Дар маросиме бахшида ба 103-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик барандагони ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ миёни журналистон эълон шуд.
Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон эълон кард, ки дар бахши телевизион Нигинаи Мӯъмин, хабарнигори шабакаи телевизионии “Сафина”, дар бахши радио Абдуғаффор Убайдуллоев, дар бахши илм ва таълими журналистика Масрури Абдулло ва Сироҷиддин Икромӣ, дар бахши матбуот Абдувоҳиди Зевар ва Шукур Эркинов барандаи ҷоизаи номи Абулқоим Лоҳутӣ дониста шуданд.
Ҳамчунин, Рухшонаи Ҳаким ва Одили Нозим, ба гирифтани ҷоизаи ба номи профессор Воҳид Асрорӣ мушарраф гардиданд.
Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ соли 1968 таъсис ёфтааст ва ҳар сол барои беҳтарин дастоварди рӯзноманигорӣ дар Рӯзи матбуот тақдим мегардад.
http://www.tojnews.org/tj/news/eloni-barandagoni-choizai-ba-nomi-abulkosim-lokhuti-dar-soli-2014