ш.Душанбе 16 феврали соли 2015
Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ), Шӯрои ВАО Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) бо сабаби дар ВАО ба табъ расидани маводе, ки дар онҳо асли эҳтимолияти бегуноҳии шахс риоя нагардида, истифодаи журналистон ҳамчун олоти муборизаи сиёсӣ ба назар мерасад, изҳори нигаронӣ намуда, ҳамаи тарафҳои раванди интихоботро даъват мекунанд, ки аз рақобати беинсофона даст кашанд ва ба озодии баёни андешаҳо дар давраи интихобот дар Тоҷикистонро эҳтиром гузоранд.
Бо вуҷуди борҳо эълон гаштани иродаи роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди дар мамлакат барпо намудани интихоботи баробар, одилона, шаффоф ва демократӣ, баъзе марказҳои қабули қарорҳо ба манфиати гурӯҳҳои алоҳида ва қувваҳои сиёсӣ ВАО ва шабакаҳои иҷтимоиро барои бадномсозии рақибонашон истифода мебаранд. Ба хизмати мақомоти ҳифзи тартибот оид ба таъмини суботи ҷомеа, муборизаи онҳо бо унсурҳои ҷиноятпеша арҷ гузошта, дар баробари он қайд менамоем, ки намоиш ва интишор додани иттилоот дар ВАО электронӣ ва матбуот дар бораи қонунвайронкуниҳо набояд ҳадафи сиёсӣ ё ғайр дошта бошад, зеро фақат суд метавонад гуноҳи одамро муқаррар намояд. Тибқи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии фаъолияти журналист, воситаҳои ахбори омма ва журналистон ҳангоми инъикоси парвандаҳои ҷиноятӣ бояд аз пешдоварӣ (ҳакамӣ) оид ба гунаҳкор будани ин ё он шахс худдорӣ кунанд. Вале асли мазкур дар маводи омоданамудаи марказҳои матбуотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷумҳурӣ на ҳамеша риоя мегардад.
Ҳамзамон, вақтҳои охир ҳамла ба журналистони мустақил дар намуди таъқиб, фишори равонӣ, паҳн намудани иттилооти ба ҳаёти шахсӣ алоқаманд дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида мегардад, ки ҳададфи онҳо дар назди ҷомеа бадном кардани онҳо мебошад. Одамон таҳти имзоҳои мустаор иттилоотеро истифода мебаранд, ки ба сирри шахсӣ ва касбии журналистон дахл дошта, шаҳодати ғайриқонунӣ дастрас шудани иттилооти истифодааш маҳдуд мебошад. Баъзе журналистоне, ки худро ба тоифаи ашхоси озодандеш ва мустақил маҳсуб медонанд, ҳадафи чунин ҳамла қарор гирифтаанд.
Мо комилан мутмаин ҳастем, ки журналистон набояд барои фаъолияти касбиашон, изҳороти иғвогарона ё танқидие, ки номзадҳо дар интихобот ба унвони аҳзоби дигар, номзадҳои дигар, ҳукумат ё муассисаҳои давлатӣ мегӯянд, ҷавобгарии ҳуқуқӣ ё масъулияти дигаре дошта бошанд.
Мо аз Ҳукумати ҷумҳурӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат даъват ба амал меорем, ки ҳолатҳои зуҳури хушунат, тарсондан ва монеа эҷод намудан ба фаъолияти касбии ин ё он намояндаи ВАО-ро пешгирӣ намуда, таҳқиқи мунсифонаи марбути чунин ҳолатҳоро ба роҳандозӣ намоянд, то ки амнияти журналистон, махсусан дар давраи раванди интихобот, таъмин бошад.
Акбаралӣ Сатторов, раиси ИЖТ,
Нуриддин Қаршибоев, раиси АМВАОМТ ва Шӯрои ВАО ҶТ