Х.Атовулло: Ҳамагӣ 1 хакер ба шикастану назорати сомонаҳои мо қодир аст

Имрӯз дар маросими рӯнамоии китобчаи «Амнияти рақамӣ барои журналистон» сардабири ҳафтавори «Фараж» Хуршеди Атовулло дар мавриди масъалаи мазкур изҳор намуд, ки амнияти рақамии сомонаҳои Тоҷикистон дар чунин ҳолате қарор доранд, ки ҳамагӣ 1 хакер ба шикастану назорати онҳо қодир аст.

«Имрӯз аксари сайтҳои мо бо чунин сатҳҳои оддии ҳимоя сохта шудаанд, ки 1 хакер метавонад онҳоро шикаставу ба тахрибкорӣ даст занад. Ҳамчунин дар мо мутахассисони соҳибкасбу варзидае, ки ба таҳияи хушсифати торнамоҳо қодиранд, хел каманд ва агар бошанд ҳам, барои кори худ маблағи хеле зиёд талаб мекунанд», — қайд кард Х.Атовулло.

Директори Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет» Муҳаммадӣ Ибодуллоев зимни посух ба саволҳои журналистон тавсия дод, ки ҳар ду моҳ рамз (парол)-ҳои аккаунти худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва суроғаҳои почтавиро мебояд иваз намуд.

«Имрӯз дар Тоҷикистон мутахаасисони соҳибкасберо метавон пайдо намуд, ки сомонаҳои шуморо аз ҳамлаи хакерҳо ҳимоя карда метавонанд, вале ҳамааш ба он вобаста аст, ки шумо вақти бунёди сомона назди онҳо чӣ вазифа гузоштаед. Ҳамчунин дар ҳамаи аккаунтҳо рамзҳои якхела гузоштан лозим набуда, ҳар ду моҳ рамзҳоро иваз кардан зарур аст. Ин амнияту маҳфуз мондани маълумоти шуморо таъмин хоҳад кард», — гуфт ӯ.

http://news.tj/tj/news/khatovullo-amag-1-khaker-ba-shikastanu-nazorati-somona-oi-mo-odir-ast

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *