Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии ютуб аз ҷониби ширкатҳои интернетрасон қатъ карда шудааст.
Як манбаъ аз Хадамоти алоқа бидуни зикри номаш тасдиқ кард, ки бо дастури Хадамот аз 4-уми май дастрасӣ ба ин шабакаи иҷтимоӣ масдуд шудааст. Сабаби қатъи дастрасиро бино ба сабаби корҳои профлактикӣ шарҳ дод.
Дар ширкатҳои интернетрасон аз шарҳи бастани ютуб дар Тоҷикистон худдорӣ мекунанд. Маротибаи аввал нест, ки видеопортали мазкур дар Тоҷикистон баста мешавад. Оғози моҳи апрели соли гузашта низ се рӯз дастрасӣ ба ин сомона масдуд шуда буд.
http://tojnews.tj/tj/news/dar-tochikiston-dastrasi-ba-yutub-masdud-shud