Нахустин маҷаллаи ДДОТ — «Навруста» аз чоп баромад

Нахустин шумораи маҷаллаи «Навруста», ки муассиси он Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад, интишор гардид.

Тавре сухангӯи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, ҳадаф аз таъсиси ин маҷалла эҳёи мактаби тарҷумонӣ буда, мақсади асосии маҷалла ба хонандагони худ бештару беҳтар бо хусусиятҳои тарҷумаҳои хаттӣ ва шифоҳӣ ошно сохта, ҳамзамон, баргузидаи назму насри ҷаҳон, қиссаву ривоят, панду андарз, зарбулмасалу мақол ва дигар офаридаҳои бадеии оламиёнро бо тарҷума аз забони асл ба хонандагони тоҷик муаррифӣ намояд.

Ҳамчунин, дар маҷалла маводҳое ба дасти чоп мерасанд, ки онҳо аз таҷрибаи тарҷумонии устодони соҳибмактаб, аз ташаккули мактаби тарҷумонии адабиёти тоҷик ва марҳалаҳои рушду такомули он паём мерасонанд.

Шумораи аввал бо пешсухани вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид таҳти унвони «Фаслномаи умедҳои нав» оғоз мегардад. Мавсуф умед бар он бастааст, ки «тавассути ин маҷалла қадамҳои нахустин дар эҳёи мактаби тарҷума гузошта хоҳад шуд. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ҳафт забон омӯзонида мешавад ва дар ин замина якуним ҳазор ҷавон таҳсил менамоянд. Аз ин миён сабзидани 15-20 тарҷумони касбӣ, ки аз эҳтимол дур нест, барои фарҳанги миллати мо басо пурманфиат хоҳад буд».

Дар маҷалла маводҳо аз Артур Кристенсен дар тарҷумаи Жолаи Омӯзгор ва Аҳмади Тафаззулӣ, аз Габриел Гарсиа Маркес дар тарҷумаи Аҳмади Гулшерӣ, аз Ярослав Смеляков дар тарҷумаи Аскар Ҳаким, аз Федор Иванович Тютчев дар тарҷумаи Фарзона, аз Галлиоп Сафаёллу дар тарҷумаи донишҷӯ Ардамеҳр Ашӯров, аз Ҷована Ровлинг дар тарҷумаи донишҷӯ Нигора Шукурова, аз Флора Анни Стил дар тарҷумаи донишҷӯ Гулноз Акрамова ва ғайра интишор шудаанд.

Ҳамзамон, мебояд зикр кард, ки муқова ва ду саҳифаи дохили маҷалларо расмҳои наққоши маъруфи тоҷик Зокир Собиров, ки дар равияҳои параллелизм ва материализм кашида шудаанд, оро мебахшанд.

http://faraj.tj/news/9033-nahustin-ma1207allai-ddot-navrusta-az-chop-baromad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *