Фазои иттилооти маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷандро боз як нашрияи чопӣ маҷаллаи фарҳангӣ-фароғатии «Суғд» пурра сохт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хҷанд, нахустшумораи он бо теъдоди 90 нусха аз чоп баромадааст.
Гуфта мешавад, маҷалла бо ибтикори муассисони он — эҷодкорони ҷавон Рустамҷон Ҳоҷибоев, Далер Урунов ва журналисти шинохта Мирзоаъзам Мақсудов таъсис ёфта, моҳе як маротиба нашр хоҳад шуд.
«Мақсади аҳли қалами ин маҷаллаи навтаъсис нашри маводи маърифатӣ, фарҳангӣ ва тарғиботии маркази вилоят буда, ройгон тақсим мегардад», — омадаат дар хабар..
Зимнан зир мегардад, ки шумораи нахустини он ба рўйдоди муҳими таърихӣ- 70 солагии Ғалабаи бузурги халқи советӣ аз болои Германияи фашистӣ бахшида шуда, бештари мавод ба ин сана бахшида шудааст. Аҳли эҷоди маҷалла ният доранд, дар оянда доираи фарогирии мавзӯъҳоро васеъ сохта на танҳо маводро аз маркази вилоят, балки берун аз он низ дарҷ созанд.
http://news.tj/tj/news/nashri-ma-allai-navi-far-angivu-faro-dar-khu-and