«TAJINFO» тарҳи сомонаашро нав кард

Тарҳи нави сомонаи Медиахолдинги тоҷикии «Tajinfo» дар Русия субҳи имрӯз — 10-уми феврал ба фаъолият шурӯъ кард. 

Абӯбакри Файзалӣ, сардабири ин хабаргузории тоҷикӣ мегӯяд, шакли нави сомона бо дарназардошти талаботи муосири фанноварӣ ва навгониҳо дар пешниҳоди мавзуву муҳтаво, ороишоти техникӣ таҳия шудааст. Сардабир дар шарҳи ин навовариҳо гуфт:

“Сомона аз бахшҳои хабарӣ, таҳлилӣ, фарҳангӣ, иқтисод, муҳоҷират, варзиш иборат буда, ҳамчунин дар он радиои «Муҳоҷир», шумораҳои рӯзномаи «Тоҷикони Россия», маҷаллаи «Тоҷикистон» ва телевизиони «ТAJINFOТV», яъне шакли электронии тамоми маҳсулоти Медиахолдинги «TAJINFO» ҷой дода мешаванд”.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, феълан сомона дар шакли тестӣ ё санҷишӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст ва ҳамарӯза такмил дода хоҳад шуд.

Ин сомона моли навбатӣ ё хизматрасонии дигари бузургтарин Медиаҳолдинги тоҷикии Русия — «TAJINFO» мебошад, ки асосан барои боло бурдани мақоми тоҷикони бурунмарзӣ, имиҷи онҳо ва Тоҷикистон дар хориҷ ва ҳамчунин пешниҳод кардани ахбору маводи дақиқу ҷолиб аз ҳаёти Тоҷикистон ва тоҷикистониёни берун аз кишвар талош хоҳад кард.

“Гузашта аз ин, мо мехоҳем бо ин тартиб ба муборизаҳои иттилоотие, ки дар расонаҳои русӣ алайҳи тоҷикон ва муҳоҷирини Тоҷикистон роҳандозӣ гардидаанд, истодагарӣ намоем ва мардумони дигарро аз фарҳангу тамаддуни ғаниву ҷаҳонии тоҷикон ошно огоҳ намоем» — мегӯяд Абӯбакри Файзалӣ.

Медиаҳолдинги «TAJINFO» соли 2002 ташкил шуда, радиои «Муҳоҷир», нашрияи «Тоҷикони Россия», маҷаллаи «Тоҷикистон» ва телевизиони «ТAJINFOТV» — ро муттаҳид мекунад.

http://tojnews.tj/tj/news/tajinfo-tarkhi-somonaashro-nav-kard

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *