ДИДҲБ/САҲА миссияи нозиронро дар робита бо интихоботи парлумонии Тоҷикистон огоз менамояд

ДУШАНБЕ, 20-уми январи соли 2015 — Дафтари институтҳои демократи ва ҳукуки башари Созмони Амният ва Ҳамкори дар Аврупо (ДИДҲБ) ба таври расми Миссияи  Нозирони Интихобот (МНИ) – ро  барои интихоботи парлумони дар санаи  1-уми март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоршаванда боз намуд. Сафарбарсозии миссияи нозирон дар асоси даъват аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон суръат гирифтааст.

Роҳбарии миссияи нозиронро ҷаноби Миклош Ҳарасти ба уҳда дошта, он аз 14 нафар ҳайати асосии коршиносон дар шаҳри Душанбе иборат аст. Илова бар ин, шуруъ аз 24-уми январи соли 2015 дар  сароросари манотики кишвар 16 нафар нозирони дарозмуддат дар тимҳои дунафара сафарбар карда мешаванд. Иловатан, ДИДҲБ 150 нафар нозирони кутоҳмуддатро барои назорати ҷараёни интихобот дар рузи интихобот дархост хоҳад кард.

Миссия ҷараёни интихоботро мутобики уҳдадориҳои САҲА, дигар уҳдадориҳо ва стандартҳои байналмилали оид ба интихоботи демократи ва ҳамчунин мувофикати онро бо конунгузории милли назорат хоҳад кард. Назирон бакайдгирии номзадҳо ва овоздиҳандагонро, маъракаҳои ташвикоти, фаъолияти маъмурияти интихобот ва макомоти дахлдори давлатиро, конунгузори оиди интихобот ва амалигардонии онро, муҳити воситаҳои ахбори омма ва ҳаллу фасли баҳсҳои марбут ба интихоботро аз наздик назорат хоҳанд кард. Ҳамчун ҷузъи назорат, миссия инчунин пахши маъракаҳои интихоботиро тавассути расонаҳои хабари мониторинг мекунад.

Дар ҷараёни назорат, миссия бо намояндагони макомотҳои давлати, ҳизбҳои сиёси ва номзадҳо, намояндагони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрванди, ВАО ва ҷомеаи байналмилали мулокотҳо доир хоҳад кард.

Дар рузи интихобот, нозирон кушодашавии участкаҳои интихоботи, рафти овоздиҳи, ҳисобкунии бюллетенҳо ва ҷамъбасти натиҷаҳоро назорат менамоянд, Дар рузи интихобот, МНИ САҲА/ДИДҲБ фаьолияти худро бо ҳайати Ассамблеяи Парлумонии САҲА якҷоя ба роҳ хоҳад монд.

Изҳороти хулосаҳои пешаки фардои рузи интихобот ба табъ мерасад. Гузориши ниҳои оид ба назорати кулли ҷараёни интихобот тахминан ду моҳ пас аз анҷоми раванди интихобот нашр мешавад.

Миссияи Нозирони Интихоботии ДИДҲБ/САҲА ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон таҳти мандатҳои дахлдори худ ҷудогона фаъолият хоҳанд кард.

Барои дарёфти маълумоти бештар, лутфан ба сомонаи зерин ташриф оред: www.osce.org/odihr/electoins/tajikistan ё бо Клаудия Аранда, таҳлилгари ВАО-и миссияи нозирони инихобот бо сурогаи зайл тамос гиред: Телфони дасти +992 98 736 00 97 ё почтаи электрони  claudia.aranda@odihr.tj  

Хадамоти мониторинги АМВАОМТ

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *