Аз қатл то оташ задан. Таҳдиди ДОИШ ба 6 журналисти тоҷик

НАНСМИТ мегӯяд, то кунун ҷангиёни тоҷики «Давлати исломӣ» ба шаш хабарнигор таҳдид кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки ё хабарнигоронро хоҳанд кушт, ё дафтари корашонро оташ хоҳанд зад.

Раҳбарони баъзе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи журналистон дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ҷангиёни тоҷики гурӯҳи «Давлати исломӣ» ё ДОИШ-и собиқ ба шаш хабарнигори кишвар таҳдид кардаанд. Онҳо гуфтаанд, аз шеваи бозтоби ҳузури ҷангиёни тоҷик дар Ироқу Сурия дар нашрия ва телевизионҳои Тоҷикистон норозиянд.

Нуриддин Қаршибоев – раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ 2 май, дар маҳфиле бахшида ба Рӯзи озодии сухан гуфт, «то ҳоло шаш хабарнигор таҳдид гирифта, ба мо хабар доданд. Дар миёнашон рӯзноманигорони нашрияҳои маҳаллӣ, телевизиони давлатӣ ва, инчунин, расонаҳои хориҷии мустақар дар Тоҷикистон низ ҳастанд.»

Оқои Қаршибоев, ки дар ин бора ҳангоми баёни маърӯзааш дар Душанбе сӯҳбат мекард, аз хабарнигорон хост, дар ин шабу рӯз ҳангоми пайгирии мавзӯъҳои марбут ба «Давлати исломӣ» ва ҳузури тоҷикон дар ҷангҳои Ироқу Сурия аз эҳтиёт кор гиранд. «Агар таҳдиде дарёфт кардед, зуд мақомот огоҳ кунед,»—таъкид дошт ӯ.

Ин ҳарфҳо дар ҳоле гуфта шуданд, ки моҳи январи соли ҷорӣ Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи мустақили “Пайк” дар Кӯлоб гуфта буд, аз Нусрат Назаров — як ҷангии тоҷик дар Сурия, ки худро “Абӯ Холиди Кӯлобӣ” меномад, тариқи телефон таҳдид шудааст.

Ин рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, ин нафари бо ном “ҷиҳодӣ” шахсияти ӯро намедонист ва танҳо бо ӯ ҳамчун рӯзноманигоре сӯҳбат мекард, ки корманди ҳафтавори “Пайк” ва “зодаи Кӯлоб асту ҳамеша дар газета ва интернет муҷоҳидонро сиёҳ мекунад.” Аҳмади Иброҳим мегӯяд, Нусрат Назаров аз матлабҳое, ки дар мавриди “муҷоҳидон” навишта шуда буданд, шадидан нигарон буд ва ваъда дод, ки ҳатман ба рӯзноманигорон “гонорар”-и ин навиштаҳояшонро “пардохт” хоҳад кард.

Хабарнигор мӯҳтавои таҳдидҳои ин ҷангии тоҷикро чунин қисса кард: “Ӯ гуфт, ки аз навиштани суханҳои бад нисбат ба муҷоҳидон даст кашед. Сухани аввалаш ҳам ин буд, ки чаро акси ӯро нашр кардаем? Ӯ гуфт, ки агар навиштани чунин матлабҳоро давом диҳед, дар Тоҷикистон одам дорад ва супориш медиҳад, то нависандаи чунин мақолаҳоро қатл кунанд.”

Ба дунбол мақомоти интизомии Кӯлоб гуфтанд, дақиқ кардаанд, ки воқеан ин занги пӯшида ба телефони рӯзноманигор аз Сурия ворид шудааст. Як масъули мақомоти интизомии Кӯлоб гуфт, дар пайи муроҷиати рӯзноманигор ба омӯзиши ин таҳдиди телефонӣ оғоз кардаанд.

Давлатшо Гулаҳмадзода, раиси ҳукумати Хатлон, низ рӯзи 9 январи соли ҷорӣ дар нишасти хабариаш дар посух ба суоли рӯзноманигор Аҳмади Иброҳим, ки то кадом андоза таҳдиди ҷангиёни тоҷиктабори Сурия ба онҳо хатар дорад, гуфт, “онҳо — яъне ҷангиёни тоҷик дар Тоҷикистон намояндагӣ надоранд ва ҳеҷ таъсире ба дохили кишвар надоранд, аз ин рӯ таҳдиди онҳо беасос аст.”

Мақомоти расмии Тоҷикистон теъдоди ҷангиёни ин кишвар дар Ироқу Сурияро ҳудуди 300 нафар медонанад. Бар асоси иттилои онҳо, то кунун шаст тани онҳо дар ин ҷангҳо ҷони худро аз даст додаанд. Аммо худи ҷангиён борҳо бо пахши наворҳои видеоӣ ҳузури ҷангиёни тоҷик дар Ироқу Сурияро беш аз ҳазор нафар дониста, гуфтаанд, кори онҳо бо Ироқу Сурия хатм намешавад.

http://www.ozodi.org/content/islamic-state-and-tajik-journalists/26989989.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *