Намояндагони Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар вилояти Хатлон бо роҳбарият ва хабарнигорони маҷалаи “Мактаб”-и раёсати маориф ва илми ин вилоят дар мавриди дастрасӣ ба иттилоот ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” суҳбат анҷом додаанд.
Озар, журналист ва шоир, ки ҳамзамон сармуҳаррири маҷалаи “Мактаб” аст, бо Ашуралӣ Ҷорубов, хабарнигори ин маҷала, донишҷӯёни коромӯзи он ба ҳуқуқшиноси АМВАОМТ Раҳмоналӣ Давлатов бештар дар бораи дастрасӣ ба иттилоот ва меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ суол додаанд.
Ҳуқуқшиноси АМВАОМТ дар Қурғонтеппа ба саволҳои онҳо посухи қаноатбахш дода, дар мавриди ҳуқуқҳои хабарнигорон бештар суҳбат намуд.
Масъулини маҷалаи “Мактаб” гуфтанд, ки онҳо бештар бо хабарнигорони ҷавон, ки ба коромӯзи меоянд кор мекунад ва бояд пеш аз ҳама меъёрҳои ахлоқии журналистиро донанд ва инчунин дониши ҳуқуқӣ дошта бошанд.
Маҷалаи “Мактаб” мақолаҳои илмӣ, лавҳаҳо аз ҳаёти омӯзгорони ботаҷриба ва хабару гузоришҳои соҳаи маорифро дар моҳе як маротиба нашр мекунад.
Хабарникогори шабакаи мониторинги АМВАОМТ