Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Қурғонтеппа соли равон соҳиби маҷалаи илмӣ мешавад

Муҳаммади Шодиён, ректори донишгоҳи номбурда имрӯз — 20 январ дар нишасти матбуотиаш ба хабарнигорони расонаҳои вилоят ва ҷумҳуриявӣ гуфт, ки “Паём”, маҷалае хоҳад буд, ки дар он мақолаҳои илмии устодон, донишҷӯён ва олимони донишгоҳ интишор мешавад.

Муҳаммади Шодиён гуфт, ки онҳо ба Росия як сафари корӣ анҷом додаанд, ки аз он ҷо иҷозаи ба таъб расидани ин маҷаларо ба даст мегиранд.

Донишгоҳи шаҳри Қурғонтеппа ҳафтаномаи “Фурӯғ” дорад, ки дар он бештар мақолаю гузоришҳои интишор мешавад ва аксаран донишҷӯён он ҷо гузоришҳо нашр мекунад, аммо мақолаҳои илмӣ дар ин ҳафтанома нашр намешуд.

Хабарнигори шабакаи мониторинги АМВАОМТ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *