Барномаҳои мӯҳтавои динӣ дошта дар ҳар чаҳор телевизионҳои давлатӣ ба намоиш гузошта шуда, дар онҳо бо маърӯзаҳои илмӣ олимони диншинос, ҷомеашиносон аз Академияи илмҳо баромад хоҳанд кард.
Тавре роҳбари Шӯрои олимони Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ба рӯзноманигорон гуфтааст, мақсад аз таҳияи барномаҳои муҳтавои динӣ дошта, баланд бардоштани фарҳанги динии шаҳрвандони кишвар буда, бо ин восита поин бурдани ҳолатҳое, ки Ислом аз содир кардани онҳо чун: хушунату худкушӣ манъ кардааст, мебошад. Ғайр аз ин дар барномаҳои таҳияшаванда тамоми зарарҳои гаравидан ба созмонҳову гурӯҳҳои ифротӣ маънидод мешаванд.
Мушкилоти хушунати хонаводагиву худкушӣ ва ифротӣ шудану пайвастан ба созмонҳои террористӣ аз надоштани фарҳанги динӣ сарчашма мегирад.
Ба қавли Абдуқодирзода, айни ҳол раванди омодагӣ ба пахши барномаҳо идома дошта, Шӯрои уламо дар ҷустуҷӯи ровиёни барнома ва пайдо кардани маводҳои бештар дар ин самт чораандешӣ карда истодааст.