Масдудияти дастрасӣ ба сомонаи нави мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон

Дастрасӣ ба сомонаи нави мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон дар қаламрави кишвар масдуд шуд.

Тарроҳони ин портал, мухолифини ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии он гуфта буданд, ин лоиҳа дар бахшҳои алоҳида иттилои марбут ба ҳизбу ҳаракатҳои мухолифи Тоҷикистонро дар бар гирифта, дар матолиби зидди сиёсати ҳукумати Тоҷикистон нашр хоҳад шуд. Бахши алоҳидаи сомона дар бораи маҳбусони сиёсӣ таъсис дода шудааст.

Инчунин, дар муаррифии он зикр шуда буд, ки барои ибрози андеша ба намояндагони ҳизбу ҳаракатҳо имкон фароҳам меоранд. Матлабҳои сиёсиву иқтисодиро аз расонаҳои Тоҷикистон нашр мекунанд.

Тарроҳони портал навиштаанд, ки ҳадафи даъват алайҳи низоми конститутсионӣ ва пахши хабарҳои характери экстремистидоштаро надоранд. Нуқтаи назари намояндагони аҳзобу ҳаракатҳои сиёсӣ нисбат ба вазъи сиёсиро таҳмил намекунанд.

Яке аз дигар аҳдофашонро таҳияи минбар барои муҳоҷирони корӣ гуфта мешавад. Сомонаи мазкур бо забони русӣ роҳандозӣ шудааст.

http://tojnews.tj/tj/news/masdudiyati-dastrasi-ba-somonai-navi-muholifini-khukumati-tochikiston

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *