Чопхонаи вилоятии Бадахшон дар шаҳри Хоруғ ба қарз гирифтор шуда, дар садади баста шудан қарор дорад.
Нашрияи маҳаллии “Импульс” хабар додааст, ки ҳоло аксар нашрияҳои маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе нашр мешаванд. Мақомоти давлатии вилоят барои ҳалли буҳрон як комиссияи махсус созмон додаанд, ки бояд роҳи раҳоӣ аз мушкилро пайдо кунад.
Чопхона чун дигар муассисаҳои камдаромад ба мушкили пардохти андоз ва неруи барқ гирифтор буда, дар маҷмуъ қарзи ин муассисаи чопӣ аз андозу барқ беш аз 100 ҳазор сомонӣ дониста мешавад.
Мақомоти вилоят барои таъмири бино ва харидории дастгоҳи нави чопӣ ба Вазорати фарҳанг мактуб навишта, тақозо кардаанд, ки 600 ҳазор сомонӣ аз буҷаи давлат ҷудо намоянд.
Барои чопхона соли 2005 як дастгоҳи чоп харидаанд, ки аз аввалин рӯзҳои кориаш ба зарар фаъолият мекардааст. Бар зами ин, дастгоҳ нуқс дошта, баъди таъмир нуқси он рафъ нашудааст.
http://tojnews.tj/tj/news/chophonai-viloyatii-badahshon-muflis-meshavad