«ИмрўзNews» муваззаф шуд, ба писари Њукумов 50 000 сомонї дињад

Додгоњи ноњияи Исмоили Сомонии пойтахт бањси додгоњии писари раиси Роњи оњани Тољикистон бо нашрияи «ИмрўзNews»-ро ба поён бурда, дувумиро ба пардохти 50 њазор сомонї љубронпулї муваззаф кард. Вакили мудофеи «ИмрўзNews» мегўяд, бо ин њукми додгоњ розї нестанд ва аз болои он ба зинањои болотари додгоњ шикоят холњанд бурд.


Рустам Њукумов, писари Амонулло Њукумов, раиси корхонаи «Роњи оњани Тољикистон», рўзномаи «ИмрўзNews» — ро дар паст задани шарафи худ муттањам карда, 50 000 сомонї љуброн талаб карда буд. Норозигии аслии Рустам Њукумов, ба як навиштаи рўзнома, тањти унвони «Боқиев ва Њукумов «дарди сар» — и падарњо шудаанд», рабт дорад, ки «ИмрузNews» онро 16-уми октябри соли 2012 нашр кардааст.

Назири Нусрат, муаллифи матлаб мегўяд, қазияњои боздошти Њукумов ва Максим Боқиев, писари раисиљумњури собиқи Қирғизистонро ба баррасї кашида, дар навиштааш дар ягон љо ба тањқир роњ надодаст.

Рустам Њукумов се сол пеш бо њукми додгоње дар Русия барои даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба нўњ соли зиндон мањкум шуда буд. Ин иттилоъ пас аз боздошти ду халабони ширкати русии «Ролкан» дар Тољикистон тавассути расонањои Русия рўи об баромад.

http://www.ozodagon.com/8845-imrznews-muvazzaf-shud-ba-pisari-ukumov-50-000-somon-diad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *