1 феврал, Таваккал Раҳмонов – сокини ноҳияи Ҳисор бо раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон телефонӣ тамос гирифта, аз инъикоси мавзӯи нафақаҳои ҳангуфт дар нашрияи «Фараж» изҳори қаноатмандӣ намуда, хоҳиш кард, ки рӯзноманигорон ба ифшои фасод дар соҳаи таъмини нафақа идома диҳанд.
Ҳафтаи охир дар рӯзномаҳои Тоҷикистон як қатор хабару мақолаҳо дар мавриди нафақаҳои ҳангуфти мансабдорони олимақоми Тоҷикистон ба табъ расид. «Ростӣ, андозаи нафақаҳоеро, ки номбар мекунанд, шунида бовари кас намеояд, ки наход дар мамлакате, ки нисфи аҳолиаш ба хотири пайдо кардани қути лоямут дар кишварҳои хориҷа сарсону саргардон аст, чи тавр метавонанд мансабдорони он ҳаққи беморону мӯҳтоҷон ва одамони барҷомондаро бешармона азхуд кунанд, — гуфт Таваккал Рахмонов. — Аслан чунин ҳолатҳо симои ҳақиқии мансабдорони давлатиро дар назари мардум фош месозанд, зеро гумон намекунам шахсоне, ки ба гирифтани нафақаҳои калон айбдор карда мешаванд, мӯҳтоҷи чунин нафақа бошанд».
Ошкор намудани фасодкориҳо дар таъмини нафақа аз журналисток малакаи баланд талаб менамояд. Таваккал Раҳмонов, ҳамчун як муштарии нашрия масъала пеш мегузорад, ки «Чаро дар мавриди аҳолии боқимондаи Тоҷикистон, масалан табибону муаллимон, деҳқонон ва коргарон нафақа дар ҳудуди 640 сомонӣ маҳдуд карда шудааст (бархе аз онҳо 250-300 сомони нафақа мегиранд), аммо барои мансабдороне амсоли собиқ раиси роҳи оҳани Тоҷикистон ва яке аз соҳибмансабони соҳаибонк ҳамин маҳдудият ҷорӣ намешавад. Шояд нафароне, ки нафақаҳои ҳангуфт мегиранд, ҳанӯз пурра номбар нашудаанд?»
Магар қонунҳои Тоҷикистон барои чунин ашхос ба таври алоҳида навишта мешаванд? Магар роҳбарони мақомоти давлатие, ки чунин нафақаҳоро таъин менамоянд, аз худо ва бандагонаш намеҳаросанд, аз ҳаққи сағиру кабир парҳез намекунанд? Охир давлат дару дарвоза ва соҳиб доштагист, пас чаро то ҳол ин дару дарвоза ба рӯи зумрае одамони беинсоф кушода боқӣ мондааст?
Суолҳое, ки аз ҷониби хонандаи нашрияи «Фараж» Т.Раҳмонов нисбати гузориши Ҷамила Мирбозхонова ва муштариёни дигар ВАО дар шарҳҳои худ ба миён мегузоранд, зарурати идомаи инъикоси масоили иҷтимоиро тақозо мекунанд. Даст задан ба мавзӯи фасод дар ин соҳа, инъикоси ҳамаҷониба, воқеӣ ва ҳирфаии мушкилот боиси баланд шудани сифати маводи журналистӣ хоҳад шуд. Дар ин самт ба эътибор гирифтани вокуниши воқеии хонандагон ва ниёзи ҷомеа муҳим аст.
— Шӯрои ВАО ва Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон чунин иқдоми нашрияҳои кишварро дастгирӣ намуда, омода аст, барои онҳо дар таъмини робита бо ҷомеа ва роҳандозӣ намудани нақшаҳои онон мусоидат намояд, — гуфт раиси Шӯрои ВАО ва АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев.
Хадамоти мониторинги АМВАОМТ.