Наргис Музаффарова, соҳиби мағозаи “Элита” дар маркази Душанбе ҳафтаномаи “Нигоҳ”-ро дар паст задани шаъну шарафаш муттаҳам карда, аз додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ хостааст, аз ин нашрия ба фоидаи ӯ 32 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ рӯёнад.
Музаффарова дар аризаи даъвогияш ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки нусхаи он дастраси “Озодагон” гардид, иддао дорад, ки “Нигоҳ” 5-уми ноябри соли 2014 бо нашри мақолаи “Музаффарова кист ва чаро силсилаи авбошиҳои ӯ беҷавоб мемонанд?” дар ҳаққаш суханҳои туҳматомезро чоп кардааст. Музаффарова мегӯяд, на силсилаи авбошиҳо, балки дар як ҳолати авбошӣ муттаҳам шудааст, ки бо татбиқи қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод гардидааст.
Ӯ инчунин иддао дорад, ки “дар мақола сурати ман ба таври хира чоп карда шудааст, ки дар он шинохтани шахс номумкин аст. Илова ба ин насаби ман нодуруст, яъне “Музафарова” нею “Музаффарова” чоп карда шудааст. Чунин вайронкориҳои муаллиф ва худи ҳафтанома низ ба обрӯи ман зарари худро расонданд, зеро дар натиҷа ман мисли шахси бадкор ва кирдорҳои ман бадвоҳима пешкаши мардум шудаанд.”
Ин соҳибкор инчунин илова намудааст, ки барои шишаҳои сиёҳи ғайриқонунии мошинаш, на маблағи ночиз, балки 8800 сомонӣ ҷарима супоридаст ва дар мақомот низ ҳеч “пуштибоне” надорад, зеро муддати 6 шабонарӯз дар боздоштгоҳои муваққатӣ нигоҳдорӣ шудааст: “Ин ҳолат худ шаҳодати он аст, ки маро ягон кас пуштибонӣ накардааст ва баръакс маҳз бе пуштибон будани ман боиси боздоштам дар муддати дурудароз шуд.”
Наргиз Музаффарова инчунин бо зикри он, ки “Нигоҳ” мактуби ҷавобияшро нашр накардааст, аз додгоҳ талаб намудааст, ки арзиши якмоҳаи “Нигоҳ”, ки ба ҳисоби худаш 32 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ҳамчун ҷуброни зарари маънавӣ ба фоидаи ӯ рӯёнда шавад: “Идораи ҳафтанома инчунин вазифадор карда шавад, ки мактуби ҷавобии манро дар шумораи навбатӣ бе дигаргунӣ чоп намояд. Танҳо пас аз ин шаъну эътибор ва обрӯи кории ман дар назди шиносҳоям ва шахсоне, ки маро мешиносанд, барқароршуда ба ҳисоб меравад.”
Ин дар ҳолест, ки қаблан дар пайи нашри мақолаи “Нигоҳ” Вазорати умури дохилии Тоҷикистон (ВУД) бо пахши як иттилоия гуфт, Наргис Музаффарова, як соҳибкорзани Душанбе дар ин ниҳод, аз ҷумла Воҳиди махсуси он пуштибоне надорад ва ҳамаи қонуншиканиҳояш тибқи қонун тафтиш шудаанд.
Тибқи иттилоияи ВУД қонуншиканию ҷиноятҳои Наргис Музафарова, сокини 38-солаи кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тибқи меъёрҳои қонун ва холисона мавриди санҷиш ва тафтиш қарор гирифта, маводи дахлдор барои баррасӣ ба Додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристода шудаанд. Ба иттилои манбаъ, додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи августи соли равон алайҳи Музаффарова бо иттиҳоми вайрон намудани қоидаҳои ҳаракати роҳ, авбошӣ ва зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият парвандаи ҷиноӣ боз намуда, ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ирсол кардааст: “Дар мурофиаи судӣ судшаванда Музафарова худашро дар содир намудани маҷмӯи ҷиноятҳо аз рӯи айбҳои эълоншуда пурра гунаҳкор шуморида, аз суд хоҳиш намуд, ки бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» пешбурди парванда нисбаташ қатъ карда шавад».
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо назардошти он ки ҷиноятҳо то қабул шудани қонун дар бораи афв содир шудаанд, додгоҳ қарор кардааст, ки парванда алайҳи Музаффарова қатъ шавад. Дар иттилоия омадааст, тибқи қонун авф афроде, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд ва нисбати шахсоне, ки қасдан ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд, пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, ки таҳти баррасии судӣ қарор доранд, қатъ мешавад.
Ин иттилоияи ВКД дар посух ба матлаби ҳафтаномаи “Нигоҳ” нашр шуд, ки аз қонуншикании соҳибкор, Музаффарова дар Душанбе нақл мекард. Ба иттилои нашрия Музаффарова, молики фурӯшгоҳи “Элита” дар маркази Душанбе, савори мошин “БМВ Х6” дар бисёри ҳолатҳо худсарию қонуншиканӣ карда, бемуҷозот мондааст. Дар матлаб аз қавли ҷабрдидаю шоҳидон оварда шудааст, ки Музаффарова писари ноболиғи Шуҳрат Абдуҳомидов, корманди мағозаи “For Men”-и маркази Душанберо барои он ки падараш мошини худро дар назди мағозаи Элита мондааст, латукӯб намуда, ба рӯи Абдуҳомидов, ки ба кӯмаки писараш шитофтааст, туф ва баъдан чандин дашноми дигари қабеҳ додааст. Инчунин нақзи қоидаҳои ҳаракати роҳ, зӯроварӣ нисбат ба пулис зикр шуда, таъкид гардидааст, эҳтимол ба далели пуштибон дар мақомот беҷазо мемонад.
Муаллифони ин матлаб инчунин яке аз қонуншиканиҳои Музаффароваро, ки ба гузориши барномаи шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон низ роҳ ёфтааст, дар интернет нашр намуда буданд
http://www.ozodagon.com/20078-video-davoi-muzaffarova-alayi-aftanomai-nigo-ba-dodgo.html