Озмуни волейбол миёни журналистон ба муносибати 85-солагии “Ҷавонони Тоҷикистон”

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон миёни журналистони тоҷик мусобиқаи кушод оид ба волейбол баргузор мекунад.

Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонов, сухангӯи Кумита ин озмун аз 10 то 14-уми апрел ба муносибати 85-солагии рӯзномаи Ҷавонони Тоҷикистон баргузор карда мешавад.

Дар мусобиқа дастаҳои расонаҳои чопию электронӣ метавонанд ширкат кунанд.

Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” 5-уми апрели соли 1930 нашр гардида, имсол аз таъсисёбии он 85 сол пур мегардад. Муассиси ҳафтанома Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мебошад.

http://tojnews.tj/tj/news/ozmuni-voleybol-miyoni-zhurnaliston-ba-munosibati-85-solagii-chavononi-tochikiston

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *