Табрикоти Раиси Иттифоқи журналистон ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик

Акбаралӣ Сатторов, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қаламкашони кишварро ба муносибати иди касбиашон табрик кардааст:

“Ҳамкасбон ва ҳамқаламони гиромӣ!

Дунёи зудтағйирпазири пуртазод имрӯз дучори бӯҳрони шадиди маънавист. Иттилоот чун манбаи асосии ташаккули тафаккур ва инкишофи ҷомеа қимати худро аз пештара бештар афзун намудааст. Даргириҳои минтақавӣ, авҷи ҷудоихоҳӣ ва аз самти муқобил томгароии комил рӯз аз рӯз ба кору фаъолияти Васоити ахбори умум таъсири амиқ мегузоранд. Дар чунин ҳолат кормандони ВАО бо мушкилиҳои хатарзо рисолати хешро иҷро менамоянд. Боиси таассуф аст, ки қатл ва таҳдиди журналистон аз ҷониби гурӯҳу шабакаҳои тундгаро ва экстремистӣ пайваста сурат мегиранд. Ин боиси коҳиши озодии виҷдон, сухан ва дастрасии ВАО ба иттилооти муътамад мегардад.

Ҳамзамон, бӯҳрони иқтисодӣ, афзоиши қимати маводи чопӣ, таҳоҷуми иттилоотӣ ба матбуоти катбӣ Васоити ахбори умумро барои адои хизмати касбӣ сади роҳ гаштааст. Ин равандҳо аз мо —  кормандони ВАО ваҳдати касбӣ, ҳамраъйӣ, ҷасорату шуҷоат, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти баланди ҳирфаиро тақозо менамоянд.

Боиси хушнудист, ки матбуоти тоҷик сарфи назар аз чунин мушкилот ва монеаҳо рисолати касбияшро сарбаландона иҷро менамояд.

Инак, дар Рӯзи матбуоти тоҷик барои ҳамкасбон, ҳамқаламон, шарикон ва кулли ҳаводорони матбуот пирӯзиҳои касбӣ, сарбаландӣ, тансиҳатӣ ва эҷоди созанда таманно дорам. Бигзор, матбуот чун минбари озод ва инъикосгари вазъи воқеии ҷомеа хидмати беғарази худро минбаъд низ ба сомон расонад.

Ид муборак!”

Copyright © 2015 TojNews

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *