Тоҷикистон ба гузарондани интихоботи Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумон), ки рўзи ё марти соли 2015 барпо мегардад, омодагӣ мебинад, бо ҳамин сабаб Артикл 19, АМВАОМТ (Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон), «Одил Соз» (Фонди байналмилалии ҳимоияи озодии сухан «Одил соз», Қазоқистон) ва ИМП (Пажўҳишгоҳи сиёсати расонаҳо, Қирғизистон) Ҳукумати Тоҷикистон, Комиссияи Марказии интихобот, ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба депутатии Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумон)-ро даъват менамоянд, ки ҳуқуқ ба озодии баёни андешаҳоро дар арафа ва замони барпошавии интихобот эҳтиром ва ҳимоя кунанд.
Артикл 19, АМВАОМТ, Адил соз ва ИМП,
— нақши махсуси воситаҳои ахбори омма дар арафаи интихоботи Маҷлиси Олии (параламенти Тоҷикистон)-ро қайд намуда;
— зарурати гуногунандешӣ дар ҷараёни маъракаҳои интихоботиро қайд намуда;
— бо зикри аҳамияти муҳокимаҳои васеъи ҷамъиятӣ оид ба ҳамаи масъалаҳои барои интихобкунандагон аҳамиятнок;
— бо зикри иродаи роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузарондани интихоботи боадолатона, баробар, шаффоф ва демократӣ дар мамлакат;
— бо истинод ба ўҳдадориҳои давлатҳое, ки Пакти байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои маданӣ ва сиёсӣ имзо гузошта, онро Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 4 январи соли 1999[i] ратификатсия намудааст;
— бо назардошти стандартҳо ва тавсияҳои байналмилалии Созмони Миллали Муттаҳид СММ) оид ба стандартҳои байналмилалие, ки марбути масъалаҳои диффаматсия нисбат ба сиёсатмадорон мебошанд;
— бо назардошти тавсияҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) [ii] оид ба ВАО ва интихобот, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзи 30 январи соли 1992 узви он мебошад;
Аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи Марказӣ оид ба интихобот ва руферендумҳо, ВАО, ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба депутати Маҷлиси намояндагони (палатаи поёнии парлумон) ҷумҳурӣ тақозо менамоянд, ки принсипҳои зеринро, ки онҳо стандартҳои демократї ҳангоми гузарондани интихоботи дарпешистодаи Тоҷикистонро таъмин мегардонанд, риоя намоянд ва тавсия медиҳанд, ки барои таъмини фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар давраи маъракаҳои интихоботӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
- Принсипҳои мутавозинӣ ва беғаразии ВАО давлатӣ на танҳо ба вақти мавҷ, масоҳати ройгон ё пулакии пешниҳодкунандаи рўзномаҳо ба ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо дахл доранд. Дар давраи интихобот принсипҳои мазкур ба ҳамаи барномаҳои иттилоотӣ ва таҳлилӣ ва маводи чопие низ алоқаманд мебошанд, ки онҳо бояд бетарафии қатъӣ ва беғаразӣ нисбат ба ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳоро риоя намоянд. Принсипҳои мазкур бояд ба доираи васеъи аҳли ҷомеа расонда шаванд ва аз тарафи ҳамаи ширкаткунандагони раванди интихобот риоя гарданд.
- Расмиёти пешниҳод намудани шикоятҳо дар ҳолатҳои вайрон кардани принсипҳои бетарафӣ ва мутавозинӣ нисбат ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо бояд ба таври саҳеҳ муайян ва ба табъ расонда шаванд. Барои ҳимояи гуногунандешӣ дар ВАО дар ҷараёни маъракаҳои пешазинтихоботӣ ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд оид ба таъмини дастрасии рўзномаҳои умумии сиёсӣ ва ҳизбии дар ҷумҳурӣ бақайдгирифташуда, барои хизматрасонии матбааҳои давлатӣ табдбирҳои мушаххас муқаррар намояд.
- Ҳуқуқи дастрас намудани иттилоот аз мақомоти давлатӣ бояд барои ҳамаи воситаҳои ахбори омма, новобаста ба шакли моликияташон ва бидуни поймол кардани ҳуқуқҳояшон, махсусан дар давраи тайёрӣ ва гузарондани интихобот кафолат дода шавад, то ин ки ба монеагузорӣ ба иттилоот ва ба таври таъҷилӣ инъикос намудани воқеаҳо дар мамлакат эътимод ҳосил гардад.
- Амнияти журналистонро, махсусан дар давраи тайёрӣ ва гузарондан интихобот, давлат бояд кафолат дода, онро таъмин гардонад. Ҳукумат бояд ҳолатҳои зоҳиргардии таҷовуз, тарсондан ва монеагузорӣ ба фаъолияти касбии журналистонро пешгирӣ намуда, инчунин таҳқиқи ҳатмии чунин ҳолатҳоро таъмин гардонад.
- Журналистон барои изҳороти фитнаангезона ё танқидии аз забони номзадҳо ба унвони ҳизбҳои дигар, номзадҳои дигар, ҳукумат ё муассисаҳои давлатӣ садодода бояд ҷавобгар набошанд.
Мо инчунин ҳамаи тарафҳои ширкаткунандаи интихобот дар Тоҷикистонро даъват менамоем, ки нақшашонро дар мусоидат намудан ба озодии баёни андешаҳо ва мубоҳисаҳои конструктивӣ эътироф намуда, дарк намоянд, ки амалҳо ва изҳороти онҳо ба дигарон таъсир мегузоранд; ин ҳолат барои он муҳим аст, ки ҷомеае бунёд гардад, ки дар заминаи эҳтироми ҳамдигарӣ ва баробарии ҳама асос ёфтааст.
Мо Ҳукумати Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва референдумҳо, ВАО, ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ба депутати Маҷлиси намояндагони (палатаи поёнии парлумон) Тоҷикистонро даъват менамоем, ки ўҳдадориҳои зеринро ба зимма гиранд:
— оид ба дастгирии арзишҳои демократӣ, эҳтиром ва эътирофи ҳуқуқи ҳар нафар инсон барои ширкат дар идоракунии давлат;
— намоиш додани таҳаммулпазирии сифр ба ҳар навъ дискриминатсия;
— даст кашидан аз барангезии тафриқаи байналмилалӣ, маҳаллӣ ва динӣ, истифода набурдани забони бадбинӣ бар зидди гурўҳҳои маргиналӣ дар тамоми мубоҳисаҳои сиёсӣ, инчунин муқаррар намудани тадбирҳо барои пешгирӣ намудани чунин суханронӣ;
— ниҳоят, ҳиссагузорӣ намудан барои ҳимояи ҳуқуқҳои башар, аз он ҷумла озодии баёни андешаҳо, озодии эътиқод ва ҳимоя аз дискриминатсия, инчунин ба дастгирии ўҳдадориҳои миллӣ ва байналмилалии Тоҷикистон оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои башар.
[1] Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 4 январи соли 1999 Пакти Байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои маданӣ ва сиёсиро ратификатсия намуда, ўҳдадор гашт, ки ҳуқуқ ба озодии баёни андешаҳо ва ҳуқуқи шаҳрвандон барои ширкат дар идоракунии давлатро (моддаҳои 19 ва 25) эҳтиром менамояд;
«Моддаи 19
1. Ҳар як инсон ҳуқуқ дорад бемонеа андешаи худро дошта бошад.
2. Ҳар як инсон ҳуқуқи баёни озодонаи андешаи худро дорад: ҳуқуқи мазкур озодии ҷустан, дастрас намудан ва интишор додани ҳар навъ иттилоот ва идеяҳо, новобаста ба марзҳои давлатӣ, шифоҳӣ, хаттӣ ё ба воситаи матбуот ё шаклҳои бадеии ифода ё дигар роҳҳои дилхоҳро дар бар мегирад.
3. Истифодаи ҳуқуқҳои дар банди 2 ҳамин модда пешбинигашта ўҳдадорӣ ва масъулияти махсусро пеш мегузорад. Хуқуқи мазкур метавонад баъзе маҳдудиятҳоеро дар бар гирад, ки онҳоро бояд қонун муқаррар намояд ва зарур бошанд:
a) барои эҳтироми ҳуқуқ ва эътибори шахсони дигар;
b) барои ҳифзи амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатӣ ё маънавиёти аҳолӣ»
«Моддаи 25
Хар як шаҳрванд бидуни дискриминатсия, ки дар моддаи 2 нишон дода шудааст ва бидуни маҳдудиятҳои беасос бояд ҳуқуқ ва имконият дошта бошад:
a) дар пеш бурдани корҳои давлатӣ – ҳам бевосита, ҳам бо кўмаки намояндагони ба таври озодона интихобнамудааш ширкат намояд;
b) дар интихоботҳои даврӣ, ки дар асоси ҳуқуқи умумии баробари интихоботӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ гузаронда шуда, ифодаи иродаи интихобкунандагонро таъмин мегардонанд, раъй диҳад ва интихоб гардад;
c) дар мамлакати худаш дар асосҳои умумии баробарӣ ба хидмати давлатӣ роҳ дода шавад».
[1] Дар Ҳуҷҷати САҲА Машварати Конферентсияи Копенгаген оид ба ҳуқуқи инсон (29 июни соли 1990) давлатҳои ширкаткунанда дар бораи он изҳор намуданд, ки онҳо:
«…ҳуқуқҳои шаҳрвандонашонро барои бевосита ё ба воситаи намояндагони аз тарафи онҳо ба таври озод дар ҷараёни раванди интихоботи боадолатона интихобшуда, ширкат намудан дар идоракунии мамлакатро эҳтиром менамяонд (…)» ва розӣ шуданд, ки таъмин гардонанд:
«(…) то ин ки қонун ва сиёсати давлат гузарондани маъракаҳои сиёсиро дар муҳити озод ва боадолатонае имконият диҳанд, ки ҳангоми он ягон амали маъмурӣ, зўроварӣ ё тарсондан боиси аз андешаҳо ва баҳодиҳиҳои худ саркашӣ кардани ҳизбҳо ва номзадҳо гарданд, инчунин ба интихобкунандагон барои ошно шудан бо онҳо ва муҳокима намудани онҳо ё озодона раъйдиҳӣ халал нарасонанд, бидуни ҳарос аз ҷазобинӣ» ва:
«(…) то ин ки ягон монеаи ҳуқуқӣ ё маъмурӣ муқаррар нагардан барои дастрасии бемонеа ба воситаҳои ахбори омма, дар асоси ѓайридискриминатсионӣ барои ҳамаи гурўҳҳои сиёсӣ ва шахсони алоҳидае, ки хоҳиши дар раванди интихобот иштирок кардан доранд».