Якбора се телевизион дар хориҷ, аммо барои Тоҷикистон — “Висоли ҳақ” (Амрико, Саудӣ), CATV (Central Asian TV) – Телевизиони Осиёи Марказӣ (Русия) ва СNТ (Central Asian New TV) ё Телевизиони нави Осиёи Марказӣ (Қирғизистон).
Ҳар як аз ин телевизионҳоро ба қудратҳои алоҳида рабт медиҳанд – Амрико, Русия ва Эрон. Агар чунин аст, ин ҷанги иттилоотӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши нуфузи якдигар роҳандозӣ мешавад, ё саркӯбии иттилоотии ҳукумати Тоҷикистон?
“Висоли ҳақ”
ТВ- и салафиҳо ҳанӯз моҳи март тариқи шабакаи интернетии Фейсбук эълон дошт, ки барои Тоҷикистон барномаҳо ихтисос хоҳад дод. Дар аввалин эълонаш унвони барномаҳояшро “Душманӣ бо масоҷид”, “Душманӣ бо ҳиҷобу сатри исломӣ” ва “Душманӣ бо ришу дигар усулҳои исломӣ” муаррифӣ кард, аммо комилан бо интиқоди ҳукумати Тоҷикистон маҳдуд шуд. Барномаҳои “Висоли ҳақ” интерактив ё тариқи суолу ҷавоб ҳастанд. Коди телефоне, ки барои тамос пешниҳод шуд (+441) аз Британияи Кабир аст, аммо маркази он дар Амрико гуфта мешавад. Намояндагиҳои он дар Арабистони Саудӣ ва Бритониё амал мекунанд.
“Висоли ҳақ” ба эҳтимоли зиёд аз ҷониби хадамоти махсуси Амрико, Исроил ва Англия сармоягузорӣ мешавад, ки ақидаҳои салафияро таҳти пӯшиши ақидаҳои аҳли суннат ва ҷамоат таблиғ дорад. Дар асл ду ҳадаф дорад: аввал, заминаҳои иттилоотии “Давлати исломӣ”-ву ҷонибдоронаш дар Тоҷикистонро ҳамвор мекунад; дуввум, ҷилавгирӣ аз густариши ақидаҳои шиа, мутаносибан нуфузи Эрон дар Тоҷикистон аст. Ин кишварҳо барои ангехтани шиаҳо алайҳи сунниҳо ТВ – и “Аҳли байт” – ро аз шаҳри Сан Диегои ИМА пахш мекунанд.
Муҳаммад Ансорӣ, барандаи барномаҳои зиддитоҷикиро зодаи Зоҳидони Эрон, минтақаи суннинишини Эрон муаррифӣ мекунанд. Аммо аз ин, ки бо хати сириллик дар Фейсбук барномаҳову эълон муаррифӣ мешаванд, хулоса мекунем, ки дар “Висоли ҳақ” шаҳрвандони Тоҷикистон низ фаъолият доранд.
CATV
Central Asian TV ё Телевизиони Осиёи Марказӣ аз Маскав пахш мешавад. Асосгузорони он муаррифӣ нашудаанд, аммо пӯшида нест, ки як тарҳи русӣ ва ё шаҳрвандони наздик ба Кремл ё мухолифини ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд. Дар ин ТВ низ таҳти пӯшиши “беғаразона” – и хабарҳои Тоҷикистон ҳукумати онро ба интиқод мекашанд.
То интихоботи президентии Тоҷикистон дар Маскав ТВ – и “Сафо” амал мекард, ки гуфта мешуд, ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рабт дорад. Кормандонаш ҳам ба ҷомиаи Тоҷикистон ошно буданд. Аммо ин тарҳ дер напоид ва бидуни ҳеҷ як муваффақият зуд аз миён рафт.
Русия барои ширкат дар набарди иттилоотӣ расонаҳои худро дорад, ки дар минтақа дида мешаванд. CATV аз лиҳози техникӣ ва ҳатто касбият он қадар қавӣ наменамояд, аммо ин, ки минбари кист, кадом ҳарферо гуфтан мехоҳад, ки тариқи шабакаҳои русӣ наметавон гуфт ва чаро маҳз ба Осиёи Марказӣ тахсис дода шудааст, касро ба арзи вуҷуд кардани он машкук мекунад.
СNТ
Дар қиёс бо ду ТВ – и аввал Central Asian New TV ё Телевизиони нави Осиёи Марказӣ, ки ба пахши барномаҳояш 3 май – рӯзи озодии баён шуруъ мекунад, тарҳи шаффоф ба назар мехӯрад. Асосгузори он Зафар Сӯфии Фарғонӣ, шоир ва рӯноманигори маъруфи тоҷик аст, ки чанд сол қабл хабаргузорӣ ва ҳафтаномаи “Озодагон” – ро дар Тоҷикистон пиёда кард. Хабаргузории “Озодагон” аз оғоз минтақаӣ эълон шуда, ба забони русӣ низ дар шаҳри Бишкек матлаб чоп мекунад. Муҳаррири бахши русии он рӯзноманигори маъруф Марат Мамадшоев аст. Ҳафтанома ва хабаргузории “Озодагон” дар Тоҷикистон аз муваффақтарин расонаҳои тоҷикӣ ба шумор меоянд, ки ахбори Тоҷикистонро бидуни гароишҳои эронӣ ё гуруҳиву ҳизбӣ пӯшиш медиҳанд.
Аммо дар доираҳои истихборотӣ бар инанд, ки ин тарҳҳо аз ҷониби Эрон роҳандозӣ шудааст ва ҳадаф на фақат Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ аст.
Заъф
Дар ҳоле, ки дар гирду атрофи Тоҷикистон деворҳои иттилоотӣ боло мешаванд, ҳукумати Тоҷикистон чӣ барои муқобила дорад? Мутаассифона, расонаҳои Тоҷикистон чӣ ҳукуматӣ ва чӣ мустақил бо ин зарфияту имконоти маҳдуд ва сензураву худсензурае, ки доранд, наметавонанд дар баробари миллионҳо доллар харҷи қудратҳо дар набарди иттилоотӣ истодагарӣ кунанд, агар таҷдиди назар дар вазъи ҳозир нашавад. Ин заъф то ҷоест, ки муфтӣ ва раиси Кумитаи дини Тоҷикистон аз таҳиягарони “Висоли ҳақ” даъват кардааст ба Тоҷикистон омада, озодиҳои диниро худ бубинанд. Ин далолат бар “огоҳӣ”-и сиёсии муфтӣ ва дар умум масъулини дигар мекунад, ки бо изҳороти хеш ин ТВ – ро то ҷое “реклама” карданд, зеро манофеъи пушти ин таблиғотро намебинанд ва агар бинанд ҳам ҷуръати бозгӯии онро ба гумон аст, ки дошта бошанд.
Омори теъдоди ТВ – ҳо дар кишварҳои минтақа нишон медиҳад, ки Тоҷикистон нақши телевизионро то ин замон нодида гирифтааст. Масалан, шабакаҳои умумимиллии Қазоқистон 11 ва Қирғизистон 8 адад ҳисоб мешаванд. Ӯзбакистон 26 шабакаи умумимиллӣ, илова бар ин, 12 шабакаи давлатии вилоятӣ ва 8 телевизиони интернетӣ дорад. Аммо дар Тоҷикистон ҳамагӣ 4 шабакаи умумимиллӣ фаъолият мекунанд, ки кам аст.
Нахуст, масъулин бояд аз худ суол кунанд, ки чаро таваҷҷӯҳи “Висоли ҳақ” маҳз дар айни авҷи ноамниҳо дар вилоятҳои ҳаммарзи бо Тоҷикистони Афғонистон ба миён омад? Ва дар Русияву Эрон ҳам чаро маҳз дар ин замон ба Тоҷикистону минтақа таваҷҷуҳ карданд?
Дар чунин ҳол бояд инро ҳам ташхис кунем, ки кадоме аз инҳо хайри Тоҷикистонро мехоҳад ва кадоме нигоҳи хасмона дорад. Кадоме барои шустани мағзҳои мардум ва кадоме барои барҳам задани амнияту суботи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст? Инро ҳам бояд донем, ки чаро бархе пӯшидаву хасмона, бархе шаффофу дӯстона бархӯрд мекунанд? Пас аз ин метавон иқдом кард, ки бо кадоме ҳамкорӣ ва бо кадоме муқобила кунем. Дар акси ҳол, моро як “фиаско ё суқути иттилоотӣ” – е интизор аст. Мо бояд ҳарими иттилоотии худро соҳиб шавем.
http://tojnews.tj/tj/news/3-tv-az-3-kudrat-chang-dar-kharimi-ittilootii-tochikiston-ogoz-shud