҷбур шудааст, ки барои сохтмони тарабхона аз 7 нафар дар ҳаҷми 140 ҳазор доллари ИМА қарз гирад ва «ӯ омода буд, ки баъди ба кор даромадани тарабхона, ин маблағҳоро бо фоизҳояшон баргардонад, вале ба ӯ чунин имкон надоданд».

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки нияти сафар ба Русияро дорад, то ки барои пардохти қарзи духтараш пул кор кунад. «Мо чӣ тавр ин пулҳоро бармегардонем? Мо ин миқдор маблағ надорем ва ягона илоҷи ман сафар ба Русия аст, то ҳамаи маблағи заруриро ҷамъ кунам, — шикоят кард Олиябону. — Ман аз президент Эмомалӣ Раҳмон дархост кардам, ки духтарамро озод кунад, то ки ӯ худаш кор карда, қарзҳояшро баргардонад, вале дархости ман бепосух боқӣ монд».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 17 марти соли равон суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муаттара Ҷӯраеваро ба 9 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.Мутобиқи қонуни афв ба муносибати 20-солагии қабули Конститусия, сеяки муҳлати ҷазои ӯ кам шуда, акнун аз муҳлати ҷазои ӯ 5 сол боқӣ мондааст.

 

http://news.tj/tj/news/rovii-marufi-televizion-5-sol-dar-zindoni-norak-adoi-azo-mekunad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *