Кумитаи телевизион ҲНИТ-ро ба истеҳсоли ғайриқонунии наворҳо муттаҳам кард

Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ аз пахши наворҳои тарғиботии Ҳизби наҳзати исломӣ саркашӣ карда, ба дархости ин ҳизб ҷавоби рад додааст.

Кумита дархости ҲНИТ-ро дар мавриди иҷозати пахши се навори тарғиботии пешазинтихоботӣ, бинобар ин ки, гӯё истеҳсоли он «хилофи қонунгузории ҶТ» будааст, рад кардааст.

Дар мактубе, ки бо имзои Сайдалӣ Сиддиқ, муовини аввали раиси Кумита дар посух ба дархости ҲНИТ ба раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ирсол шудааст, гуфта мешавад, ки «Тибки моддаи 17-и Қонуни ҶТ «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», фаъолияти истеҳсол ва паҳн кардани маҳсулоти аудиовизуалӣ бояд тибқи иҷозатнома сурат гирад, ки онро Комиссияи литсензионии Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ медиҳад”.

Саидалӣ Сиддиқов ҳамчунин навиштааст: “Маводе ки аз ҷониби ҲНИТ ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ пешниҳод шудааст, мутаассифона, бе иҷозатнома аз ҷониби студияи истеҳсолкунандаи маводи аудиовизуалии барои мо номаълум истеҳсол шудааст, ки ин хилофи қонунгузории ҶТ мебошад.»

Дар ин мактуб ҳамчунин ба ҲНИТ тавсия дода мешавад, ки «Барои гирифтани иҷозатнома шахси хуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ бояд ба ин Комиссия ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод намояд, ки номгӯи онҳо дар моддаи 9-и Қонуни номбурда зикр шудааст. Комиссия баъди дастрас намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аризаро баррасӣ намуда, қарори дахлдор қабул менамояд.»

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ мегӯяд, ки наворҳо истеҳсоли кадом студияи касбии ё ғайриқонунӣ нестанд. Онҳо аз ҷониби худи масъулони ҳизб бо истифода аз наворҳои бойгонӣ таҳия шудаанд.

http://tojnews.tj/tj/news/kumitai-televizion-khnit-ro-ba-istekhsoli-gayrikonunii-navorkho-muttakham-kard

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *