Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф «Шайх Темур» аз мақомоти тафтишотӣ хостааст, ки мурофиаи судии ӯ боз баргузор шавад, то рӯзноманигорон низ ширкат карда тавонанд.
Мавлудҷон Солеҳов, вакили дифои Саидмаҳдихон Сатторов ба TojNews гуфт, ки “14-уми май фикри айбдорӣ аз Прокуратураи генералӣ низ гирифта шуда, ба Шайх Темур супорида шудааст. Рӯзҳои наздик парванда ба Суди олии Тоҷикисто ирсол карда мешавад. Дар назар аст, ки баъди 15-20 рӯзи ирсоли парванда ба Суди олӣ рӯзи мурофиа низ муайян мешавад”.
Ба гуфтаи вакили дифоъ “Шайх Темур”, гарчи парванда “муҳри махфӣ” дорад, зерҳимояаш аз мақомот дархост кард, ки мурофиаш озод баргузор шавад, хоҳиш дорад, ки рӯзноманигорон дар мурофиа ширкат кунанд.
Саидмаҳдихон Сатторов, ё “Шайх Темур” баъд аз пахши филми мустанад дар бораи ӯ тариқи Шабакаи аввал бо қарори Суди ноҳияи Сино 16-уми феврал ба ҳабс гирифта шуда буд.
Мақомот ӯро дар бисёрзанӣ, қаллобӣ, ғасби замини давлат, монеъ шудан ба таҳсили фарзандон ва нақзи қонуни танзими расму оинҳо гумонбар медонанд.
Дар як филми мустанад, ки шоми 6-уми феврал тариқи Шабаки аввали телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуда буд, аз “Шайх Темур” ҳамчун “Имом Маҳдӣ” ва ҳатто “паёмбари охируззамон” ном бурда буданд. Гӯё ӯ дар байни муридонаш худро “Имом Маҳдӣ” ва “паёмбари охируззамон” эълон карда бошад. Ин ҳам дар ҳоле, ки худи ӯ дар сӯҳбат ба рӯзноманигорон ин иддаоро рад кард.
Дар ин филми мустанад, ки таҳти номи “Ривояти Шайх Темур” пахш шуд, гуфта мешуд, Саидмаҳдихон Сатторов аз маҳбубияти худ сӯистифода карда, қисме аз замини мактаби деҳи Сангмелаи Мӯсоро ғасб карда, барои як ҳамсараш манзили зист бунёд мекунад.
Саидмаҳдихон Сатторов, соли 1950 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омада, дар замони ҷавонӣ 2 сол ҳабс низ шудааст. Баъданг ба водии Ҳисор кӯч баста, расман дар деҳаи Асбоби ҷамоати Работи ноҳияи Турсунзода зиндагиро оғоз кардааст. Ин нафар дар чанд деҳаи Шаҳринав ва Ҳисор манзили зист ва зан доштааст.
“Шайх Темур” асосан дар водии Ҳисор маъруф буда, ба гуфтаи сокинон, миёни мардум ҳатто андешае вуҷуд дошт, ки ҳар нафаре ба ҳарфи “Шайх” гӯш намедиҳад ва ё ӯро беэҳтиромӣ кунад, ба ҷазои Худованд гирифтор мешавад.