Намояндагони ВАО-и хориҷӣ дар интихоботро ВКХ ба қайд мегирад

Намояндагони васоити ахбори оммаи кишварҳои хориҷӣ, ки ҷараёни интихоботи парлумонии Тоҷикистонро инъикос карданианд, на дертар аз 23 феврал бояд дар Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба қайд гирифта шаванд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки намояндагони всоити ахбори оммаи маҳаллӣ бидуни ба қайд гузоштан, танҳо бо пешниҳоди шаҳодатномаи журналистӣ метавонанд аз ҷараёни баргузории интихобот гузориш диҳанд.

«Дар маъракаи интихобот намояндагони ВАО-и хориҷӣ ва ватанӣ ба риояи ҳатмии Дастур оид ба иштироки намояндагони ВАО дар интихоботи Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо уҳдадоранд, ки моҳи майи соли гузашта аз ҷониби КМИР қабул шуд», — гуфт Додозода.

Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи меъёрҳои дастури зикршуда, намояндагони ВАО бо ҳуқуқҳои ҷустуҷӯ, ҷамъоварӣ ва паҳнкунии маълумот дар бораи ҷараёни интихобот дар Тоҷикистон таъмин карда мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки дар рафти интихобот ВАО фаъолияти худро дар доираи Конститутсияи ҶТ, қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ, дигар санадҳои ҳуқуқии байнулмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда ва дастури дар боло зикршуда амалӣ месозанд.

http://news.tj/tj/news/namoyandagoni-vao-i-khori-dar-intikhobotro-vkkh-ba-aid-megirad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *