Сатҳи касбии хабарнигорони радиёи «Озодӣ» ба ҳадде буд, ки бори аввал дар таърих барномаи видиёии он дар телевизиони давлатии «Ҷаҳоннамо» пахш шуд.
Дирӯз, 25-уми феврали соли 2015, соати 19 – вақте ки шумораи тамошобинони шабакаҳои телевизионӣ ба маротиб меафзояд, ба таври ғайричашмдошт шабакаи иттилоотии «Ҷаҳоннамо» мусоҳибаи хабарнигори Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ Мӯъмин Аҳмадӣ бо муовини аввали раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзодаро пахш кард. Бояд гуфт, ки аз миёни мусоҳибаҳои Давлатзода, ин мусоҳибаи аз ҳама профессионалӣ буд.
Дар рафти ин мусоҳиба асосан масъалаҳои вобаста ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон, фаъолияти ҲХДТ, шахсият ва хислатҳои раиси ҲХДТ – президенти Тоҷикистон, ҳамчунин кору фаъолияти худи собиқ мушовири президент Сайдмурод Фаттоҳзода мавриди баррасӣ ва баҳогузорӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, оид ба шарту шароитҳои ҳизбҳои сиёсии мамлакат дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ сухан гуфта шуд ва Сайдмурод Фаттоҳзода зикр кард, ки: «Ҳавзаҳои интихоботӣ барои ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ нақшаи муайян тартиб додааст ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ шароит фароҳам меорад. Ин тараф аз худи ҳизб вобаста аст, ки то куҷо қобилияти ташкилотчигӣ дорад, ки мардумро ҷамъ оварад. Намехоҳам ба шаъни дигар ҳизбҳо бирасам, аммо воқеият ин аст, ки аксаран қобилияти ҷамъ кардани интихобкунандагонро надоранд. Ҳатто то ҷое медонем, ҳизби наҳзате, ки даъвои доштани ҳазорон тарафдорро мекунад, дар вохӯриҳояшон аз 10 то 15 нафар ҷамъ мешаванд, дар баъзе минтақаҳо умуман ҷамъ намешаванд. Тавре хабарҳо нашр шуд, ҳатто дар вилояти Суғд мардум раҳбари ҳизби сиёсии онҳоро барои сӯҳбат қабул накарданд. Дар наворҳои нашршуда дида мешуд, сокинон онҳоро ҳамчун гунаҳкори ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо ва гунаҳкори паҳнкунандаи идеологияе, ки имрӯз ҷавонони моро ба кишварҳое мисли Сурияву Ироқ то як андоза талқин мекунаду онҳо он ҷо ҳалок мешаванд, қабул кардаанд. Ҳодисаҳое, ки дар Ироқу Сурия рух медиҳанд, мисли зинда оташ задани халабони урдунӣ, сар буридани даҳҳо насронии Миср аз ҷониби гурӯҳи «Давлати исломӣ», буридани сари садҳо гаравгони дигар, албатта, ҳамаи ин таъсири худро ба ҷомеаи мо мерасонад ва назари ҷомеа ҳам дар мавриди ҳаракату ҳизбҳое, ки бо истифода аз номи ислом амал мекунанд, тағийр меёбад».
Бояд гуфт, ки шабакаи иттилоотти «Ҷаҳоннамо» асосан бо истифода аз хабару гузоришҳои видеоии шабакаҳои хабарии минтақа ва ҷаҳон муддати 24 соат дар як шабонарӯз барои сокинони Тоҷикистон гузоришу барномаҳои иттилоотӣ пешниҳод мекунад. Вале ин бори аввал аст, ки дар арафаи интихоботи парлумонӣ шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» мусоҳибаи хабарнигори «Радиои Озодӣ»-ро бо муовини аввали раиси ҳизби ҳукмрони Тоҷикистон – ҲХДТ дар соати маъмулии тамошои телевизион пешкаш мекунад.
Faraj.tj
http://faraj.tj/news/8276-sensatsiya-ozod1251-dar-1206a1203onnamo.html