Журналист Ҷамила Ҳусейнова объекти таҳдиди коркунони нақлиёт

Ҷамила Ҳусейнова имрӯзҳо объекти таҳқиру таҳдиди одамони номаълум қарор гирифтааст.

Дар ин маврид худи Ҷамила дар саҳифаи Фейсбукиаш навиштааст. Тавре вай менависад, рӯзҳои охир 7 нафар одамони гуногун аз минтақаҳои гуногуни мамлакат ба вай занг зада, таҳқиру таҳдид мекунанд. Ба андешаи Ҷамила ашхоси мазкур роҳбарони муассисаҳои нақлиётї мебошанд.

Ҷамила Ҳусейнова навиштааст, ки рӯзи 17 феврал дар назди хонае, ки вай дар он истиқомат дорад, одамони ношинос пайдо шуда, аз кӯча тирезаҳои хонааро аккосї намуда, аз ҳамсояҳо дар бораи зиндагии вай пурсон шудаанд. Ҷамила инчунин навиштааст, ки ронандагони таксиҳои маршрутие, ки вай одатан ба воситаи онҳо то ҷойи кораш сафар мекунад, рӯзҳои охир бо вай муносибати сард мекунанд.

Ба андешаи журналист, сабаби ҳамаи фишору таҳдиду таъқиботи мазкур маводе мебошад, ки вай тулии ду моҳи охир дар мавзуи иҷрои Қарори №702 Ҳукумати ҶТ менависад. Журналист аз ҷумла навиштааст, ки вай аз ҷумла дар бораи маблаѓҳое менависад, ки коркунони Хадамоти давлатии танзим ва назорати нақлиёти пойтахт аз ронандагон мегиранд ва чунин мавод ба роҳбари хадамоти мазкур Файзиддин Камолов писанд нест.

Хадамоти мониторинги АМВАОМТ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *