Қаршибоев: Марказҳои қабули қарор волоияти қонунро риоя намекунанд

16-уми феврал созмонҳои журналистии Тоҷикистон бо пахши як баёния изҳори  нигаронӣ карданд, ки мақомоти давлатӣ пеш аз интихобот аз журналистон сӯистифода мекунанд.Дар изҳороти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, НАНСМИТ ва Шӯрои ВАО гуфта мешавад, ки мақомоти алоҳидаи давлатӣ журналистонро дар рақобати сиёсӣ чун силоҳ истифода бурда, дар матолибашон принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ дида намешвавад.

ТojNews дар бораи ин изҳорот бо чанд суол ба Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани расонаҳои миллии мустақили Тоҷикистон (НАНСИМТ) муроҷиат кард. Ибтидо аз ӯ суол кард, ки созмонҳои журналистии Тоҷикистонро чӣ водор кард, ки ин гуна изҳорот пахш кунанд?

Нуриддин Қаршибоев: — Ҳамкасбони мо аз ШТР «Азия»-и Хуҷанд ба унвони Шӯрои ВАО ва дигар созмонҳои журналистӣ муроҷиат намуданд, то ба пахши маводе, ки эҳтимолияти бегуноҳиро сарфи назар мекунад, баҳои ҳуқуқию ахлоқӣ бидиҳем. Ҳамзамон, мову шумо шоҳиди чандин мақолаву гузориш дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастем, ки муғризона, ба хотири сиёҳ кардани ҷониби мухолиф дар арафаи интихобот пахш гардидаанд. Гузашта аз ин, гуруҳҳои алоҳида ба ин амалҳои ноҷавонмардонаи худ рузноманигоронро шомил карда, бо пахши иттилооти маҳрамона ба обрую имиҷи онҳо лакнат ворид мекунанд. Мо ба хотири бори дигар нақз нашудани ҳуқуқи ҳамкасбонамон дар изҳорот аз онҳо ном набурдем. Вале маълумот дар бораи ҳамлаҳои иттилоотӣ нисбати 5 рӯзноманигорро дар даст дорем, ки миёни онҳо намояндаи расонаи давлатӣ низ ҳаст.

ТojNews: — Маъмулан дар арафаи ҳар интихобот ин гуна ҳамлаҳо ба матбуот сурат мегиранд. Масалан, пештар сайтбандиҳову аз чоп боздоштани нашрияҳоро медидем. Аммо ин бор мушоҳида мешавад, ки аз шеваи бархӯрди ба истилоҳ “шантаж” истифода мешавад? Ин чӣ аст: нишони заъф ва ё равиши тозаи бархӯрд бо мухолифон?

Нуриддин Қаршибоев: — Сабабҳои чунин бархӯрд ба рӯзноманигорон гуногун аст, вале ин амал ғайриқонунӣ сурат гирифта, қобили қабул дар ҷомеаи демократӣ нест. Баъзе аз маводи баҳсбарангез маҳсули кори «фабрикаи ҷавоб» аст, дигаре аз ҷониби марказҳои қабули тасмими ниҳодҳои марбут ба ҳукумат сурат мегирад, ки волоияти қонунро риоя намекунанд.

Роҳбарияти сиёсии кишвар борҳо зарурати таъмини интихоботи демократӣ, одилона ва шаффофро таъкид кардааст. Аз ин лиҳоз, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пеши роҳи рақобати носолимро бояд бигиранд, то ки мардум имконияти воқеии интихобро дошта бошад. Таҳмил кардани назари худ бо ҳар роҳу усулҳои нав хилофи меъёрхои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ аст. Албатта, ҷомеаи рӯзноманигорӣ чунин бархӯрдро ба мухолифи ҳукумат маҳкум мекунад, зеро чунин аъмол хилофи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ мебошад.

ТojNews: — Андешаи Шумо дар бораи пахши матолиби басҳбарангез дар бораи мухолифиони ҳукуматӣ чӣ аст?

Нуриддин Қаршибоев:  — Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон таъмини дастрасии аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ ба ВАО, яъне тарғиботи пешазинтихоботии онҳо бештар ба уҳдаи расонаҳои давлатӣ ҳастанд. Ҳамзамон, нашрияю радио ва телевизионҳои мустақил дар ин маърака ба хотири баланд бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва огаҳии мардум аз раванди интихобот саҳм мегиранд. Рӯзноманигор ҳангоми иҷрои вазифаи касбиаш бо ашхоси гуногун дар тамос мешавад. Ин омил набояд боиси тавҳину таҳқир ва аъмоли дигари фишороварӣ гардад.

ТojNews: — Оё ҷомеаи журналистӣ омода аст онҳоеро ҳам маҳкум кунад, ки дар баробари мухолифон ва фаълони ҷомеаи шаҳрвандӣ матолиби фармоишӣ менависанд?

Нуриддин Қаршибоев: — Дар арафаи интихобот расонаҳо метавонанд маводи фармоишӣ интишор намоянд, вале ин амал бо тавозуни назар, воқеъбинона ва дар доираи қонун бошанд. Маводи фармоишӣ бо мақсади ғаразнок, ба хотири сиёҳ кардани рақиби сиёсӣ, бидуни асоси қонунӣ, далелу бурҳони қотеъ қобили қабул нест. Ҳамзамон, мутобиқи меъёрҳои ахлоқӣ таърифу тавсифи зиёд низ хилофи ахлоқи рӯзноманигорӣ мебошад.

ТojNews:  — Вазъи матбуоти мустақил дар арафаи интихобот чӣ гуна аст? Ва ин матбуот то куҷо заъф дорад ва то куҷо муваффақ будааст?

Нуриддин Қаршибоев:  — Матбуоти мустақил дар марҳалаи ҳассос қарор дорад. Риояи бечунучарои меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии фаъолияти журналистӣ метавонанд онро дар хатарҳои ошкору пинҳонӣ эмин дорад.

Copyright © 2015 TojNews

http://www.tojnews.tj/tj/news/karshiboev-markazkhoi-kabuli-karor-voloiyati-konunro-rioya-namekunand

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *