Машварати ҳуқуқӣ дар ҳафтаномаи навтаъсиси “Ҳамқадам”

Масъулини Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар шаҳри Қурғонтеппа бо хабарнигорони ҷавони ҳафтаномаи “Ҳамқадам”, ки ахиран бо кумаки молии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ва созмони ҷаъмиятии “Ҳамқадам” таъсис ёфт, мулоқот намуда, дар мавриди ҷоннок намудани кор ва дастрасӣ ба иттилоот суҳбат анҷом доданд.

Хабарнигорони ин ҳафтанома, ки бештарашон корро аз ин ҷо шуруъ кардаанд, аз Раҳмоналӣ Давлатов дар мавриди гирифтани иттилоот тариқи телефон ва навиштани дархост суол карданд ва ба суолҳои худ ҷавобҳои дақиқ гирифта гуфтанд, ки омода ҳастанд дар ояда ба АМВАОМТ ҳамкорӣ кунад.

Намояндагони АМВАОМТ дар Қурғонтеппа ба хабарнигорони ҷавон бештар дар бораи қонунҳо, ва нафиштани дархостҳо суҳбатҳо намудаанд.

Ин маротибаи дувум аст, ки масъулини ҳафтаномаи “Ҳамқадам”бо намояндагони АМВАОМТ суҳбат намуда машварати ҳуқуқ ӣ мегиранд.

Хабарникогори шабакаи мониторинги АМВАОМТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *