Гулнора Амиршоева: Матбуот — охирин умеди мардум аст

Хабарнигори www.faraj.tj Рухшона Ҳакимова бо яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сардабири нашрияи мустақили «Вечёрка» Гулнора Амиршоева, ки лоиҳаҳои нави иҷтимоиро амалӣ карданист, сӯҳбате орост, ки мӯҳтавои онро пешкаши Шумо мегардонем.

Гулнора, соли равон Шумо дар интихоботи вакилони халқи шаҳри Душанбе ғолибиятро ба даст овардед ва намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб гардидед. Оё номзадиатонро худатон пешбарӣ кардед ва аз кадом ҳавзаи интихоботӣ дар интихобот иштирок кардед?

— Не, номзадиамро худам пешбарӣ накардаам. Номзадии маро Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки ман аъзои он ҳастам, пешбарӣ кардааст. Аз ҳавзаи интихоботии рақами 47 – участкаҳои интихоботии 42, 43, 44-уми шаҳри Душанбе дар интихобот иштирок кардам. Интихобкунандагони ман сокинони кӯчаҳои Маяковский, Саъдии Шерозӣ ва Шерализода (собиқ кӯчаи Федина) мебошанд.

— Чӣ зарурат пеш омад, ки шумо хостед депутат шавед? Маоши баланд гирифтан мехостед?

— Музди меҳнати ман зиёд нашудааст ва намешавад ҳам. Мувофиқи қонун вакилони маҷлисҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ бемаош кор мекунанд. Ин танҳо кори ҷамъиятии иловагӣ аст.

Барои он номзадиамро ба депутатӣ пешбарӣ кардам, ки мехостам дар ҳалли мушкилиҳои аҳолӣ салоҳияти бештар дошта бошам. Аҳолӣ на ҳама вақт метавонад мушкилиҳои худро худаш бартараф кунад. Ман бошам бо тақозои касби худ ва аз рӯйи имкониятҳои худ метавонам дар ҳалли ин мушкилиҳо саҳм дошта бошам. Дар давраи сармуҳаррири ҳафтаномаи «Вечёрка» кор карданам ва умуман дар давоми даҳ соли фаъолияти журналистии худ, шумораи зиёди арзу шикоятҳо, дархостҳо ва пурсишҳои сокинон ба мо мерасиданд, ки дар онҳо аз мушкилиҳои худ шикоят карда, роҳҳои ҳалли онҳоро аз мо пурсон мешуданд.

Бояд қайд кунам, ки ҳафтаномаи мо ҳафтаномаи иҷтимоӣ аст ва бештар ба инъикоси масъалаҳои маишӣ-иҷтимоӣ, пайдо кардани роҳҳои ҳалли ин мушкилиҳо нигаронида шудааст. Матбуот дар баъзе ҳолатҳо умеди охирини сокинон мебошад, аммо мо низ имкон надорем, ки ҳама мушкилиҳоро худамон ҳал кунем. Акнун бошад, ман ҳамчун депутат имконият дорам, ки салоҳият ва ваколатҳои худро ба таври фаровон истифода барам то ин ки дар ҳалли мушкилиҳои иҷтимоии сокинон саҳми арзанда дошта бошам.

— Гуфта метавонед, ки интихобкунандагон бештар оид ба кадом масъалаҳо ва мушкилиҳои иҷтимоӣ ба Шумо муроҷиат мекунанд?

— Интихобкунандагони ман асосан дар кӯчаҳое зиндагӣ мекунанд, ки дар он маҳаллаҳои истиқоматии кӯҳна ҷойгир мебошанд. Ҳангоми вохӯриҳо бо сокинони ин маҳаллаҳо мушкилиҳои ҳаллашон заруру муҳим ва қариб барои ҳама ошно ошкор гардиданд, аз ҷумла ҳолати ғайриқаноатбахши биноҳои истиқоматӣ ва роҳҳои ҳамшафати онҳо. Одамон аз он шикоят мекунанд, ки кайҳо боз дар биноҳои истиқоматӣ корҳои таъмиркунӣ гузаронида нашудааст, бояд биноҳои истиқоматӣ ба ҳолати зарурӣ оварда шаванд. Ин масъалаҳо бошанд, бояд дар якҷоягӣ бо сокинони маҳаллаҳо ва биноҳои истиқоматӣ ҳал карда шаванд, зеро онҳо имрӯз соҳибмулк мебошанд ва худи онҳо бояд барои тозагии биноҳо, даромадгоҳи биноҳо, таҳхона ва бомҳои биноҳо масъулият ҳис кунанд. Дар баробари ҳамин мақомоти давлатии ҳукумати маҳаллӣ метавонанд дар ҳолати пеш омадани душвориҳо ҳангоми ҳалли ин масъалаҳо қисман кӯмаки худро ба аҳолӣ расонанд.

Дар соҳаи хизматрасонии коммуналӣ низ мушкилиҳои зиёд мавҷуданд, аз ҷумла ҳолати ғайриқаноатбахши интиқоли оби нӯшокӣ ба биноҳои баландошёна. Дар баъзе биноҳои истиқоматӣ системаи интиқоли нерӯи барқ кайҳо кӯҳна ва корношоям гардидаанд, ки ин дар навбати худ дар фасли зимистон ба қатъ шудани интиқоли нерӯи барқ боис мегардад. Ҳамчунин, интихобкунандагон оид ба ҳалли мушкилиҳои характери хусусӣ дошта низ муроҷиат мекунанд. Одамон бо арзу шикоятҳои худ ба назди ман меоянд, онҳоро аз назар мегузаронам ва ба мақомоти марбута муроҷиат мекунам, ки ба онҳо кӯмак кунанд. Вале агар ин арзу шикоятҳо ва муроҷиатҳо дар мақомоти дахлдор ҳалли худро наёбанд он гоҳ ба раиси Маҷлиси намояндагони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев муроҷиат мекунем.

— Мегӯянд, ки Шумо ба туфайли баргузории чорабиниҳои ҷамъиятӣ хеле машҳур шудаед, хусусан бо ташкил намудани лоиҳаи умумиҷумҳуриявии пойгаи автомобилӣ зери номи «Роҳи Ваҳдат» бо иштироки 150 нафар. Акнун, ҳамчун вакил метавонед чунин иқдомҳои оммавӣ-иҷтимоиро роҳандозӣ кунед?

— Албатта, чорабиниҳои ҷамъиятии худро мисли аввала давом медиҳам. Кор бо ҷавонон ва кӯдакон яке аз бандҳои барномаи пешазинтихоботии ман мебошад. Дар давоми чор соли охир ман худам ва ё дар ҳамкорӣ бо дигар шарикон чорабиниҳои гуногуни иҷтимоӣ ва хайриявиро баргузор мекунем. Чӣ тавре ки шумо қайд кардед, имсол низ бо дастгирии Президенти мамлакат, дар ҳамдастӣ бо Кумитаи марказии иҷрояи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва Маркази фарҳангии «Аржанг» мо бори сеюм пойгаи миллии автомобилронии ҷавонон «Роҳи Ваҳдат-2015»-ро бахшида ба Рӯзи ваҳдат ва ризояти миллӣ баргузор мекунем. Ҳадаф аз ин чорабинӣ бо ҳам овардани ҷавонони минтақаҳои гуногуни мамлакат ва бедор кардану афзун намудани ҳисси ифтихор аз Ватан ва ватандӯстии онҳо мебошад.

Ҳамчунин ният дорам, ки дар Рӯзи ҳифзи кӯдакон барои тарбиятгирандагони ду интернати шаҳри Душанбе ва интернати ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии идонаи бошукӯҳ бо номи Иди кӯдакӣ баргузор кунам. Кӯдакони ятимро ба шаҳри Душанбе оварда, барояшон иди фаромӯшнашаванда тақдим хоҳем кард. Бояд гуфт, ки расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба интернатҳо амали хуб ҳаст, вале моро мебояд ҳамчунин ба худи кӯдакон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кунем, барояшон хотираҳои муассир ва некро аз даврони кӯдакиашон эҳдо кунем.

— Лоиҳае, ки рӯзҳои ҷашни Иди Ғалаба амалӣ кардед, аз муваффақиятҳои навбатии Шумо буд. Идеяи он аз куҷо сар зад?

— Ин чорабинӣ лоиҳаи ҳафтаномаи «Вечёрка» буд, ки ба 70 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуд. Мо дар бораи ҳамаи ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиндагӣ мекарданд, маълумот ҷамъоварӣ намудем ва бахшида ба ин 95 нафар иштирокчиёни ҶБВ шумораи махсуси ҳафтаномаро аз чоп баровардем. Бо кӯмаки сокинони пойтахт барои онҳо маблағи пулӣ ҷамъ оварда шуд ва ин маблағи пулиро бо шумораи идонаи ҳафтаномаи «Вечёрка» ба ветеранҳои ҷанг тақдим кардем. Аз фурсат истифода бурда ба ҳамаи онҳое, ки дар ин чорабинӣ саҳми худро гузоштанд, ба онҳое, ки ин идеяи моро дастгирӣ карданд ва барои амалӣ шудани он кӯмак расониданд, изҳори миннатдорӣ мекунам. Мехоҳам қайд кунам, ки ҳангоми татбиқи ин лоиҳа мо бо сарнавишти ветеранҳои ҷанг аз наздик шинос шудем ва ман ба хулоса омадам, ки ба онҳо на танҳо дар рӯзҳои ид бояд кӯмак кунем, балки ҳамеша аз аҳволи онҳо бояд бохабар бошем. Минбаъд ҳамчун депутат ман ба ин масъала мунтазам таваҷҷӯҳ зоҳир мекунам.

— Дар маъракаи пешазинтихоботӣ дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук нисбат ба шахсияти Шумо ва номзадии Шумо гуфтугӯҳои номатлуб сурат гирифтанд. Дар баробари ҳамин Шумо ба мунаққидони худ ғайридипломатӣ, балки хеле дағалона посух гуфтед…

— Барои ман дар ин мавзӯъ сӯҳбат кардан хеле ногувор аст, зеро аз аввал суханони ман ғалату носаҳеҳ тавзеҳ шуда ба истифодабарандагони интернет нодуруст пешбарӣ мешуданд. Бо ин роҳ ба муқобили шахсияти ман маъракаи густурдаи бадномкунанда роҳандозӣ шуда буд, ки мутаассифона ин ҳолат ҳоло ҳам идома дорад.

Ҳамаи ин ҳанӯз қабл аз интихобот сар шуда буд. Вақте ки онҳое, ки худро аъзои «Гурӯҳи 24» меноманд дар саҳифаҳои иҷтимоӣ навиштаҳои ғаразнок ва расмҳои таҳқиромезро нисбат ба роҳбарияти мамлакат дарҷ намуданд, ман аз мавқеъ ва ободкориҳои раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев пуштибонӣ кардам. Баъдан, вақте ки дар нашрияи мо нисбат ба пешвои онҳо У.Қувватов, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нест, мақолаи танқидӣ чоп шуд, онҳо ба саҳифаи хусусии ман ҳамлаҳои хакерӣ оварданд, ҳамчунин ба нишони ман ва наздикони ман бо таҳдиди ҷазо додан хабару паёмҳо ирсол карданд. Ин ҳама фақат ба он хотир буд, ки ман аз мавқеи Маҳмадсаид Убайдуллоев дастгирӣ карда будам.

Бо ин таҳдидҳо ва саҳифабандиҳо онҳо қаноат накарда, ҷанги иттилоотӣ алайҳи шахсияти ман роҳандозӣ карда одамони зиёдеро ба тарафи худ ҷалб карданд ва аз шахсияти ман қариб, ки ҳадафи асосии мухолифини оштинопазирро эҷод карданд. Аз ҳама аламовар он буд, ки ин нафарон номи ҳақиқии худро пинҳон дошта, зери акси дигарон ва бо номҳои бофта ба худ иҷозат медоданд, ки суханони зишт ва қабеҳ гӯянд. Инҳо мунаққид не, балки туҳматгарони беном мебошанд.

Бояд гуфт, ки шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз ба яке аз василаҳои хуби пеш бурдани ҷанги иттилоотӣ мубаддал шудааст, ки гоҳо ин ҳолат ба муқобилияти рӯирост оварда мерасонад, ки хеле нигаронкунанда мебошад ва ман на як бору ду бор таваҷҷӯҳи мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқро ба ин тамоюли бад ҷалб кардам. Тавре ки ман медонам онҳо ба муқобили чунин унсурҳо фаъолона мубориза мебаранд ва аллакай муваффақиятҳои нахустинро ба даст овардаанд. Вале дар он даврае, ки барои ман хеле мушкил буд ва ман наметавонистам ин ҳама фишорҳоро оромона паси сар кунам, маҷбур шудам ба онҳо ба забони худашон ҷавоб гӯям, то ин ки каме ҳам бошад, пеши роҳи тӯҳматҳо ва бадгӯиҳои онҳоро гирифта бошам.

— Дар хусуси ҷанги иттилоотӣ алайҳи шумо ёдрас бояд шуд, ки мухолифонатон шуморо ба он гунаҳкор мекарданд, ки гӯё забони тоҷикиро намедонед, бинобар ҳамин забони давлатӣ ва муҳофизони онро таҳқир мекунед…

— Агарчӣ нисбат ба он таҳдидҳое, ки ба нишонии ман мерасиданд, худамро як навъ нигоҳ медоштам, вале вақте ки ин тӯҳматномаи навбатиро дар бораи гӯё надонистани забони модариам шунидам, хеле ҳам дар ғазаб шудам. Дар авҷи маъракаи пешазинтихоботӣ шунидани чунин тӯҳмат на ин ки аламовар буд, балки зарбаи сахте буд ба ман ва ҳадафҳои ман, ки мехостам бо мардум кор кунам.

Худамро сафед карданӣ нестам, вале фикр мекунам, ки ҳамаи он модарони танҳо, ки фарзандони худро дар танҳоӣ, бидуни кӯмаки дигарон тарбия мекунанд, ҳамаи он шаҳрвандони озоди кишвар, ки баъзе миллатгароён ва душманони давлат ва ҷомеа мехоҳанд ба онҳо ақидаҳои иртиҷопарастӣ ва маърифатбезориро бор кунанд, ин ҳолати маро дарк ва дастгирӣ хоҳанд кард.

Ман ба худам иҷозат додам, ки нисбат ба бадхоҳони беном ва таҳдидкунанда суханони дағал ва ғайри қобили истифодаро ба таври оммавӣ ба забони давлатӣ истифода барам ва ба онҳо фаҳмонам, ки забони тоҷикиро ман чӣ тавре ки даркор аст медонам. Ва ин суханонро ман дар саҳифаи худ нанавиштам, на дар телевизион гуфтам ва на дар матбуот, балки дар ҷавоб ба яке аз истифодабарандагони Фейсбук навиштам. Дар баробари ҳамин ман аз ҳамаи хонандагони худ, дӯстони фейсбукии худ, онҳое, ки асли воқеаро надониста озурда шудаанд, бахшиш мепурсам.

Ба онҳое, ки мехоҳанд нишон диҳанд, ки гӯё ман забони модарии худро намедонам ва гӯё донандагон ва муҳофизони забони давлатиро таҳқир мекунам, расониданиам, ки шумо ба ғаразҳои худ ҳаргиз намерасед. Агарчанде ман дар оилаи интернатсионалӣ таваллуд шудаам, дар мактабҳои русӣ таҳсил гирифтаам, агарчӣ забони русӣ ва мактаби русӣ барои ман ҳамчун забони модарӣ ва мактаби тоҷикӣ азиз аст, вале ман забони миллати худ ва давлати худро хуб медонам, бо дӯстони худ бо хешовандони худ, бо хонандагони нашрияи худ, озодона ба забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекунам.

Барои навиштани дархостҳои журналистӣ ба мақомоти гуногуни давлатӣ, барои шунидани баромадҳои сарвари давлат, спикери парлумони мамлакат ва раиси пойтахти кишвар ман ба тарҷумон ниёз надорам.

Агар ки ман забони тоҷикиро намедонистам пас чӣ тавр метавонистам бо ҳамсафони худ аз Ҳизби халқӣ-демократӣ муомила кунам, бо интихобкунандагони худ сӯҳбат кунам ва роҳ ба дили онҳо ёбам?

Онҳое, ки маро ба надонистани забони модарӣ, зиёда аз ин ба дӯст надоштани забони тоҷикӣ гунаҳкор карданӣ мешаванд, худашон ҳазорон интихобкунандагони маро, ҳамчунин даҳҳо ходимони баландмақоми давлатиро, ки ман бо онҳо дар арсаи сиёсӣ ва иҷтимоиву маишӣ бе мушкилӣ муомилаву гуфтугӯ мекунам, таҳқир мекунанд.

Дар ҳамин маврид мехостам, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбута ҳуқуқҳои шаҳрвандонро фаъолона ҳимоя кунанд. Бояд дар назар дошта шавад, ки Сарқонуни мамлакат дар баробари ҳатмӣ будани донистани забони давлатӣ, ҳамчунин ҳуқуқҳои ҳамаи шаҳрвандонро барои озодона интихоб кардани забони муошират кафолат додааст.

Солҳои охир омили забондонӣ дар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ба яке аз омилҳои хеле ҳассос ва мушкилоти ҷиддӣ мубаддал гаштааст, ки гоҳҳо боиси ҷанҷолҳои харобиовар мешавад. Бинобар ҳамин ҳукуматро мебояд саривақт ба кӯшишҳои ихтилофандозӣ ва бадбинӣ бо баҳонаи надонистани ин ё он забон вокуниши ҷиддӣ нишон диҳад. Хусусан, дар шароити Тоҷикистоне, ки амалан дар он шахсони забони тоҷикиро намедониста ва ё бо он муошират карда наметавониста, нестанд.

Боварӣ дорам, ки салоҳияти ман ҳамчун депутат ба ман имконият фароҳам меорад, ки ба воситаи ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳамкорӣ бо ҳамкасбон боз ҳам хубтар забони тоҷикиро аз худ кунам ва тамоми нерӯи худро баҳри ҳал кардани мушкилоти шаҳрвандони оддии мамлакат равона кунам, на ин ки вақти худро ба навиштанҳои беҳуда бо анонимҳои фейсбукӣ сарф созам.

Гулнора Амиршоева дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айниро хатм намудааст.

Фаъолияти журналистии худро аз соли 1997 дар шабакаи байналмилалии ТРК «МИР» оғоз карда, сипас, дар ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе» ба сифати журналист ва баъдан сармуҳаррир фаъолият намуд.

Соли 2011 ҳафтаномаи мустақили «Вечёрка» -ро таъсис дод.

Узви ИЖТ ва конфедератсияи байналхалқии журналистони ИДМ

Аълочии матбуоти ҶТ Аълочии фарҳанги ҶТ

Барандаи ҷойизаи ИЖТ ба номи Лоҳутӣ

Намояндаи Тоҷикистон дар Шӯрои умумиҷаҳонии Ассотсиатсияи матбуоти русзабон

Узви Клуби сармуҳаррирони ИДМ

Котиби генералии Медиа-Алянси Тоҷикистон

Аз соли 2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

http://faraj.tj/news/9433-gulnora-amirshoeva-matbuot-ohirin-umedi-mardum-ast.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *