3 май дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии матбуоти озод қайд карда мешавад. Хабарнигори мо Одили Нозир ба журналистони варзидаи кишвар танҳо бо як саволе, ки ҳамчун сарлавҳа оварда шудааст, муроҷиат намуд.
Сангин Гулов, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ:
-Озодии сухан, фаҳмиши нисбӣ аст ва ҳар ҷомеа онро ба таври худ тавзеҳ медиҳад. Ба андешаи ман дар Тоҷикистон озодии баён ба он ҳадде, ки ҷомеаи Тоҷикистон талаб мекунад, риоя мешавад. Нигоҳ кунед, имрӯз дар баробари он ки матбуоти расмӣ-давлатӣ амал мекунад, дар Тоҷикистон ҳамчунин матбуоти ғайриҳукуматӣ дар баробари радио ва телевизионҳои давлатӣ радио ва телевизиони ғайриҳукуматӣ фаъолият мекунад ва фазои иттилоотии Тоҷикистонро бо иттилоот таъмин мекунад. Озодии сухан маънои онро надорад, ки ҳар кас ва ё ҳар журналист ҳар чизе ки хоҳад бигӯяд. Озодии сухан ин дарки масъулият аст, масъулият дар доираи қонун ва меъёрҳои ҳуқуқӣ. Он дарки ахлоқии ҷомеа аст ва ба арзишҳои фарҳангии ҷомеа ва арзишҳои шахсии ҳар нафар рабт мегирад. Аз ин ҷиҳат ман фикр мекунам, ки дар Тоҷикистон ба ҳадде, ки бояд бошад, озодии сухан мавҷуд аст ва инро назарпурсие, ки созмонҳои байналхалқии журналистӣ мегузаронанд эътироф мекунанд. Наметавон озодии сухани як кишварро ба кишвари дигар муқоиса кард, зеро ин муқоисаҳо нисбӣ ҳастанд ва гузаронандагони ин қиёсҳо вобаста ба мавқеи худ ба ин ё он кишвар баҳогузорӣ мекунанд. Ман озодии суханро ба ҳама ҳамкасбонам, ба ҳамаи онҳое, ки барои воқеан сухани озод ва созанда талош мекунанд, табрик мекунам. Умед дорам, ки ҳамеша сухани озоди журналистон барои созандагии Тоҷикистон мусоидат кунад.
Ҷовид Муқим, профессор:
-Мувофиқи қонун, дар Тоҷикистон озодии баён ҳаст, вале дар амал на ҳамавақт иҷро мешавад, ки ин аз худсензурагии журналистон ва сензураи муҳаррирону муассисон вобастагӣ дорад. Журналистон ба он мавзуъҳое даст намезананд, ки ба онҳо ба аҳли оилаи онҳо зарар расонад, ба ҷони худи онҳо хатар эҷод кунад. Сабаби асосӣ дар он аст, ки синдроми ҷанги шаҳрвандӣ то ҳол боқӣ мондааст. Сабаби дигар тарс аз он аст, ки онҳоро ба додгоҳ мекашанд, чунки чунин қазияҳо вақтҳои охир зиёд шуда истодааст ва барои ҳамин сармуҳаррирон ҳам мекӯшанд, ки матолиби зидди манфиати идорӣ, зидди манфиати худи ҳамон шахс, зидди манфиати муҳаррир бошад, онро ихтисор кунад. Яъне қонун озодии баёнро дар Тоҷикистон кафолат медиҳад, аммо худсензурагии журналистон ва ҳам муҳаррирону муассисон мушоҳида мешавад.
Ҷасур Абдуллоев, рӯзноманигор:
-Аслан озодӣ ва дигар арзишҳо нисбӣ ҳастанд, яъне ба таври кулл мо наметавонем, бигӯем, ки озодӣ ҳаст ё нест! Аммо нисбат ба ягон нишондиҳанда метавонем, ишора кунем, ки озодии баён дар кадом сатҳ қарор дорад. Агар вазъи имрӯзаи матбуоти тоҷикро гирем, матбуоти тоҷик то андозае озод аст. Дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя, -ҳамон мисоле, ки доимо журналистони мо, таҳлилгарони журналистикаи тоҷик дӯст медоранд, нисбат ба матбуоти Ӯзбекистон ва Туркманистон хуб дар сатҳи баландтар, аммо нисбат ба Қазоқистон ва Қирғизистон дар сатҳи поинтар қарор дорад. Ин мисоли маъмулӣ воқеият дорад. Матбуот ва умуман журналистика дар тамоми давлатҳо ҳатто дар давлатҳои мутараққӣ зери идора аст, зери идораи ё давлат ягон гурӯҳ, яъне пурра журналист наметавонад озод бошад. Аз ягон гурӯҳ аз ягон идея ҳатман ҷонибдорӣ мекунад. Дар Тоҷикистон ҳам чунин аст. Матбуот, озод аст, аммо дар баъзе мавридҳо наметавонад, ки ошкоро гап занад, хоҳем нахоҳем зери таъсири ягон чиз ё ягон кас қарор дорем. Озодии матбуот агар ба манфиати давлату миллат бошад, ин озодӣ хуб аст, аммо агар мо аз озодӣ баръакси он истифода кунем, ин ба даст. Имрӯз матбуоти тоҷик озод аст, аммо дар сатҳи зарурӣ нест.
Далер Мерганов-муовини Сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»:
-Агар гӯем, ки озодии сухан дар матбуоти тоҷик бо тамоми қирраю паҳлуҳояш вуҷуд дорад, муболиға нахоҳад буд. Барои исботи ин суханон «Амрикои нав кашф намудан» лозим нест. Фаъолияти теъдоди зиёди ҳафтаномаҳои мустақил ва маҷаллаҳо, фароҳам будани заминаи мукаммали қонунгузорӣ барои пешбурди фаъолият ва омилҳои дигар, далели возеҳи гуфтаи болост. Чунин озодӣ дар интихоби мавзуъ ва услуби пешниҳоди матолиб аз ҷониби муассисон ва журналистон низ роиҷ буда, дилхоҳ нафари рӯзномахон ба дурустии ин андеша муътақид аст. Дар ин росто, Президенти мамлакат низ ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма, ки ба ҳамкории созанда ва самаранок бо мақомоти давлатӣ равона гардидааст, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҳафтуми феврали соли 2009 Фармон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма»-ро имзо намуда буд. Бидуни тамаллуқ ва муболиға метавон гуфт, ки ба имзо расидани чунин фармон иқдоми саҳлу сода набуда, ба сифати падидаи беназир дар тақвияти озодии баён саҳми муассир гузоштааст. Ҳамчунин, зимни таҷлили ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик бо пешниҳоди Роҳбари мамлакат банди ба таҳқир рабтдошта аз қонунгузории ҷиноятӣ ба қонунгузории гражданӣ гузаронида шуд. Мутаассифона, баъзе нафарони «аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ» ин омилҳоро нодида мегиранд .
Акбари Саттор, раиси ИЖТ:
-Агар озодии баёнро дар қиёси минтақа гирем, дар Тоҷикистон он рушдкарда аст ва солҳои охир хуб ҳам риоя мешавад. Имрӯз ҳар як журналист метавонад ақидаи худро озодона баён созад. Тамоми қонунҳои ҷории Тоҷикистон имконият медиҳад, ки журналистони мо озодона фикру ақоиди худро баён кунанд ва журналистон метавонанд аз имкониятҳояшон истифода баранд. Аммо то кадом дараҷа истифода бурдан, аз худи журналистон вобаста аст, ки ӯ то кадом андоза касбияти баланд дорад. Вақтҳои охир як чиз ба назар мерасад- таҳмили андешаҳо. Журналистон аз он ки такя ба коршиносон ё манбаъҳо кунанд, бештар андешаҳои худашонро таҳмили хонанда мекунанд. Ин таҳмилкунӣ бо кушодани саҳифаҳои худашон, гӯшаҳои худашон сурат мегирад ва ман мехостам, дар ин сурат эҳтиёткор бошанд, чун таҳмили андешаи як нафар ҳар ҳафта ҳар рӯз тавассути сомонаҳо ё рӯзномаҳо ё ҳафтаномаҳо мушкилот эҷод мекунад. Албатта, ҳар кас ба ҳуқуқ дорад, ки гӯшаи худашро дошта бошад, аммо ман мехостам, ки онҳо эҳтиёткор бошанд.