Интихобот: Нигаронии ҷомеаи журналистӣ аз сӯистифодаи мақомот аз озодии баён

Созмонҳои журналистии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот нигаронӣ карданд, ки мақомоти давлатӣ пеш аз интихобот аз журналистон сӯистифода мекунанд.

Дар изҳороти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, НАНСМИТ ва Шӯрои ВАО гуфта мешавад, ки мақомоти алоҳидаи давлатӣ журналистонро дар рақобати сиёсӣ чун силоҳ истифода бурда, дар матолибашон принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ дида намешвавад.

Муаллифони изҳорот аз ҷонибҳои интихобот даъват ба амал овардаанд, ки аз рақобати беинсофона даст кашида, эҳтироми озоди  баёнро ба ҷо биёранд.

Новобаста ба нигаронӣ ва таъкидҳои роҳбарияти сиёсии кишвар, дар мавриди рақобати солим ва баргузори интихоботи шаффофу демократӣ, баъзе ниҳодҳои тасмимгиранда ба манфиати гурӯҳҳо ва нерӯҳои алоҳидаи сиёсӣ дар кишвар, ВАО ва шабакаҳои иҷтимоиро бо ҳадафи бадномкунии мухолифин истифода мебаранд, — гуфта мешавад дар ин изҳорот, ки имрӯз 16-уми феврал пахш шуд.

-Бо арзи эҳтироми хоса ба мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирии омилҳои ҷиноӣ, бояд қайд кард, ки паҳн кардани маълумот дар расонаҳои чопӣ ва электронӣ набояд ҳадафи сиёсӣ — гуруҳӣ дошта бошанд, зеро гунаҳгории шахсро танҳо суд муқаррар мекунад.

Тибқи меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқии журналистӣ, воситаҳои ахбори омма бояд аз баҳо додан ба амлҳои ин ё он шахс худдорӣ варзанд.

Аммо ин меъёрҳо, дар матолибе, ки аз ҷониби хадамоти матбуотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар омода мешаванд, на ҳамавақт риоя карда мешаванд.

Ҳамчунин, вақтҳои охир ҳамла ба журналистон, таъқиб ва фишори равонӣ ва паҳн кардани маълумоти шахсии онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба назар мерасанд, ки бо ҳадафи бадномкунии онҳо дар ҷомеа сурат мегирад. Нафароне бо номҳои бофтаву сохта, аз маълумоте кор мегиранд, ки ба зиндагии шахсии журналистон дахл дорад. Ин далели мудохилаи ғайриқонунӣ ба зиндагии шахсӣ мебошад.

http://www.tojnews.tj/tj/news/intihobot-nigaronii-chomeai-zhurnalisti-az-suistifodai-makomot-az-ozodii-bayon

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *