Дастурамали мазкур аз тарафи АМВАОТ бо роҳбарии раиси ин ташкилот Нуриддин Қаршибоев дар доираи лоиҳаи «Амнияти рақамӣ барои журналистони тоҷик» бо дастгирии ташкилоти IMS омода шудааст.
Муқаддимаи он амнияти почтаи электронӣ, телефонҳои мобилӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амнияти рақамӣ-ро дарбар мегирад.
Дар мизи мудаввар Нуриддин Қаршибоев, раиси АМВАОТ дар бораи проблемаи шикаста шудани почтаи электронии журналистон ва шахсиятҳои шинохтаи кишвар ёдовар шуд. Инчунин дигар журналистоне, ки дар фаъолияти касбиашон бо чунин мушкилӣ рӯ ба рӯ шудаанд, зикр карданд.
Ёдовар бояд шуд, ки вақтҳои охир дар Тоҷикистон шикастани почтаҳои электронӣ ва сомонаҳои хабарӣ бештар ба назар мерасад. Мисоли ин гуфтаҳо, чанде пеш шахсони номаълум саҳифаи фейсбукии раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва раиси Ҳизби коммунистӣ Шодӣ Шабдоловро шикаста, аз номи онҳо мукотиба ва маълумоти бардурӯғро пахш кардаанд.
http://faraj.tj/news/8830-muarrifii-amniyati-ra1179am1251-baroi-zhurnaliston.html