Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон оид ба пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир гардид.
Тавре Раиси Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии кишвар Зинатулло Исмоилов хабар дод, дар ҷаласа тағйироту иловаҳои пешниҳоднамудаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ибтидои ҷаласа муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, ҳамзамон роҳбари гурӯҳи якҷояи корӣ Абдусамад Ҳикматзода изҳор намуд, ки пешниҳодоти ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ҷиддӣ омӯхта шуданд ва барои такмили барномаи давлатӣ истифода мешаванд. Аз ҷумла, дохил намудани телевизионҳои ғайридавлатӣ ба пакети шабакаҳои ҳатмии дастраси мардум, ташкили комиссияи босалоҳият барои такмилу мураттаб сохтани бастаи иҷтимоӣ, мусоидат ба рушди бозор ва инфрасохтори рақамӣ, ҷалби операторони алтернативӣ ҷиҳати ба роҳ мондани шабакаҳои интиқоли рақамӣ ва пурзӯр намудани маъракаи иттилоотонии аҳолӣ бобати гузариш ба пахши рақамӣ аз мавзӯъҳои асосии баррасиҳои ҷаласаи корӣ буданд.
Дар муҳокимаи ин масоил аъзои гурӯҳи корӣ Шаҳло Акобирова, Умрилло Меликов, Файзулло Солеҳов, Дилафрӯз Амирзода, Умархон Камолов ва дигарон иштирок намуданд.
Қарор шуд, ки варианти пурраи тағйиру иловаҳо ба Барномаи давлатии гузариш ба пахши телевизиони рақамӣ муддати як ҳафта омода гашта, барои мувофиқа ва баррасӣ ба сохторҳои ҳукуматӣ пешниҳод мегардад.
Ҳадафи асосии таъсис ва фаъолияти гурӯҳи якҷояи корӣ, ки аз 13 нафар намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат мебошад, мушаххас сохтани сарнавишти телевизионҳои мустақили ҷумҳурист. Тибқи омори коршиносон, айни замон дар Тоҷикистон 20 шабакаи мустақили телевизионӣ фаъол буда, барномаҳои онҳо 44 фоизи аҳолии кишварро фаро мегиранд.
http://news.tj/tj/news/barrasii-guzarishi-shabakai-televizion-oi-musta-il-ba-pakhshi-ra-am