Миллати соҳибтамаддуну бофарҳанги тоҷик аз аҳди қадим то ба имрӯз озодихоҳ, сулҳпарвар, бунёдкор, инсондӯст буду ҳаст ва хоҳад монд. То он вақте одаму олам ҳаст, ду қувва — қувваҳои аҳриманӣ — ҳурмузӣ, некию бадӣ дар набарданд.
Шиори гузаштагони мо «Рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек» буд, ки имрӯз дар замони соҳибдавлатӣ, соҳибистиқлолӣ маънӣ ва моҳияти худро гум накардааст. Панди Қаҳрамони Тоҷикистон, зиндаёд Мирзо Турсунзода «Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт, Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт» моро ба дунёи андеша водор месозад. Рӯзи сахте, ки душманони инсоният 7-уми январи соли 2015-ум зимни ҳамлаи террористӣ ба идораи маҷаллаи «Шарли Эбдо»-и шаҳри Парижи давлати Фаронса оварданд, ҳеҷ як инсони соҳибдилро бетараф гузошта наметавонад. Ин ҳамлаи ғайриинсонии террористӣ ҷони 12 журналистро рабурд, 11 захминро бар ҷой гузошт, ҷомеаи ҷаҳониро ба шӯр овард. Ваҳшиёни мусаллаҳ шахсонеро мавриди ҳамла қарор доданд, ки ягона силоҳашон қалам буд. Аз қалам алам мегирифтанд, ба доғу дарди ҷомеа малҳам мешуданд. Масъулинро ба ҳал ва ислоҳи камбудиҳо — мушкилоти ҷойдошта водор менамуданд.
Мо журналистон — аъзои Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон дар
вилояти Хатлон, рафтори ваҳшиёна, ҳамлаи террористӣ, амали ғайриинсонии қотилони ифротгароро қатъиян маҳкум мекунем. Ягон фарди солимфикр ин кирдори хоинонаи ғуломони торикию ҷаҳолатро, ки ҳазорҳо одамони бегуноҳ, сокинони осоиштаи ҷаҳонро ба гирдоби хун мекашанд, ашки мардуми оламро мерезонанд, ба сари аҳли сайёра бадбахтӣ меоранд, намебахшад, тарафдорӣ намекунад. Оқибат хуни ноҳақ шуълаи домони қотил мешавад. «Бори каҷи ин ифротгароён, ки бо ном худро «Ҳомӣ ва пуштибони дини мубини ислом» эълон кардаанд, ба номи ислом танҳо доғ меораду халос.
Ҳамчунин, таъкид менамоем, ки ҳар як расона бояд арзишҳои миллию фарҳангии дигар халқияту миллатҳоро низ эҳтиром намояд. Маҷаллаи «Шарли Эбдо» дар саҳифаҳои худ нисбати муқаддасоти исломӣ, паёмбарони динҳо, шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ карикатураҳо нашр мекард. Дар мафкураи ғарбӣ ин ҷузъи озодии сухан ва фаъолияти маъмули матбуотӣ дониста мешавад. Аз ин нигоҳ, ба касе ҳуқуқ дода нашудааст, ки бо чунин баҳонаҳои ҷоҳилонаву бепоя одамони бегуноҳ, хоса, қаламкашону журналистонро аз ҳаёт маҳрум созад. Дар тамоми дунё инсон, ҳуқуқ ва 2 озодиҳои ӯ бояд арзишҳои олӣ дониста шаванд. Аммо ин бадгавҳарон, бехабар аз он, ки Худованди бузург ҳар неку бадро дар номаи аъмоли банда оварда, худ ҳукм мебарорад, ба одамкушию одамрабоӣ, ғорат ва харобӣ даст мезананд. Магар даҳшат нест, ки гурӯҳи ифротгарои Боко Ҳарам дар давлати Нигерия дар зарфи 10 рӯз 2 ҳазор одамони бегуноҳро ба қатл расонидаанд? Ин ба гуфтан осон аст. Ин фоҷиаи фалокатборро ҷомеаи ҷаҳонӣ сахт маҳкум мекунад. Охир, қатли сокинони осоишта, кӯдакону модарон, муйсафедону ҷавонон дилро ба дард меорад.
Симои манфури ҷангҷӯёнро пеши назар яроқҳои оташфишон дар даст, чашмҳои торси хун ҷилвагар месозад. Онҳо мардумро метарсонанд, ваҳшиёна ба қатл мерасонанд, аммо худ буздилу тарсуанд. Террорист зархарид асту барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопоки хоҷагони худ яроқ ба даст гирифта, инсонҳои бегуноҳ, сокинони осоиштаро қатл мекунад. Ин ваҳшиёни разил дар Сурияву Ироқ аллакай беш аз 50 ҳазор ҷавонмарди ҳамдини худро ба қатл расонида, 150 нафар духтару ҷавонзанро зери хок кардаанд, 142 хонандаро, ки аз сад гул ҳанӯз як гулашон нашукуфта буд, ба коми оташ кашиданд, дар рӯзи равшан ба қатл расониданд. Дар давлати исломии Афғонистон 35 сол ҳамдину ҳамдиёри худро бо мудҳиштарин усулҳо мекуштанд. Магар ҳамин аст мусулмонӣ? Бас аст зери ниқоби ислом амал кардану хуни мардуми бегуноҳро резонидан!
Қатлу куштор кам набуд, ки узви ҳаракати террористии «Давлати исломӣ», сокини ҷумҳурии мо Нусрат Назаров бо лақабҳои «Абдухолиди Кӯлобӣ» ва «Фурқони Фаластинӣ» таҳдид дорад, ки тамоми рӯзноманигорони тоҷикро мекушад, идораҳои онҳоро оташ мезанад. Дар ҳарду олам рӯи худро сиёҳ карданист.
Журналистони зиёд қурбони ноадолатию тири нохалафи сиёҳдилу зархариду ватанфурӯшон мегарданд. Журналистони касбии тоҷик Муродуллоҳи Шерализода, Отахон Латифӣ, Муҳиддин Олимпур, Хушбахт Ҳайдаршо, Шарифамоҳи Кишвардухт ва даҳҳо нафари дигарро маҳз ба хотири фаъолияти касбиашон ба шаҳодат расонидаанд. Ҳарчанд ба эҳсосоти эътиқодии касе нарасида буданд.
Рушанфикрону олимон, муаллимону шоиронро тоифаи бехирадону носипосон мулҳиду кофар мехонанд. Бонг мезананд, тухми низою нифоқ мекоранд, иғво меандозанд, ки дар Ватани мо ислом зери хатар аст. Худ гунаҳгоранду аз номи Худо ва Пайғамбари ислом сӯйистифода мекунанд.
Худ қазоват кунед. Дар Тоҷикистон мусулмонон озод тоату ибодат мекунанд, масҷид мераванд, Хонаи Худоро ҳар сол зиёрат менамоянд. Китоби муқаддаси «Қуръон» ва дигар китобҳои динӣ бо забони тоҷикӣ дастрасашон ҳаст. Теъдоди масҷидҳо ҳатто аз теъдоди мактабҳо 3 баробар бештар мебошад. Чаро мо аз ин шукргузор набошем?
Не, Шумо террористон, одамкушон, дину мазҳабу Ватанро кайҳо фурӯхтаед, ба хоҷагони босавлату пулдору моҷароҷӯи худ Шумо русиёҳу дилсиёҳу хоину ватанфурӯшед. Агар чунин набуда, пас чаро ҷомеаи ҷаҳонро ба шур овардаед? Чаро бегуноҳонро ба қатл мерасонед? Чаро таҷовузу куштору қатлу ғоратро раво дидаед? Боз садҳо чароҳои дигар, эй душманони аҳли башар!
Мо, журналистон нисбати тақдири ояндаи давлату миллати худ, фарзандону пайвандони худ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳаргиз бетараф буда наметавонем, зеро бетарафӣ натанҳо бешарафӣ, балки бетараф душмани аҳли башар аст. Мо алайҳи душманони башарият муборизаи беамон мебарем. Рафтори разилонаи онҳоро фош мекунем, то ки мардуми сайёра аз кирдорҳои ваҳшиёна, ҳадафҳои нопоки онҳо бештар огаҳ шаванду алайҳи ин тоифаи хуношом ба мубориза бархезанд.
Ҳар фарде, ки барояш Ватан, Давлат, Нангу номус, Миллат, фарзанд, оила муқаддасанд, бояд зидди гурӯҳҳои сиёҳкор имрӯз овоз рушан кунад. Бахусус, мо журналистону зиёиён, зеро фардо дер мешавад. Манзалати қаламу каломро баланд бардоштан рисолати мо, қарзи ватандорию шаҳрвандии мост. Ҳифзи арзишҳои умумибашарию инсонӣ ҳифзи манфиатҳои давлату миллати хешро аз ҳама боло гузорем. Бо суханони худ, бо рафтору амали ҷавонмардию ватандӯстона, зеро «Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст».
Мо ворисони аҳли суханем. Тоҷиконро дар ҷаҳон бо бузургони суханофараш мешиносанд. Алайҳи душманони ҷони инсон, алайҳи террористони бадкешу бадгуҳар, беватан дар муборизаи беамон хоҳем буд!
Мо танҳо нестем! Мо миллати тоҷдор будем, ҳастем ва хоҳем монд!
http://faraj.tj/news/7748-iz1203oroti-itti1203odiyai-zhurnalistoni-viloyati-hatlon.html