Дастури ПГ: Боздоштшударо гунаҳгор нагӯед!

ё ниҳодҳои қудратӣ номи боздоштшудаҳоро минбаъд ифшо намекунанд?

Аз ин ба баъд ниҳодҳои қудратии кишвар ҳар нафареро, ки ҳамчун гумонбар ба ҷинояте дастгир мекунанд, то пурра тасдиқ нашудани гуноҳаш, исми ӯро махфӣ нигоҳ медоранд. Танҳо дар он ҳолат ному насаби ӯро ифшо мекунанд, ки пурра ганаҳкор буданаш аз ҷониби суд тасдиқ шавад.

Ин тасмим ҳафтаи гузашта аз ҷониби Прокуратураи генералии кишвар гирифта шуда, бо тариқи нома аз тамоми ниҳодҳои қудартии кишвар талаб карда шуд, ки «то замони тасдиқи гуноҳи боздоштшудагон аз ошкор кардани ному насаби онҳо худдорӣ намоянд». Ин ниҳод аз вазоратхона ва идораҳои қудратии кишвар тақозо кардааст, ки ҳангоми боздошти афроди гумонбар ба амалҳои ҷиноӣ номашон ошкор нашавад. Ин дар ҳолест, ки ҳамарӯза чандин нафарон ҳамчун гумонбар аз тарафи ниҳодҳои қудратии кишвар дастгир мешаванду сомонаҳои расмии ин ниҳодҳо бо ному насаб ва санаи таваллуд ва гоҳе бо аксҳояшон хабари онҳоро пахш мекунанд. Ҳамчунин, ҳар сари чанд вақт барномаи шабакаи телевизионии «ВКД хабар медиҳад” зимни пахши гузоришҳо дар бораи афроди боздоштшуда ба ҷиноятҳои мухталиф аксу ному насаб ва чеҳраи онҳоро пахш мекунад.

Дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон 30-юми марти соли равон бо тасдиқи ин хабар гуфтааст, ки чунин нома аллакай ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар ниҳодҳои интизомӣ ирсол шудааст.

Манбаъ мегӯяд, ки Прокуратураи генералӣ аз мақомоти қудратӣ тақозо намудааст, то замони тасдиқи гуноҳи гумонбар аз тарафи суд, ному насаби онҳоро ошкор накунанд.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон тасмими чунин тақозои худро ҳифзи шаъну шараф ва ҳимояи ҳуқуқи афроди гумонбар медонад. Ин ниҳод гуфтааст, ки таҷрибаи чандсолаи гузашта нишон медиҳад, бархе афрод ҳамчун гумонбар дастгир шуда, зимни тафтиши парванда гуноҳи онҳо тасдиқ намешавад ва дар натиҷа озод мегарданд: «Вақте дар давраи боздошту таҳқиқи парвандаи гумонбар ному насаб ошкор карда мешавад, ин ба обрӯи шахси ӯ ва хешу табораш дар ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад».

Тавре ба назар мерасад, ниҳодҳои қудратии кишвар аллакай номаи Прокуратураи генералии Тоҷикистонро дастрас намудаанд ва аз ин пас азм доранд, ки гумонбаронро танҳо бо ишораи «як нафар гумонбаршуда…» дар сомонаҳои худ ҷой диҳанд.

Котиби матбуотии Агентии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди Президенти Тоҷикистон Хушнуд Раҳматуллоев мегӯяд, ки аз тарафи Прокуратураи генералии кишвар нома дарёфт кардаанд, ки дар он дар вақти пахши хабар аз ифшои ному насаби афроди гумонбар дар сомонаи агентӣ худдорӣ шавад. Ӯ гуфт, ки онҳо ин номаро мавриди муҳокима қарор додаанд ва ба прокуратура аллакай ҷавоб гардониданд, ки ҳатман ин дархост ба назар гирифта мешавад. Ҷаноби Хушнуд мегӯяд, ки аз ин ба пас ҳар нафаре, ки ҳамчун гумонбар дастгир мешавад, танҳо «як нафар бо иттиҳоми… дастгир шуд» дар сомонаи агентӣ нашр хоҳанд кард.

Зимнан, котиби матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Ҷалолиддини Садириддин низ гуфт, ки ҳамин гуна як номаро аз ҷониби Прокуратураи генралии кишвар дастрас намудаанд, аммо аз сабаби он, ки то ҳол онро мавриди баррасӣ қарор надодаанд, дар ин маврид чизе гуфта наметавонад. Аммо гуфт, ба ҳар ҳол баъд аз дастрас кардани номаи Прокуратураи генералии кишвар, ҳангоми пахши хабар дар сомона, аз овардани ному насаби афроди гумонбар худдорӣ хоҳанд кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тавре дар боло гуфтем, имрӯзҳо ҳар чор шабакаи давлатии Тоҷикистон бо номҳои мухталиф барномаеро бо унвонии «ВКД хабар медиҳад» доранд, ки дар он ному насаб ва аксҳои гумонбаршудагонро пахш мекунанд. Аммо ҳоло муайян нест, ки аз ин ба пас дастандакорони ин барнома шеваи кори худро чӣ гуна хоҳанд кард.

— Аслан, дар ин бора ман шахсан ҳанӯз соли 2004 дар рӯзномаи «Вароруд» ва боз чанд расонаҳо навишта будам, ки ифшо намудани исми дастгиршуда ва намоиш додани онҳо тариқи телевизион ғайриқонунӣ мебошад, зеро бо дастгир намудани шахс ҳоло гуноҳи ӯ исбот нашудааст ва ҷинояткор эътироф кардан хилофи Қонуни мурофиавии ҷиноятӣ мебошад,- мегӯяд Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшинос ва яке аз адвокатҳои машҳури кишвар.

Хонум Воҳидова гуфт, ки ҳам Қонуни мурофиавӣ ва ҳам моддаи 20-и Сарқонуни кишвар пешбинӣ намудааст, ки шахс танҳо дар асоси ҳукми суд, ки эътибори қонунӣ пайдо намудааст, ҷинояткор ҳисобида мешавад. Ӯ аз таҷрибаи адвокатии худ гуфт, ки буданд, ҳолатҳое, ки баъди чанд муддати дастгиркунӣ дар раванди тафтиши пешакӣ гуноҳи шахс исбот намешавад ва ӯро озод мекунанд. Аммо мегӯяд, ВАО ба номи неки ӯ халал ворид намудааст ва ин боиси он мегардад, ки шахс ба суд барои ҳимояи шаъну шарафаш муроҷиат намуда, ҷубронпулӣ талаб кунад.

— Дар ҳама ҳолат бояд эҳтимолияти бегуноҳӣ ба назар гирифта шавад. Тибқи талаботи моддаи 15 КМҶ ҶТ, ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад,- афзуд ӯ.

Воҳидова мегӯяд, ахиран Прокурори генералии кишвар бо мақсади ҳифзи шаъну шарафи шаҳрвандон ба чунин иқдом даст задааст, ки пурра дар доираи Сарқонун ва КМҶ ҶТ мебошад. Аммо дар идома қайд намуд, ки «имрӯз аллакай баъзеҳо ҳадс зада истодаанд, ки ин тасмим бо мақсади он, ки мақомот метавонад нисбат ба мансабдорон ё фарзандони онҳо бо ҳамин васила кӯмак кунанд, яъне дар ҳолати зарурӣ аз ҷавобгарии ғайриқонунӣ озод кунанду ҷомеа аз ин хабардор нашавад, хабарҳо паҳн шуда истодаанд. Ба ҳар ҳол, ин фарзия низ бояд дар мадди назар бошад».

Бархеҳо бар он назаранд, ки дар нигоҳи аввал ҳадаф аз ин талабот пас аз ба ҳабс гирифтан инсонро дар назди суд ҳамчун ҷинояткор муаррифӣ накардан аст. Аммо мегӯянд, агар бо диққат назар кунем, дарк хоҳем кард, ки мақсади аслӣ пас аз боздошт овоза накардан ва расонаӣ накардани ин воқеа аст.

Бештари коршиносон ва таҳлилгрону намоядагони ВАО ин амали Прокуратураи генералии кишварро нақзи ҳуқуқи конститутсионии инсон медонанд, зеро мегӯянд, вақте пас аз боздошт ин ҳама махфӣ мемонад, хешовандон дар чӣ ҳол қарор мегиранд. Вақте пас аз ғайб задан инсонро ҳатто аз морг пайдо намекунед, шумо бесаброна интизор мешвед, ки кай ва бо кадом ҷурм ӯро ба ҷавобгарӣ мекашанд?

Воқеан ҳам, агар аз ин зовия назар кунем, чунин менамояд, ки пас ҳар нафаре ғайб мезанад, бояд интизор шуд, ки бо кадом ҷурм ӯро ба ҳабс мекашанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз таҷрибаҳо бармеояд, ки мурофиаҳои суд на як рӯзу ду рӯз, балки моҳҳову солҳо давом мекунанд ва ин солҳову моҳҳо наздикони «гумшуда»-ро ба чӣ ҳол меорад, ҳоло муйян нест.

Раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, Нуриддин Қаршибоев гуфт, ки риояи эҳтимолияти бегуноҳии шахс ҳангоми боздошт, таҳқиқ ва баррасии парванда аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар воҷиб аст, вале дастури Прокуратураи генералӣ хилофи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар самти дастрасӣ ба иттилоот аст. Ба ақидаи ӯ, дар гумон аст, ки чунин дастуру фармонҳо ба шаффофияти фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ мусоидат намоянд: «Қонунӣ будани чунин зерсанадҳои ҳуқуқӣ бояд дар Суди конститутсионӣ баррасӣ гарданд, то ки ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишвар нақз наёбад».

Дастури Прокуратураи генералии кишвар дар ҳолест, ки чанде пештар Конфронси судҳои Тоҷикистон Кодекси нави одоби судяҳоро қабул кард, ки бар пояи он судяҳо муваззафанд хабарнигоронро ба толори мурофиаи судӣ роҳ диҳанд. Дар матни нави кодекси судяҳо, ки дар торнамои расмии Шӯрои адлия ба нашр расида, моддаи 13 таҳти унвони «Ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма” илова шуда буд, ки дар он тарзи муносибати судя бо васоити ахбори омма муқаррар карда шудааст. Дар банди яки ин модда ба судяҳо дастур дода мешавад, ки судя бояд иштироки намояндагони васоити ахбори оммаро дар толори мурофиаи судӣ таъмин кунад: «Бо дарназардошти он, ки принсипи ошкоро будани муҳокимаи судӣ ба баррасии боадолатонаи парвандаҳои судӣ равона карда шудааст, мувофиқи мақсад аст, ки судяҳо принсипи мазкурро дар мавридҳои пешбининамудаи қонун васеъ истифода намуда, имконияти озодона ба толори маҷлиси судӣ даромадани ҳамаи шахсон, аз он ҷумла намояндагони воситаҳои ахбори оммаро таъмин намоянд”.

Аммо дар банди дуюми ин моддаи кодекси мазкур омадааст, ки судя ҳангоми инъикоси фаъолияти суд бояд «мустақилият ва беғаразии”худро нигоҳ дошта, аз пахши «изҳороти беасос нисбат ба парвандаҳои мавриди баррасӣ қарордошта худдорӣ намояд”. Ин модда ҳамчунин судяҳоро аз додани ҳамагуна изҳороти оммавӣ дар мавриди парвандаҳои дар баррасӣ қарордошта ва зери шубҳа қарор додани ҳалномаҳои содиркардаи судя манъ кардааст.

Ҳуқуқшинос Сергей Романов мегӯяд, ки ба ташабусси Прокуратураи генералии Тоҷикистон набояд ҳамаи парвандаҳои ҷиноятиро рабт дод.

— Фикр мекунам, ки ҳамаи парвандаҳои ҷиноятиро набояд ба ин ташаббуси Прокуратураи генералии ҶТ рабт дод. Бояд он парвандаҳои ҷиноятие, ки нисбати ноболиғон оғоз карда шудааст, бе нишон додани ному насаби онҳо дар ҷои аввал гузошта шавад. Аз нуқтаи назари амалияи байналмилалӣ, «рағбати ҷамъиятиро интишори насаби гумонбаршуда (айбдоршаванда) то баромадани ҳукми суд, пурра сафед мекунад,- афзуд ӯ.

С. Романов аз Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар мулоҳизаҳои тартиби умумӣ ба моддаи 19 факти байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мисол оварда, қайд намуд, ки «бо мақсади самаранок анҷом додани ҳуқуқ ба дастрасии иттилоот давлат — аъзоҳо ба таври афзалият ба иттилооти ҳукумат, ки рағбати ҷамъиятӣ дорад, бояд дастрасии кушодро диҳанд».

Ҳоло ки ин нома ба бештари ниҳодҳои қудратии кшвар дастрас шудаасту онҳо аллакай ин дархости Прокуратураи генералиро амалӣ гардонида истодаанд, муайян нест, ки тақдири боздоштшудаҳо чӣ мешавад. Инро танҳо вақт нишон медиҳад…

Мазҳаб ҶУМЪА, «ФАРАЖ»

http://faraj.tj/main/8775-dasturi-pg-bozdoshtshudaro-guna1203gor-nag1263ed.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *