Давлатшо Гулаҳмадзода аз таъсиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони ВАО пазироӣ намуд

Дар рӯзи матбуоти тоҷик 11 март Давлатшо Гулаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон дар суҳбат ба намояндаи АМВАОМТ дар шаҳри Қурғонтеппа таъсиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони ВАО дар ин вилоятро падидаи нав арзёбӣ намуда изҳори хушҳолӣ намуд.

Дар рӯзи матбуоти тоҷик, ки дар Хатлон ҳудуди 70 хабарнигорон аз расонаҳои мухталиф дар ҳузури Давлатшо Гулаҳмадзода будаанд. Намояндагони АМВАОМТ ба онҳо дар мавриди таъсиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони ВАО хабар доданд, ки хушҳол шуда, инро як хабари нав арзёбӣ намуда, хуб пазирои намудаанд.

Инчунин Давлатшо Гулаҳмадзода гуфт, ки тибқи қонун ҳар хабарнигор озодона метавонад, ки азои ин кумита шавад ва фаъолият намояд.

Кумитаи иттифоқи касабаи кормадони ВАО вилояти Хатлон, ки бо кумаки молии ва ҳуқуқии АМВАОМТ таъсис шудааст, рӯзи матбуот аъзоашро, ки зиёда аз 100 нафар ҳастанд, ба 103-солагии матбуоти тоҷик табрик намуд.

Хабарнигори хадамоти мониторинг

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *