Имрӯз, 2-юми май бахшида ба Рӯзи озодии баён дар Кохи Ваҳдат ҷаласаи бошукӯҳе баргузор гардид.
Аз ҷониби Медиа-алянси Тоҷикистон ба Ҷасур Абдуллоев, сармуҳаррири ҳафтаномаи Самак ҷоизаи ба номи Мазҳабшо Муҳаббатшоев дода шуд.
Ҷоиза ба номи Ҷумъаи Толиб барои беҳтарин тадқиқоти журналистӣ дар соли 2014 ба Муҳайё Нозимова ва ҷоизаи ба номи Пайванд Гулмуродзода барои беҳтарин тадқиқоти илмӣ-фарҳангӣ ба Сафар Абдулло тақдим гардид.
Ҳамчунин, аз ҷониби Медиа-алянси Тоҷикистон ба Лидия Исамова, хабарнигори «РИА Новости» барои касбияти журналистӣ ҷоизаи ба номи Отахон Латифӣ дода шуд.
Бояд гуфт, ки ҳамасола 3-юми май ҳамчун Рӯзи байналмилалии озодии баён таҷлил карда мешавад.
http://faraj.tj/news/9143-1206oiza1203o-dar-r1263zi-baynalmilalii-ozodii-baen-ba-zhurnaliston.html