Журналистон Ҷамила Ҳусейноваро дастгирӣ мекунанд

Як гурӯҳ журналистон ба ҷонибдорӣ аз журналисти тоҷик Ҷамила Ҳусейнова ва нашрияи «Вечерний Душанбе» садо баланд карданд.

Журналистони тоҷик имзо ҷамъ кардаву аз раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дархост намуданд, то аз рӯзноманигор барои ҳақиқатнигориаш пуштибонӣ намояд.

Ёдовар бояд шуд, ки мақолаи интиқодии Ҷамила Ҳусейнова бо номи «Чаро автобазаҳо ба «қабристон»-и автобусҳо табдил мешаванд?» санаи 18-уми март дар нашрияи «Вечерний Душанбе» ба табъ расида буд. Ин мақола эътирози муовини раиси ширкати давлатии «Душанбенақлиётхадамотрасон» Ҷумъахон Давлатовро ба бор овардааст.

Дар даъвояш ба додгоҳ Давлатов худро таҳқиршуда ҳисобида, пардохти 101,5 ҳазор сомонӣ ҷубронпулиро барои барқарории обрӯяш талаб намудааст. Давлатов дар аризааш ба Додгоҳи ноҳияи Сино гуфтааст, ки баъди хондани ин мақола вазъи саломатиаш ҳам бад шудааст.

Аммо нашрия ва журналист Ҳусейнова дар навбати худ мегӯянд, ки ин мақола бар пояи факту далел иншо шуда, ҳодисаҳои қонуншиканӣ ва сӯйистифода аз мақомро ошкор мекунад.

http://faraj.tj/news/8937-zhurnaliston-1206amila-1202useynovaro-dastgir1251-mekunand.html

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *