Парвандаи «Самак»: Азимова киро ҷарима кард?

Ҳар як инсон ҳуқуқи озодии ақида ва баён дорад: ин ҳақ озодии риояи бемамониаи ақида, ҷустуҷӯ, дарёфт ва интишори иттилоот ва афкорро ба ҳар васила, бидуни мулоҳизоти марзи давлатӣ, фаро мегирад.

(иқтибос аз Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар)

Ҷойи баҳс нест, сарқонуни ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санадҳои беҳтарини ҳуқуқии ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Дар баробари арҷ гузоштан ба ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон, сарқонуни Тоҷикистон ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори оммаро кафолат додаст, сензураи давлатӣ ва таъқибро барои танқид манъ кардааст. Илова бар ин, Тоҷикистон узви Паймони байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мебошад. Дар моддаи 19-и ин Паймон гуфта мешавад: «Ҳар як инсон ба изҳори озодонаи ақидаи худ ҳақ дорад: ин ҳақ озодии ҷустуҷӯ, ба даст овардан ва паҳн намудани ҳама гуна маълумот ва ғояро, сарфи назар аз марзҳои давлатӣ, шифоҳӣ, хаттӣ ё тавассути матбуот ё шаклҳои бадеии изҳор ё дигар усулҳо бо интихоби худ, дар бар мегирад». Ин муқаррарот дар қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО» низ омадааст. Ба ҳамин мазмун қарори Пленуми Суди Олии ҶТ №7 аз 23 декабри соли 2011 низ вуҷуд дорад, ки гуфта мешавад: «Бо назардошти муқарроти конститутсионӣ мавриди ҳалли баҳсҳо дар бораи ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ судҳо бояд дар назар дошта бошанд, ки ба ҳар кас озодии сухан, нашр ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад».

Дар мавриди қонуну санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон то имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ягон эроде набудааст. Воқеан, соли 2013, маҳз бо ташаббуси президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири бештар таҳким бахшидан ба озодии баён ва фикру ақида, моддаҳои 135,136 (дар бораи таҳқир ва тӯҳмат) аз кодекси ҷиноятии ҶТ бардошта шуданд. Ин тасмим баъди мулоқоти президент бо журналистони кишвар гирифта шуд, зеро раҳбари давлат намояндагони васоити ахбори оммаро дар баррасии мушкилиҳои ҷомеа ва кушодани гиреҳҳои он ба далертар шудан даъват карда буд.

Дар назар гӯё тамоми тадбирҳо барои озодии баён ва фикру андешаҳое, ки ҷомеаро ба роҳи созанда ва оянда мебарад, андешида шуда истодаанд. Аммо мутаассифона, дар баъзе мавридҳо нохолисона дида баромадани парвандаҳо дар додгоҳҳо ва аз оғози мурофиаҳои судӣ, аз мавқеи як тараф ҷонибдорӣ кардани судя арзиши тамоми ин кӯшишҳоро ба сифр баробар мекунанд…

Беҳтараш, биёед ба асли гап гузарем.

Зиёӣ ва «зиёӣ»

Санаи 27.03.2013 нашрияи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, ҳафтаномаи «Самак» №13 (73) матлаби Шаҳбози Нур (Шодӣ Малахзод) «Зиёиёни бе мушкили тоҷик ва ё чаро зиёиён дар мулоқот бо Президент танҳо мадҳия мехонанд?»-ро нашр кард. Муаллиф Шаҳбози Нур дар ин мақола андешаҳои худро оид ба мулоқоти Президент бо зиёиёни кишвар баён намуда, дар мавриди ин гуна мулоқот ва муносибати зиёиён ба чунин мулоқотҳо суханронӣ кард. Муаллиф аз он интиқод намуда буд, ки аксари онҳое, ки дар чунин мулоқотҳо бо Президент ширкат мекунанд, аслан аз масъалаҳои асосӣ дур гашта, дар он ҷо мушкили шахсии худро матраҳ менамоянд ва бештар ба тавсифкунии президент овора мешаванд. Ҳамин аст, ки зиёд ҳолатҳое мешавад, ҳатто худи Президент қатъ кардани мадҳияхониро талаб мекунад. Илова бар ин, Шаҳбози Нур дар мавриди мушкили Иттифоқи рассомони Тоҷикистон низ ишора кард, ки дар ин мулоқот президент ғайриқонунӣ хариду фурӯш шудани бинои онро таъкид карда буд.

Ҳафтанома бо риояи қонунгузории Тоҷикистон, ки ҳам Сарқонун ва ҳам қонуни ҶТ «Дар барои матбуоти даврӣ ва дигар ВАО» иҷозат додааст, матлаби Шаҳбози Нурро нашр намуд.

Рӯзи дигар маълум шуд, дар сархат (абзатс)-е, ки дар мавриди суолу ҷавоби раиси Иттифоқи рассомон ва президенти кишвар ҳарф мерафт, иштибоҳи (хатои) техникӣ роҳ дода шудааст. (Дар ин сархат дар як ҷо саҳван ба ҷойи Иттифоқи рассомон Иттифоқи нависандагон навишта шудааст. Бояд гуфт, аз аввали сархат ва суолу ҷавоби раиси Иттифоқи рассомон маълум аст, ки сухан маҳз дар мавриди фурӯхта шудани бинои Иттифоқи рассомон меравад. Инчунин, дар сархати мазкур номи ягон нафар аз раисони собиқ ва феълии на Иттифоқи рассомон ва на Иттифоқи нависандагон оварда нашуда буд). Бо вуҷуди ин ҳафтанома бо риояи қонунгузории кишвар дар мавриди матбуот, дар шумораи дигар (3.04.2013, №14 (74)) дар ин бора тасҳеҳ нашр кард ва калимаро ислоҳ намуд.

Илова ба ин, 16 апрели соли 2013 Ҳакимов Аскар (Аскар Ҳаким) ба идораи нашрия ҳамчун як нафаре, ки номаш дар мақола зикр шудааст, вокуниш равон намуд. Ба андешаи Ҳакимов А. гӯё дар ҷумлаи дар боло зикршуда махсус ба фаъолияти ӯ ишора шудааст, агарчи дар қисмати зикршудаи матлаб номи ӯ тамоман набуд. Инчунин, Ҳакимов А. иддао дошт, ки бо дар даруни нохунак навиштани калимаи зиёӣ нашрия ва муаллиф гӯё ӯро таҳқир карда бошанд.

Ҳамин тавр, новобаста аз додани тасҳеҳ, ҳафтаномаи «Самак» вокуниши Ҳакимов Аскарро дар шумораи 17.04.2013 (№16 (76)) нашр кард. Як ҳафта баъд, Ҳакимов А. боз тариқи почтаи электронӣ ба вокуниши худ шарҳ фиристод. Дар он гуфта мешуд, ки ҳангоми чопи вокуниш як калима аз матни он партофта шудааст. Ҳафтанома 1.05.2013 (№18 (78) ин шарҳро низ нашр кард. Чунин менамуд, ки гӯё тарафҳо якдигарро фаҳмиданд.

Вале 6.06.2013 аз суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хабарнома расид, ки Ҳакимов А. нисбати ҳафтанома ва муаллифи мақола даъво дар бораи паст задани шаъну шараф ва рӯёнидани зарари маънавӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ пешниҳод кардааст. Пас аз омӯзиши аризаи даъво, мо ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинобар риоя нашудани талаботҳои моддаҳои 134, 135 КМГ ҶТ дархост дар бораи беҳаракат мононидани аризаи даъвогӣ фиристодем. Зеро дар аризаи даъвогӣ Ҳакимов А. талаботи худ ва маблағи пурсидашавандаро бо далелҳо асоснок накарда буд. Судяи ноҳияи Фирдавсӣ Садирова М. дар муҳокимаи аввалин (12.07.2013) ин ваҷҳҳоро ба инобат гирифта, аризаи даъвогиро барои ислоҳ кардан баргардонд ва баъдан он беҳаракат мононида шуд.

Судя Азимова

Аммо тахминан дар аввали соли 2014 Ҳакимов Аскар маротибаи дуюм дар шакли нав бо ин даъво ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намуд. Ин маротиба барои моҳиятан баррасӣ шудан аризаи даъвогӣ ба дасти судя Азимова Махфиратҷон Мардоновна супорида шуд.

Дар мурофиаи аввалини судӣ мо таъкид намудем, ки мақсади таҳқир ё тӯҳмат намудан ба касеро надоштем ва касеро таҳқиру тӯҳмат накардаем. Даъвое, ки сар задааст, дар асоси як хатои техникӣ ба миён омадааст ва нашрия дар ин маврид тасҳеҳ дода, инчунин вокуниши даъвогарро низ нашр намудааст. Ва барои дуруст муайян кардани чӣ гуна таҳқир шудан ва чӣ гуна зарарҳо бардоштан, бигзор худи Ҳакимов Аскар ба суд даъват шавад ва ба саволҳои суд ва мо ҷавоб диҳад.

Аммо судя Азимова М. боисрор таъкид мекард, ки бисёр хуб мешуд, агар мо расман, тариқи нашрия аз Ҳакимов А. узр пурсем. Ӯ тавре сухан мегуфт, ки аз ҷонибдорӣ кардан ба манфиати даъвогар равшан гувоҳӣ медод. Аз ин рӯ, мо бо эҳтиром ба қонун ва виҷдони инсонӣ аз судя Азимова М. пурсидем, ки агар натиҷаи мурофиаро ӯ пешакӣ муайян карда бошад, пас зарурати дар мурофиа нишастани мо нест. Ҳар чӣ тасмим гирифтааст ва ё касе ба ӯ талқин кардааст, эълон кунад ва мо ба зинаи дигари судӣ оиди он шикоят барем. Азимова М. моро мутмаин намуд, ки ҳалнома дар асоси далелҳо бароварда хоҳад шуд.

Ҳамин тавр, то моҳи феврали соли 2015, судя Азимова М. тарафҳоро наздик ба 15 дафъа барои муҳокима даъват кард. Гоҳҳо ҷонибҳоро гӯш мекарду гоҳҳо бо баҳонаи «дар семинар» будан, рӯзи маҷлиси судӣ таъин намудаашро аз хотир мебаровард ё ба дигар рӯз мепартофт ва ба қавли худаш наметавонист, чи хел аз ин парванда халос шавад.

Ва бо вуҷуд аз дархосту исрорҳои мо суд ширкати Аскар Ҳакимовро ба ягон маҷлиси судӣ таъмин накард. Хулосаи экспертизаи забоншиносӣ ҳам, ки суд (17.10.2014) таъин намуда буд, ба манфиати даъвогар набаромад. Дар он гуфта шуд, ки дар мақола танҳо як дафъа номи Аскар Ҳакимов номбар шуда, «аз мазмун ва мӯҳтавои мақолаи мазкур бармеояд, ки муаллиф онро дар шакли танқидӣ иншо намуда, ҳангоми ибрози ақидаҳои худ аз лаҳни нисбатан тунд истифода кардааст». Яъне дар матлаби зикршуда таҳқиру тӯҳмат набудааст.

…Ва оқибат «роҳ ёфт шуд».

Судя Азимова М. дар нохунак гирифта шудани калимаи зиёиро дар хулосаи ҳалномаи худ (13.02.2015) ҳамчун таҳқир муайян намуд. Ӯ аз Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ маънои калимаи зиёиро хонда, бе ягон хулосаи забоншиносон ва мутахассисони соҳа, дар нохунак оварда шудани калимаи зиёиро дар нисбати Ҳакимов А. таҳқир ҳисобидааст. Яъне ӯ дар маҷмӯъ зикр намудааст, ки агар шахси огоҳ аз илму фарҳанг, равшанфикр ва соҳибмаърифатро дар нохунак зиёӣ гуфтӣ, таҳқир кардӣ.

Ҳол он ки қонунгузории Тоҷикистон барои озодии баён ва фикру андеша иҷозат додааст ва ҳар нафар ҳуқуқ дорад, касеро зиёӣ хоҳад эътироф мекунад, касеро нахост, не. Ин андешаи фардии ҳар нафар аст ва хилофи қонун ҳам нест.

Гузашта аз ҳама, тибқи қарори Пленуми суди олии ҶТ «Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ оид ба ҳифзи шаъну шараф ва эътибори кории шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ» №7 аз 23.12.2011 «… ҳангоми баррасии парвандаҳо оид ба ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ, судҳо бояд ба он диққат диҳанд, ки мулоҳизаҳои баҳодиҳӣ, фикру ақидаҳо мавзӯи баҳси судӣ оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ тибқи моддаи 174 КГ ҶТ намебошанд, зеро онҳо ифодаи фикру ақидаи субъективии шахс буда, мавриди санҷиш қарор дода намешаванд».

Вале ҳоло баҳс сари ин ҳам нест, зеро муаллиф шахсан ба Ҳакимов Аскар «ту зиёӣ нестӣ» нагуфтааст. Ва шояд манзур аз зери нохунак гирифта шудани калимаи зиёӣ (бо ишора ба толорнишастагон) таъкиди президент дар бораи он буд, ки онҳо «чаро назди мардум барои сӯҳбату вохӯриҳо намераванд? Магар ин вазифаи муҳиму аввалиндараҷаи шӯъбаи очерк ва публисистикаи иттифоқи нависандагон нест?», буд?

Аммо судя Азимова М. гирифту ба таври худ баҳсро ҳал кард: калимаи зиёиро дар нохунак навиштӣ? Пас таҳқир кардӣ! Ватандӯсти дуруғин гуфтӣ? Пас тӯҳмат кардаӣ! Ба кадом бечорае зарари маънавӣ расонидаӣ! Ва агарчи синну солаш ба 70 расида бошад ҳам, агарчи аз гуфтаҳои ту чандин сол пештар бемории дил дошту ҷарроҳӣ шуда бошад ҳам, ту гунаҳкор ҳастӣ ва бояд зарари ҷуброни маънавӣ пардохт кунӣ!

Хуллас, ҳалномаи ишорашудаи судя Азимова М. духӯрагиҳои зиёде дорад, ки дар ин маврид мо дар шумораҳои навбатӣ ҳарф хоҳем зад.

Шармандагӣ!

Аммо аз ҳама асосӣ. Дар аввали матлаб ишора кардем. Қонунгузории Тоҷикистон ба ҳоли худ ягон нуқсе надорад. Нуқс дар раванди кор, аз ҷониби бархе судяҳо, аз бесалоҳиятӣ, беаҳамиятӣ ва ё бесаводӣ рух медиҳад, ки аз он номи суд, номи Тоҷикистон доғдор мешавад.

Ҳама ҳалнома ва ҳукм дар Тоҷикистон бо ишора «Аз номи ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон мешавад. Вале бо вуҷуди он ки ба суд, аз ҷониби намояндагони ҳафтаномаи таърихӣ-тадқиқотии «Самак», бинобар шахси ҳуқуқӣ набудани нашрия, ваколатнома аз тарафи муассис — Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, пешниҳод шуда буд, бо вуҷуд аз он ки дар саҳифаи ахирини ҳар шумора номи муассис (шахси ҳуқуқӣ) навишта мешавад, судя Азимова Махфиратҷон баъди як соли кашолкориҳояш маълум нест, киро ҷарима бастааст, зеро шахси ҳуқуқӣ ҳамчун ҳафтаномаи «Самак» дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Ба ин мавзӯъ боз бармегардем.

Суд чӣ мегуфта бошад?

МТЖТ

http://faraj.tj/politics/8864-parvandai-samak-azimova-kiro-1207arima-kard.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *