Созмони байналмилалии «Гузоришгарони бидуни марз» дар арафаи рӯзи 1 март ба унвони ҳукумати Тоҷикистон бо изҳорот муроҷиат намуд. Дар изҳороти мазкур хоҳиш кардааст, ки аз фишор ба журналистон дар ҷараёни инъикоси маъракаи интихоботӣ даст кашида, ба ҳаёти шахсии журналистон дахолат накунанд.
Созмони «Гузоришгарони бидуни марз» аз вазъи номусоиди фаъолияти хабаргузориҳо изҳори ташвиш намуда, қайд кардааст, ки интихоботро дар мамлакате, ки дастрасӣ ба иттилоот таъмин нест, демократӣ номидан мушкил аст.
Тавре дар изҳорот зикр гаштааст, беш аз 4 миллион шаҳрвандон ба интихобот даъват шудаанд ва дар назари аввал барои барпошавии интихобот шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, вале вазъи озодии сухан ва дастрасӣ ба иттилоот ҳолати баръаксро намоиш медиҳад. «Гузоришгарони бидуни марз» хотиррасон намудааст, ки Тоҷикистон дар ҳисоботи «Шохиси озодии матбуот» (2015, World Press Freedom Index), ки созмони мазкур мураттаб гардондааст, дар байни 180 кишвар дар мақоми 116 қарор дорад.
Ҷоҳан Бир, роҳбари шӯъбаи созмони «Гузоришгарони бидуни марз» дар Осиёи Марказӣ гуфтааст, ки «бидуни гуногунандешӣ дар ВАО ва бидуни озодии дастрасӣ ба навигариҳо ва иттилоот демократия вуҷуд надорад. Тамоюли бадшавии вазъи озодии сухан бошад дар Тоҷикистон идома дорад. Дар арафаи интихобот мо аз ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш менамоем, ки барои шаҳрвандони кишвар тамоми шароит барои дастрасии интилоотро таъмин гардонад. Мо аз аҳли ҷомеаи ҷаҳон хоҳиш дорем, ки ба Душанбеи расмӣ ӯҳдадориҳои ба зимма доштааро хотиррасон намоянд ва даъват ба амал оранд, ки барои нақзи сарорасии аслҳои бунёдии демократӣ масъулият доранд».
Дар изҳороти «Гузоришгарони бидуни марз» инчунин бо ишора ба хабарҳои журналистони мустақил хабар дода шудааст, ки «журналистон ба воситаи почтаҳои электронӣ ва СМС-паёмҳо огоҳ карда шудаанд, ки маводи танқидӣ нанависанд, дар акси ҳол муфассалоти ҳаёти шахсиашон дастраси аҳли ҷомеа мегардад».
«Чунин усули бадномсозӣ шоҳиди дар мамлакат васеъ паҳн гаштани низоми таъқибот аст, — гуфта шудааст дар изҳорот. – Баъзе журналистони мустақил дар давраи маъракаҳои интихоботӣ нишони бадномсозӣ аз тариқи ВАО расмӣ, инчунин аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, ҳаёти шахсиашон бепарда намоиш дода мешуд».
«Гузоришгарони бидуни марз» инчунин хотиррасон менамояд, ки рӯзи 16 феврал изҳороти муштаркаи се созмони рӯзноманигории Тоҷикистон – Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон, ИЖТ ва Шӯрои ВАО Тоҷикистон пахш гардида, дар он талаб намудаанд, ки «ҳамла ва амалҳои барои монеа эҷод намудан ба фаъолияти касбии журналистон», сӯистифода аз воситаҳои ахбори омма ба мақсадҳои сиёсӣ ва мудом дахолат намудан ба ҳаёти шахсии журналистони мустақил қатъ карда шаванд
Минбаъд дар изҳороти «Гузоришгарони бидуни марз» гуфта мешавад, ки «дар шароити гуногунандешии нокифоя дар ВАО маъракаи пешазинтихоботӣ сокиту ором гузашт, рақобати сиёсӣ яктарафа сурат гирифт. Ҳукумат қариб ҳамаи пойгоҳҳои пахши иттилоотро назорат мекунад.
«Гузоришгарони бидуни марз» хотиррасон менамояд, ки дар Тоҷикистон дар фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ ва видеохостинги Youtube мудом монеаҳо эҷод карда мешаванд. Дар изҳорот инчунин хотирнишон шудааст, ки баъд аз изҳороти «Гурӯҳи -24», эълони намоиш дар Душанбе, боздошти Александр Содиқов дар Бадахшон интернет қатъ гардид. Бо чунин амалҳои репрессивӣ, ки гӯё ба хотири пешгирӣ намудани ташаннуҷ дар мамлакат амалӣ гардонда шуда, бо ҳамин васила ҳукумат ҳаросашро аз мухолифон пинҳон медорад ва онҳо метавонанд боиси такрор гаштани воқеаҳои солҳои 1992-1997 гарданд», зикр гаштааст дар изҳорот.
Гузоришгарони бидуни марз.