Таронаи сиёсӣ ба истиқболи 103 — солагии матбуоти тоҷик
Иди касбӣ дорем. Аммо ҳеҷ ҳарфе барои табрики худу ҳамкасбон надорем. Зарур ҳам нест. “Ранг бину ҳол пурс”.
Ҳолу рӯзгори хароби мо ҳеҷ дар расонаҳоямон тасвир намешавад. Агар гуфта шавад, кайфи хонандагону шунавандагону бинандагони моро мепарронад.
Хаппу дам нашрияҳо баста мешаванд. Тиражи рӯзномаҳо поён меоянд. Агар 10 ҳазор буд, ним, 4 ҳазор буд, 2, 3 ҳазор буд, 1,5 ҳазор кам шудааст. Тираж поён, “возврат” боло меравад. Ва як рӯз ҳама “0” хоҳад шуд.
“Магнат” — ҳо аз ин, ки замони “мастӣ” нашрияҳоро қаторак карда буданд, аз афсӯсу надомат сар медоранд. “Газет да биё, бача. Арзон шуд!”. Чӣ тур ин матоъи бебаҳоро фурӯшам? Чӣ тур аз он халос шавам, ки худашро намепӯшонад?
Ҷон меканем, ки барои бинандаамон гузориш омода кунем. Аммо касе онро намебинад. Агар бинад, бовар намекунад, зеро он чиро намебинад, ки худ мебинад ё дидан мехоҳад. Мо он чиро нишон медиҳем, ки мо мебинем. Ҳатто мекӯшем, он гуна бинанд, ки мо мебинему мехоҳем бинад. Мебинад, ки мо чӣ тавр воқеиятҳоро “ҳиҷоб” мепӯшонем.
Ончиро намехонад, ки мебинад. Гирду бари мақсад мегардем, аммо мақсадро намегӯем. Хонандаи мо, ки бо умед ба сӯи об мешитобад, чашмаро хушкида мебинад. Ва аз ин гизалатар мешавад, ки мо дидаву дониста мехоҳем ӯро ба лаби об ташна бурда, ташна биёрем. Шояд донотар аз мо касе набошад?
“Аз бало ҳазар!” Вой бар мо, ё вой бар онҳо.
Чаро моро хонанд, чаро моро бинанд, чаро харанд?
Ҳол он, ки бояд моро қабул кунанд! Зеро замони тафтиаҳои бузург аст. Мардум бештар аз посух суол дорад. Мехоҳад донад, фаҳмад, ки бо ӯву фарзанди ӯ ва сарзамини ӯ чӣ хоҳад шуд? Тоҷикистон рушд мекунад? Барои муҳоҷирин чӣ сабукӣ медиҳанд? Доллар поён меояд, рубл боло меравад? Интихобот чаро чунин шуд? ҲНИТ — ро мебанданд? Роғун сохта мешавад? Чаро тоҷикон ба Сурияву Ироқ мераванд? “Облава” бас шуд? Чаро фалон вазир 3 ҳазор сомонӣ маош дорад, аммо бо мошини 100 ҳазор доллара мегардад? Чаро бачаи фалонӣ ба фарқи “алиф” аз “бе” намераваду “боло” меҷаҳад, рушд мекунад, аммо бачаи камбағал дар ҳамон “поён” — ҳо жӯлида мегардад? Чаро шиносномаро аз буд зиёд тиҷорат мекунанд? Чаро барқ нест? Кай дар Тоҷикистон озодии баён мешавад? Дарди дили мардумро кӣ мешунавад? Тоҷикистон давлати демократӣ мешавад ё монархияи авлодӣ?
Ва садҳо мазӯи дигар аст, ки ҳарфи наву биниши навро мехоҳанд. Посухи ин ҳамаро аз мо мехоҳанд, мо аз “боло” — ҳо.
Вақте мо дидаву дониста, ба воқеият чашм мепӯшем, балки аз бараш мехоҳем тавре гузарем, ки гӯё намегузарем, балки ин тасодуф аст, ки мо аз бари он мегузарем, ҳатто мехоҳем он қадар хурд шавем, ки ҳатто ҳамон воқеият ҳам моро набинад, чаро моро бояд эҳтиром кунанд, хонанд, шунаванд?
Замоне чунин буд, ки медидему азоби виҷдон мекашидем. Рисолати касбӣ моро намегузошт, ки аз бари воқеиятҳои талх нагузарем, балки истем, вориди он шавем, ба умқаш расем, онро бозгӯем ва худрову виҷдони худро ором кунем.
Он замон моро мехонданду медиданд. Нафрат мекарданду дӯстамон медоштанд. Инро дарк мекарданд, ки мо қувва ҳастем, умуман ҳастем, пушти мо қонун аст, озодии баён аст ва қудрате, ки ин ҳамаро ҳимоят мекунад.
Ҳоло ин ҳама нест. Балки умуман чизе нест. Дармеёбем, ки он “спектакл” барои грантҳои хориҷӣ будааст. Он қудрате, ки барояш грант зарур буд, ҳаққу ҳуқуқи моро муроот мекард. Намегузошт, ки кадом фосиди қонуншикан ва молимардумхӯр ба озодии мо дастдарозӣ кунад. Мехост, ки мо гӯему кори онҳоро осон кунем.
Моро ҳамроҳу ҳамсафар медонистанд. Оина дар баробари дӯст.
Ҳоло ин қудрате, ки замоне озодии баёнро пуштибонӣ мекард, ё сер шудааст, ё ба ин расидааст, ки дигар озодӣ мақсад ё истгоҳи охирини на фақат аҳли қалам, балки ватан ҳам нест. Умуман демократия ба манфиати он намехӯрад. Ё гранте, ки барои он мегирад, кофӣ нест? Ё фаҳмидаанд, ки роҳи озодӣ роҳи онҳо нест, балки ин хатар ба “амнияти миллӣ” аст. Ё умуман ҳамон қудрат нест?
Ҳоло хорем. Хор дар пои камтарин як нохалаф, ки озод моро мегираду ба як кунҷ мепартояд.
Ҳоло аз як калимаи “ноҷо” — и рӯзноманигоре дар ин кунҷи аз ёди Худо ҳам рафтаи дунё “амният” — и кишваре, минтақае, паҳное, ҷаҳону ҳатто коинот вобаста аст. Агар ин калима гуфта шавад, қонунҳои замину осмон, қонунҳои Ому Нютон аз байн мераванд, қонуни хаос меояд ва башарият рӯ ба суқут меорад. Иқтисодҳо барҳам мехӯранд, душманони хориҷиву ҳамдастони дохилии онҳо ба таҳрик меоянд, террористҳо пайдо ва ҷангҳо шуруъ мешаванд. Шаб ба рӯз, рӯз ба шаб табдил меёбад. Дигар ҳатто рангҳоро намешавад ташхис кард, тафовут дод.
Мо “зомби” шудаем. Воқеиятҳое, ки ба даркашон аслан намеравем, моро асир кардаанд. Он гуна воқеиятро мебинем, ки ба мо менамоянд. Ва ҳаминро шарм накарда, ба мардум мегӯем. Ҳамон кӯдак хуб аст, ки гуфта буд: “Шоҳ луч аст!”
Мо чунин гуфта метавонем? Ҳеҷ гоҳ!
Ба ман нарасед, ба шумо намерасам!
Шояд умуман пурсем, ки оё вақти қалам аст? Вақти қаламе, ки маълум нест дар дасти мо чӣ кор мекунад?
Ҳар чӣ набошад, идатон муборак, рӯзноманигорони Тоҷикистон!
Бознашр аз «Нигоҳ «№50 (432). Чоршанбе, 11-уми марти соли 2015
Copyright © 2015 TojNews