Шарифи Ҳамдампур соҳибкори беҳтарини пойтахт шуд

Озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2014» ҷамъбаст гардидааст, ки дар он 18 соҳибкор, аз ҷумла муассиси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Шариф Ҳамдампур соҳибкори беҳтарини сол дониста мешавад.

Шаҳрдории Душанбе протоколи замимагардидаи ҷаласаи Комиссияи озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2014»-ро тасдиқ намуда, дар ҳар як номинатсия соҳибкорони зеринро ғолиби озмун эълон кардааст: ба Комилов Илҳом ҶДММ «Фабрикаи шири Саодат» — номинатсияи «Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ», ба Раҷабов Файзалӣ ҶСП -«Техинвест»номинатсияи «Меъморӣ ва дизайн», ба Мирзоев Фарҳод, ҶДММ «Газпромнефть – Таджикистан» номинатсияи «Савдо»,ба Ⱪобилов Зафар ,ҶДММ «Тоҷикинтурсервис» номинатсияи «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм», ба Муҳаббатов Ⱪурбоналӣ, Филиали ҶДММ «Ганҷина» -МТФ «Рамашка» номинатсияи «Хизматрасонии тиббӣ», ба Ҷомаҳмадов Хушаҳмад,ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик» номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат», ба Ҷаборов Фаридун, ҶДММ «Тиб барои Шумо» номинатсияи «Истеҳсоли доруворӣ,маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ», ба Умаров Игор, ҶСП «Сити Сервис» номинатсияи « Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию коммуналӣ ва экология», ба Фаткулаев Ⱪосим, ҶДММ «Саманд 2010» номинатсияи «Сохтмон, тармим ва таъмир», ба Муҳаббатов Муфараҳ, ҶДММ «Рухом» номинатсияи «Косибӣ ва хунарҳои халқӣ»,ба Хидиров Саидраҳмон,ҶДММ «Сомонтаъминот» номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук», ба Остонаев Мансур, ҶДММ «Интер» номинатсияи «Хӯроки умум», ба Никитин Денис,ҶСП «ТТ Мобайл» номинатсияи «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ», баШарипов Сафаралӣ, ҶСК «Континент – Инвест» номинатсияи «Хизмати маишӣ», ба Раҷабов Сӯҳроб, ҶДММ «Эр – Граф», номинатсияи «Фаъолияти нашриётӣ,хизматрасонии полиграфӣ,дизайн ва реклама», ба Ҳукматов Тоҳир,ҶСП «Заводи асфалту бетон», номинатсияи «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо», ба Ғайратов Ⱪубодулло, Муассисаи таълимии «Гимназияи хусусии Химмат» номинатсияи «Хизматрасонӣ барои рушди соҳибкорӣ: таълим,маркетинг,аудит,консалтинг,пешбарии муҳосибот ва кӯмаки ҳуқуқӣ» ва ба Ҳамдамов Шариф — муассисаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» номинатсияи «Технологияҳои ахборотӣ» сазовор дониста шудааст.

Сарчашма меафзояд, ки ғолибонро бо Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ худи раиси шаҳр дар маросими таҷлили Рузӣ пойтахт сарфароз хоҳад кард.

http://faraj.tj/news/8876-sharifi-1202amdampur-so1203ibkori-be1203tarini-poytaht-shud.html

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *