Машварати ҳуқуқӣ дар радиои вилояти Хатлон

Намояндагони Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар шаҳри Қурғонтеппа бо 10 нафар кормандони эҷодии радиои вилоятии “Хатлон”дар шаҳри Қурғонтеппа дар суҳбат намуда, ба онҳо дар мавриди фаъолияти журналистиашон машварати ҳуқуқӣ доданд.

Мулоқоти мазкур рӯзи 29 апрел дар Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон баргузор шуд.

Раҳмоналӣ Давлатов, ҳуқуқшиноси Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон дар Қурғонтеппа бо хабарнигорон дар мавзӯи дастрасӣ ба иттилоот, навиштани дархост ва муҳлати баргардонидани дархост суҳбат намуд. Тавре хабарнигорон қайд намуданд, гоҳо масъулини муассисаҳо ба баҳонаи набуди сардор ва иҷозат нагирифтан аз роҳбари аввал наметавонад, ки маълумотро пешниҳод кунад.

Ба ин хабарнигорон, ки аксаран ҷавонон ҳастанд роҳи ҳалли ин мавзуъ фаҳмонда шуд ва барои онҳо маълумотнома дар варақаҳо дар бораи маслиҳатҳо ба хабарнигорон ва меъёрҳои ахлоқии журналистӣ тақдим шуд.

Хабарнигори АМВАОМТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *