Сӯҳбати Абдуқаюми Қаюмзод бо Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои миллии мустақили Тоҷикистон
Фаъолияти нашрияҳои мустақили кишварро дар соли 2014 чи тавр арзёбӣ мекунед? Онҳо вазифа ва рисолати худро анҷом дода тавонистанд ё хайр?
Ҳар як соле, ки сипарӣ мегардад, бо ягон хусусияти хоси худ дар хотирҳо боқӣ мемонад. Барои ман, ки дар ин чанд соли ахир, ҳимояи ҳуқуқи журналистон ва расонаҳоро ҳадафи кору эҷоди худ қарор додаам, баҳс ва қазияҳои судӣ (додгоҳӣ) бо иштироки журналистон ва расонаҳо аз аҳамияти вижа бархурдор мебошанд. Дар соли сипаришуда ҳарчанд қазияҳои судӣ бо иштироки журналистон ва расонаҳо нисбат ба солҳои қаблӣ ба маротиб камтар иттифоқ афтод, вале чанд мавриде мавҷуд аст, ки онҳо боиси таассуф мебошанд. Ман қазияи журналист Қамари Аҳрор бо коркунони милитсияи шаҳри Хуҷанд, қазияи журналист Орзу Исоев бо ширкати Кюнет, қазияи ҳафтаномаи «Нигоҳ» бо «Тоҷиксодиротбонк», идомаи қазияи журналист Олга Тутубалина бо зиёиёнро дар назар дорам. Ҳар яке аз қазияҳои мазкур хусусиятҳои хоси худро доранд ва барои фаъолияти журналистон омӯзанда мебошанд. Бинобар ҳамин ба назари ман расонаҳо рисолати худро дар соли 2014 дар мавриди ба мардум расондани хабари тозаю воқеӣ пурра анҷом додаанд.
Қазияҳои судӣ нисбати журналистон ва расонаҳо ҳарчанд, ки ба тавсеаи озодии баён дар Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонанд, аммо исботи дар роҳи рост қарор доштани ҳамкасбони мо хастанд. Таърих ба ин ҳолати имрӯза, ки орӣ аз иқдоми ғайриқонунӣ ва омилҳои сиёсӣ нест, баҳо хоҳад дод.
Дар кору фаъолияти нашрияҳои кишвар чи чиз боиси ташвиш ва нигаронӣ аст? Ва онро аз чи роҳу усуле мешавад бартараф кард?
Расонаҳо ҳам, ҳамчун унсури алоҳидаи ва муҳимми ҷомеаи мадании мамлакат бе камбудӣ намешаванд. Ҳар нафаре, ки ба коре машғул аст, хоҳу нохоҳ боре хато мекунад, ба камбудӣроҳ медиҳад. Вале аз камбуд ҳаросидан даркор нест, баръакс аз он сабақ гирифта, дар оянда хубтар фаъолият кардан зарур аст. Дар расонаҳои Тоҷикистон имрӯз шумори зиёди журналистони ҷавон фаъолият мекунанд. Онҳо барои ба хато камтар роҳ додан бояд таҷрибаи журналистони калонсол ва қонунҳои соҳавиро омӯзанд, малакаҳои нигорандагиашонро беҳтар кунанд.
Омиле, ки боиси ташвиш ва нигаронӣаст, ин кӯшиши таҳти назорат гирифтани фаъолияти журналистон ва расонаҳо аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ, баъзе ашхос ва гурӯҳҳои молиявию саноатӣ мебошад, ки хилофи меъёрҳои озодии иттилоот аст. Ба рӯзноманигорон ва расонаҳо бояд имконият дод, ки дар чаҳорчӯбаиқонун озодона рисолати худро иҷро намоянд. Ба ҷустуҷӯи «ҷосусҳо” миёни рӯзноманигорон бояд хотима бахшид. Аз истифодаи расонаҳо барои мақсадҳои муғризона – сиёҳ кардани рақибони сиёсӣ, худдорӣ бояд намуд. Ҳар даъвою низоъ дар фазои иттилоотӣ бояд дар чаҳорчӯбаи қонун баррасӣ шавад. Журналистон низ фаъолияти худро бар асоси меъёрҳоиҳуқуқӣ ва ахлоқӣ идома диҳанд, то ки аз таҳдидифавқуззикр эмин бошанд.
Аз нигоҳи Шумо, ки пайваста нашрияҳоро мутолиа мекунед, ҷуръат ва ҷасорати хабарнигорони тоҷик дар навиштани матолиби ҷиддии сиёсӣ бештар шудааст, ё баракс, коҳиш пайдо кардааст? Аслан матолиби ҷиддии сиёсиро дар рӯзномаҳо мехонед?
Ман аслан фаҳмида наметавонам, ки сиёсат гуфта чиро дар назар мегиранд — баҳс бо ҳукумат ё дар маҷмӯъ масъалаҳои муҳими ҳаёти мардуми кишвар. Ҳарҳарфе, ки расонаҳо менависанд, сиёсат аст. Масалан, масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ чун солҳои пеш дар соли 2014 ҳамҳамчун яке аз мавзӯъҳои мубрами расонаҳо боқӣ монд, зеро масъалаи мазкур воқеанҳам ба ҳаёти мардуми мо марбут аст. Ё масъалаи таъмини барқдар мавсими сармо. Дар ин мавзӯъ ҳам аксари расонаҳо мудом мавод ба табъ мерасонанд. Ё масъалаи қазияҳои судӣ бо иштироки адвокатҳои соҳибкори маъруф Зайд Саидов. Ба назари ман, расонаҳои мустақил қариб ҳамаи паҳлӯҳои масъалаи адвокатҳои дучори мушкили додгоҳӣ шудаи ин қазияро ба риштаи таҳлил кашиданд. Расонаҳо дар маводи худ, албатта ягон масъалаи ҷидииҳаёти мамлакатро пайгирӣмекунанд. Магар ҳамин сиёсат нест? Агар манзуратон, рушди журналистикаи сиёсӣ ҳамчун як самти фаъолияти расонаҳо бошад, албатта ин кор беҳбудӣ металабад, зеро ин навъи журналистика дар Тоҷикистон алъон дар ҳолати ҷанинӣ аст. Кӯшишҳои рушди ин соҳаи журналистика самти афзалиятноки расонаҳо ва созмонҳои рӯзноманигорӣ мебошад.
Нашрияҳои мустақили фаъоли имрӯзаи кишварро бо нашрияҳои мустақили солҳои 2003-2005 муқоиса намоед, кадоме озодтар ва бо ҷуръаттар ба назар меояд?
Дар оғози солҳои 2000 ба табъ расидани ҳафтаномаҳоиҷамъиятию сиёсии «Рӯзи нав” ва «Нерӯи сухан” воқеан дар матбуоти тоҷик падидаи хеле нодир буд. Ҳафтаномаҳои мазкур дар қиёс бо ҳафтаномаҳое, ки то кунун ба табъ мерасанд, нисбатан серғайрат буданд ва дар маводи батабърасондаи онҳо таҳлили воқеаҳо бештар ба назар мерасид. Маҳз ба ҳамин хотир онҳо дер напоиданд ва ба зудӣ фаъолияташон бо ҳар баҳонақатъ гашт.
Имрӯз ҳам дар байни матбуоти Тоҷикистонрӯзномаҳое вомехӯранд, ки бо нигоҳи тоза ба воқеа ва ҳодисаҳои мамлакат аз рӯзномаҳои дигар фарқ мекунанд. Дар ин қатор ҳафтанома ва рӯзномаҳои «Азия-Плюс”, «Нигоҳ”, «Фараж”, «Пайк” ва «ИмрӯзНюс”-ро ном бурдан мукин аст. Фазои иттилооти мамлакатро имрӯз бидуни онҳо тасаввур кардан мушкил аст.
Хеле хуб аст ки аксари ҳамкорони мо дар баробари ҳуқуқ, ӯҳдадории журналистро дар назди ҷомеа эҳсос мекунанд, вале омилҳое ҳам ба назар мерасанд, ки боиси худсонсурӣ мешаванд. Паси сар кардани ин омилҳо аз сардабирону муассисони расонаҳо ҷуръату ҷасорати бештар талаб мекунад.
Баъзе аз коршиносон бар ин назаранд, ки нашрияҳои кишвар, ҳар кадоме дар алоҳидагӣ, барои манфиати гурӯҳе, маҳалле ва шахсиятҳое хидмат мекунанд. Шумо дар ин маврид чи андеша доред?
Маъмулан дар ҳамаи замонҳо матбуот ҳамеша дар хидмати гурӯҳе буд. Масалан, матбуоти давраи шӯравиро ба ёд оред. Матбуот танҳо ба манфиати ҳизби ҳукмрони ҳамонвақта хидмат мекард. Имрӯз ҳам айнан чунин ҳолат боқӣ мондааст. Вале дар маҷмӯъ матбуоти мустақил вазифаҳоеро иҷро мекунад, ки онҳоро мақсади худ қарор додааст. Дар ин самт онҳо манфиати ҷомеаро дар мадди аввал мегузоранд.Эҳтимол, дар саҳифаҳои матбуот баъзан пайдо шудани мавод дар бораи ин ё он шахсият боиси он мегардад, ки мардум гумон мекунанд, ки ин ё он расона дар хидматиҳамон шахсият аст. Вале ҳоло ба таври қатъӣ аз моли ин ё он шахси мансабдор ё сарватманд будани матбуоти тоҷик сухан гуфтан аз рӯи адолат нест. Баръакс, худи соҳибмулкони матбуоти тоҷик, ки ҳама аслан рӯзноманигор ҳастанд, имрӯз иқтидори пурраи ҳам аз ҷиҳати молиявӣ, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ идора кардани рӯзномаҳояшонро доранд.
Беҳтарин матлабе, ки дар соли 2014 мутолиа кардед, дар кадом нашрия ва ба қалами кӣ тааллуқ дошт?
Дар соли 2014 маводи хуби хонданӣдар саҳифаҳои рӯзномаҳо зиёд буд, бинобар ҳамин аз байни ҳазорон мавод якеро интихоб кардан ва онро беҳтарин эълон намудан маънои заҳмати журналистони дигарро нодида гирифтанро дорад. Бинобар ин ман ҳоло мақола ё гузоришеро беҳтарин эълон карданӣ нестам. Ман ба заҳмати ҳар рӯзноманигор дар соли гузашта арҷ гузошта, дар соли равон барои онҳо комёбиҳо дар рушди ҳирфаияти онҳо дар иҷрои рисолати рӯзноманигорӣ – расонидани иттилои пурра ва воқеъӣ, бо тавозуни назарҳо ва мунсифона ба ҷомеа таманно дорам.
Гоҳо хабарнигорон, бахусус соҳибон ва муассисини нашрияҳо ба ҳадде ошкоро хушомад мезананд ва чоплусиву тамаллуқкорӣ мекунанд, ки кас ҷойи онҳо хиҷолат мекашад, шарм медорад.
Ҳар нафаре дар ҷомеаи мо дар аъмоли худ соҳибихтиёр аст. Ба истилоҳ, савобу гуноҳи ҳар кас ҷудо аст. Агар нафаре аз соҳибони расонаҳо дар мавриди роҳбарияти олии мамлакат сухани лутфомезе гуфта бошад, онро ҳаргиз тамаллуқ намепиндорам. Зеро то ҳол ягон рӯзномаи мустақили тоҷик аз ҳукумати мамлакат ягон хел кӯмаки моддӣ нагирифтааст. Аз ин рӯсабаби тамаллуқкорӣ ҳам мавҷуд нест.
Ҳамзамон, таърифи зиёд ва беасос хилофи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон аст.
Ҳамин чанд рӯзи пеш дар нашрияе мусоҳаебаро бо як нафари аз роҳбарони ҳизб хондам, ки хабарнигор дар суоли худ «Ҷаноби олӣ”… фалон кор карданд, шумо чи кор кардед, гуфта ба мусоҳиби худ савол додааст. Бубинед, аз ин таъбири тамаллуқкорона, ки ҳатто худи президент дилбеҳузур шуда ва борҳо таъкид кард, ки дигар бо чунин баён ба вай муроҷиат накунанд, аммо хабарнигор ҳатто дар савол аз он истифода кардааст. Чаро чунин вазъ пеш омадааст, ки ҳатто хабарнигор ва он ҳам дар нашрияи мустақил, чоплусӣ мекунад?
Ман мусоҳибаро, мутаассифона, мутолиа накардаам ва дар бораи тамаллуқкор будан ё набудани журналисти ёдкардаи шумо чизе гуфта наметавонам. Аммо ҳар рӯзноманигор ҳуқуқи озодонаи муқоиса кардани шахсиятҳо ва озодона баён кардани андешаҳои худро дорад. Мо тарғибгарони озодии баён ҳастем. Фарз кардем, агар мабодо муҳаррири рӯзнома ҳамон ҷумлаеро, ки шумо номбар кардед, аз мусоҳиба бурида мепартофт, ба андешаи ман ба нақзи ҳуқуқи журналист роҳ медод. Хушбахтона, муҳаррирони мо ҳудуди ҳуқуқҳои худ ва ҳуқуқҳои журналистонро медонанд. Гумон намекунам, ки қиёси роҳбари як ҳизби сиёсӣ бо роҳбари давлат тамаллуқкорӣбошад. Эҳтимол, журналист бо ҳамин васила мехоҳад, ки роҳбарони дигар ҳам дар рушди мамлакат саҳм дошта бошанд,
Ҳоло дар расонаҳо аз мавҷудияти гурӯҳе бо номи «фабрикаи ҷавоб” дар ҳайати яке аз мақомоти интизомӣ ё ҳифзи ҳуқуқ сухан меравад. Ба таъйиди коршиносони соҳа дар таркиби ин гурӯҳ бархе аз ҳамкасбони мову шумо ҳам амал мекунанд Ин гурӯҳ танҳо ба навиштани матолиби сияҳ ва бадномкунанда бар зидди аҳзоби мухолифи наҳзати исломӣ ва ҳизби сотсиал-демократ, бахусус роҳбарони ин ду ташкилот ва низ чеҳраҳои мӯътабар ва машҳури мамлакат машғуланд. Тамоми матолиби мансуб ба «фабрикаи ҷавоб” бо имзоҳои сохта нашр мешаванд. Оё нашрияҳои мустақил муаззаф ва ӯҳдадоранд, ки чунин матолибро ба табъ расонанд?
То ҷое ман хабар дорам, чунин матолиб танҳо дар расонаҳои давлатӣ ба табъ мерасанд. Эҳтимол, чунин матолиб ба дасти рӯзномаҳои мустақил ҳам расанд, вале онҳо дар матбуоти мустақил рӯи чопро аҳён-аҳён мебинанд. Ба назри ман ба табъ расонидани матолиби сиёҳкунандаи шахсиятҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ ҳатто дар матбуоти давлатӣпадидаи номатлуб аст ва боиси қаҷфаҳмиҳо дар масоили сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат мегарданд.
Қонун ҳуқуқи шахсро ба ҷавоб ва раддия муқаррар кардааст. Бинобар ин, фаъолияти «фабрикаи ҷавоб”-ро манфӣ арзёбӣ мекунам, зеро фаъолияти онҳо хилофи рақобати баробар ва солим аст. Тибқи қонун, касе ҳуқуқ надорад, ки ба чопи матолиби фармоишӣмаҷбур намояд. Вале воқеияти Тоҷикистон дигар аст.
Роҷеъ ба масоили сиёсӣ ва шахсиятҳои сиёсатсозу калидӣ нашрияҳо матолиби кофӣ ба табъ мерасонанд? Назари шумо чӣ аст?
Яке аз рисолатҳои асосии расонаҳои сиёсӣ ба мардуми кишвар шиносонидани чеҳраҳои маъруфи сиёсии мамлакат мебошад. Дар аксари кишварҳои олам ҳизбҳои сиёсӣ, баъзан шахсиятҳои сарватманд расонаҳои худро доранд. Мутаассифона, ба назари ман, бо сабаби имконияти молиявӣ надоштан имрӯз аксари ҳизбҳои сиёсӣ рӯзнома надоранд. Агар дошта бошанд ҳам, онҳо соле ё ним сол як маротиба, он ҳам дар арафаи воқеаҳои муҳими сиёсӣ ба табъ мерасанд. Бинобар ҳамин аксари чеҳраҳои сиёсии кишвар барои тарғиби фаъолияташон аз ҷумла саҳифаҳои расонаҳои мустақилро мавриди истифода қарор медиҳанд.
Албатта, инъикоси масоили сиёсӣ, малакаи кор бо сарчашмаҳо ва шахсиятҳои калидию хабарсозро тақозо мекунад. Дар ин самт ҳамкории судманди ҷонибҳо зарур аст.
Ба назари Шумо ҳоло дар Тоҷикистон нисбатан кадоме аз нашрияҳоро ҷиддӣ ва ҳирфаӣ метавон ҳисобид?
Аксари ҳафтаномаҳое, ки имрӯз дар бозори иттилоотии мамлакат фаъолият доранд, ба назари ман ҳирфаӣ ҳастанд. Зеро агар онҳо ҳирфаӣнамебуданд, хонанда онҳоро ба зудӣ фаромӯш мекард. Табақабандии расонаҳо кори носавоб аст. Ҳар расона подоши меҳнати худро мебинад, зеро муштариашро фиреб дода наметавонад.
Муассисони нашрияҳо аз поин омадани тираж шиква мекунанд? Сабаби пойин омадани тиражи нашрияҳо чӣ аст? Чаро сол то сол шумораи нашрияҳои мустақил уфт мекунад?
Тираж ё нусхаи ками расонаҳои мустақил сабабҳои гуногун дорад. Ба назари ман, яке аз сабабҳои асосӣ дар фазои иттилоотии мамлакат ба вуҷуд омадани манбаъҳои алтернативии ахбор, ба монанди сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд. Бо вуҷуди он рӯзномаҳои мустақил фаъолият мекунанд, зеро талабот ба онҳо дар ҷомеа мавҷуд аст.
ИНТИХОБОТ:
Тоҷикистон вориди марҳалаи муҳим-интихоботи парлумонӣ шудааст. Оё аз мутолиа ва қироати расонаҳои чопи Душанбе эҳсос мешавад, ки мо дар як чунин марҳилаи ҳаётан муҳим ва зарурӣ қарор дорем?
Эҳтимол, сабақҳои интихоботҳои гузаштаро ҳизбу созмонҳои сиёсӣ ва мардум фаромӯш накардаанд. Ба назар мерасад, ки нисбат ба интихоботҳоиқаблӣ дар фазои матбуоти Тоҷикистон як навъ хотирҷамъӣ ё сукут мушоҳидамешавад, вале ин сукут тӯлиҳафтаҳои оянда шикаста мешавад. Зеро номзадҳо ба вакилӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ ба марҳилаи маъракаи таблиғотӣворид мегарданд, он гоҳ шояд шиддати вазъи маъракаҳои интихоботиро бараъло эҳсос хоҳем кард.
Бозтоб ва инъикоси ин марҳила дар нашрияҳоро чи тавр баҳо медиҳед?
Мутаассифона, бинобар нигилизми ҳуқуқӣ миёни баъзе аз сардабирон ва муассисони расонаҳои мустақил, то имрӯз кӯшишҳои назаррас камтар эҳсос мешаванд.
Моҳи феврал барои номзадҳо ба вакилӣ марҳилаи ҳалкунанда аст ва мо албатта дар мавриди интихобот, барномаи номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ маводҳои хубтарро мутолиа хоҳем кард.
Оё бо ин тираж ва матолибе, ки нашрияҳо доранд, метавонанд дар раванди интихобот ва дар натиҷаи он асар гузоранд?
Мо бояд воқеъбин бошем. Мардуми мо рӯзномаҳоро, агар маводи хуби хонданӣ дошта бошанд, даст ба даст гардонида мутолиа мекунанд. Бинобар ҳамин теъдоди рӯзнома дар ин маврид нақши камтар дорад. Мутаассифона, худи сардабирону муассисон бар ин назаранд, ки нашрияҳои мустақил нақши калоне дар интихоботи қарибулвуқӯъ надоранд. Аз ҷониби дигар, инъикоси ҷараёни интихобот пурра ба дӯши расонаҳои давлатӣ мебошад. Бинобар ин, мо чанде пеш муроҷиатномае ба иштирокдорони маъракаи интихобот дар Тоҷикистон паҳн кардем, ки дар он омадааст:-
• Принсипҳои мутавозинӣ ва беғаразии ВАО давлатӣ на танҳо ба вақти мавҷ, масоҳати ройгон ё пулакии пешниҳодкардаи расонаҳо ба ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо дахл доранд. Дар давраи интихобот принсипҳои мазкур ба ҳамаи барномаҳои иттилоотӣ ва таҳлилӣ ва маводи чопие низ алоқаманд мебошанд, ки онҳо бояд бетарафии қатъӣ ва беғаразӣ нисбат ба ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳоро риоя намоянд. Принсипҳои мазкур бояд ба доираи васеъи аҳли ҷомеа расонда шаванд ва аз тарафи ҳамаи ширкаткунандагони раванди интихобот риоя гарданд.
• Расмиёти пешниҳод намудани шикоятҳо дар ҳолатҳои вайрон кардани принсипҳои бетарафӣ ва мутавозинӣ нисбат ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо бояд ба таври саҳеҳ муайян ва ба табъ расонда шаванд. Барои ҳимояи гуногунандешӣ дар ВАО дар ҷараёни маъракаҳои пешазинтихоботӣ ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд оид ба таъмини дастрасии рӯзномаҳои умумии сиёсӣ ва ҳизбии дар ҷумҳурӣ бақайдгирифташуда, барои хизматрасонии матбааҳои давлатӣ табдбирҳои мушаххас муқаррар намояд.
• Ҳуқуқи дастрас намудани иттилоот аз мақомоти давлатӣ бояд барои ҳамаи воситаҳои ахбори омма, новобаста ба шакли моликияташон ва бидуни поймол кардани ҳуқуқҳояшон, махсусан дар давраи тайёрӣ ва гузарондани интихобот кафолат дода шавад, то ин ки ба монеагузорӣ ба иттилоот ва ба таври таъҷилӣ инъикос намудани воқеаҳо дар мамлакат эътимод ҳосил гардад…
Ба андешаи ман, расонаҳои мустақил бештар ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум ва фаъол намудани онҳо дар раванди интихобот машғул бошанд, то ки онҳо ҳуқуқи худро дар иштирок дар идораи давлат амалӣ намоянд.